Раҳораҳ донишҷӯён аз муносибати самимиву дӯстонаи омӯзгоре суҳбат доштанд. Саъй кардем ному насаби он устодро фаҳмем. Шогирдон бо ҳисси ифтихор Фарзона Собирова номаш бурданд. –Эшон аз дигар омӯзгорон чӣ тафовут дорад? -мепурсам аз онон.
Муносибати устод бо кулли донишҷӯён як хел аст, касеро табақабандӣ намекунад. Бисёр самимӣ ҳарф мезанад, роҳнамоӣ, дар ҳолати дармондагӣ, машваратдиҳӣ ва дарки ҳолати равонии донишҷӯй ёрӣ расондан хислатҳои хоси ӯст.
Зодаи шаҳри Душанбе Фарзона Собирова соли 2002 мактаби миёнаро аъло хатм намуд ва ба факултаи филологияи руси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шомил шуд. Яке аз гирандагони идрорпулии аъло маҳсуб меёфт. Аз ин рӯ, пас аз соҳиби диплом гаштан, соли 2007 фаъолияташро ҳамчун ассистенти кафедраи забоншиносии умумӣ ва типологияи муқоисавӣ давом дода, ҳамзамон, ба шуъбаи аспирантураи Донишгоҳ дохил шуд. Дар мавзуи «Калимаҳои иқтибосӣ дар забони тоҷикӣ, пас аз пошхӯрии замони шуравӣ» ҳамроҳ бо устоди хеш профессор Меҳриннисо Нағзибекова кори илмиро оғоз бахшида, соли 2017 рисолаи номзадияшро дифоъ намуд. Даҳ сол роҳбарии занони факултетро ба зимма дошт. Ҳоло мудири кафедраи адабиёти ҷаҳони филологияи рус мебошад. Хурсандибахш аст, ки дар кафедраи мазкур бонувони зиёд даст ба коранд.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону духтарон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа бисёр тадбирҳои судмандро амалӣ намуд. Чи тавре Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш иброз намуданд: «Ҳоло аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро бонувону занон ташкил медиҳанд. Инчунин, бонувону занон дар соҳаи маориф 73 фоиз, тандурустӣ 71, фарҳанг 47, бонкдорӣ 39, алоқа 25, аз ҷумла дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ қариб 40 фоиз мебошанд».
Муҳаббати пеша
Фарзона Собирова муҳаббати пешаи омӯзгориро ҳанӯз аз замони донишҷӯӣ дарк намуда буд. Бори нахуст барои таҷрибаомӯзӣ ба мактаби миёнаи №15-и шаҳри Душанбе омаду ба чеҳраҳои самимонаи кӯдакон дил баст. Қарор дод, ки пас аз хатми Донишгоҳ ҳатман дар дабистон корро шуруъ мекунад. Пас аз 5 соли таҳсил, устодон намехостанд, ки шогирде чун Фарзона аз ин макони маърифат дур равад, зеро ӯ Донишгоҳро бо дипломи аъло тамом карда буд.
-Миёни донишҷӯён шахс ҳамеша худро ҷавон ҳис менамудааст, зеро ба дунёи онҳо бастагӣ дорӣ ва дар муваффақияту пешравияшон шарик ҳастӣ. Дар 16 соли корӣ муносибати ман ба шогирдон ҳамеша дӯстона сурат мегирад. Онҳоро мисли шахси наздикам қабул кардаам. Мекӯшам, то ки донишҷӯ бо завқ сӯи дарс биёяд ва он чиро, ки ба ӯ фаҳмонда будам, ҷавоб дода тавонад. Ҳама инсонҳо, чи хурд, чи бузург ба муҳаббату сухани хуб ниёз доранд. Инро дар таҷриба дидаам, - иброз медорад мавсуф.
Хурсандибахш аст, ки Фарзона Собирова бо усули хос шогирдонро ба китобхонӣ роҳнамоӣ месозад. Асареро барои шогирдон нақл мекунад, вале қисми ҷолиби онро намегӯяд ва тавсия медиҳад, ки дарси дигар давоми асарро шогирдон худ бихонанд ва омада нақл намоянд. Шогирдони муаллим дар озмунҳо, мизҳои мудаввар, хонишҳои беруназдонишгоҳӣ ва маҳфилҳои гуногуни Донишгоҳ ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намунавӣ гардидаанд. Шукрона Мирзоева, Марҳабо Ваҳобова, Марзия Нусратова, Сабрина Акбарзода, Дилноза Риоева ва дигарон аз зумраи шогирдони пешсафи устоди хешанд, ки бо ба забон овардани исми эшон ӯ ифтихор менамояд. Фарзонабону дар Донишгоҳ миёни ҳамкорону шогирдон соҳибэҳтиром аст. Ҳамин аст, ки ҳатто шогирдони солҳои пеш ба суроғаш меоянду ҳол мепурсанд.
Тавсия
Барои омӯзгори муваффақ шудан, чӣ коре бояд анҷом дод, - мепурсем аз муаллим.
-Дар баробари донишу малака, омӯзгор бояд сабри комил дошта бошад. Мо ба шогирдон тавсия медиҳем, дастгирӣ менамоем, ки дар касби худ фаъолият баранд, вале онҳо иқрор меоянд, ки наметавонанд сабур бошанд. Мехоҳанд ҳамачиро зуд ба даст оранд. Ёд дорам, ки дар дарси аввалинам аз ҳад ба ҳаяҷон омадам. Зеро ба аудиторияи гурӯҳи ғоибона ворид гаштам, ки аксар ба синну сол аз ман калон буданд. Изҳори норизоӣ карданд, ки наход ба мо муаллиме, ки худ ҳанӯз шогирд аст, дарс гӯяд. Декан гуфт, ки дар як дарси муаллим шинед, агар писанд науфтод, ӯро иваз мекунем. Аммо пас аз дарси якум, онҳо аз раъяшон гаштанд,- ёд овард ӯ.
Аз нақшаҳои минбаъдааш огоҳ шудем, ки хоҳони идомаи рисолаи илмӣ-кори докторӣ аст.
Фарзонаи ШАЪБОН