Вақте дар бахши муаррифии озмун намояндагони кишварҳои ҷаҳон аз боби зебоиҳои ватанашон суҳбат менамуданд, эҳсоси ҷасорат дар вуҷудам пайдо гашт. Агарчи ваҳм ва тарс қалби маро такон медод, пеши назар овардани ҳар пораи зебою ҷаззоби Ватан дар ҷисму ҷонам неру афзуд. Чун навбатам расид, бо забонҳои арабӣ, англисӣ, олмонӣ ва фаронсавӣ маконҳои таърихии сарзамини аҷдодии тоҷиконро муаррифӣ намудам. Чашмони пурҳаяҷони иштирокчиён ва ҳакамони озмун аз шунидани васфи мавзеъҳои хушбоду ҳаво ва сайёҳии Тоҷикистон боз шуданд. Пас аз фарҷоми озмун, чанде аз онҳо бо ман ҳамсуҳбат гардида, ваъда доданд, ки ҳатман аз табиати дилфиреби Тоҷикистон дидан менамоянд…
Аслигул Тиллозода ин лаҳзаҳои хотирмонро дар оғози суҳбат қисса намуд. Ӯ аз сафари Вашингтони давлати Амрико бо худ таассуроти зиёде бардошта буд.
- Бахусус, суҳбати ду марди амрикоие, ки соле пештар дар Тоҷикистон меҳмон буданд, мароқовар гардид. Онҳо тавсиф аз мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон намуда, расмҳое, ки дар назди Қалъаи Ҳулбук, Мамнуъгоҳи Ҳисор, кӯҳҳои Помиру Чилдухтарон ва ёдгориҳои шаҳри Хуҷанд гирифта буданд, ба ман нишон доданд. Баъди ошноӣ аз Тоҷикистон тасмим доранд, ки забони тоҷикиро омӯзанд. Аллакай бо ҷумлабандиҳои сода онҳо бо забони тоҷикӣ бо ҳам гуфтугӯ мекарданд. Муоширати мо низ, бо тоҷикӣ буд, - мегӯяд ҳамсуҳбатам.
Меҳр ва шавқу рағбат ба забономӯзӣ аз хурдӣ дар қалби кӯчаки Аслигул маскан гирифта буд. Ҳангоми тамошои филмҳо кабӯтари хаёли ӯ ба дуриҳои дур парвоз мекард. Сайри кишварҳои хориҷ ва хаёлан муошират бо мардуме, ки забонашон барои ин духтараки кӯҳистонӣ ноошно буд, дари дунёи наву рангинеро пешорӯяш мекушод. Ба дил қавл дод, то забон омӯзад, вагарна дидани ин кишварҳои афсонавӣ барояш муяссар нахоҳад гардид.
Замоне қадам ба даргоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 37-и деҳаи Вранги ноҳияи Ишкошим ниҳод, азми хешро барои ба ҳадаф расидан нашикаст. Шуълаи умеди ӯро муаллими фанни забони англисӣ Танӯрӣ Намозхонова рӯшантар намуд. Бо вориди устод ба синфхона Аслигул дарк намуд, ки дар пайроҳаи интихобнамудааш муаллим метавонад ягона раҳнамо бошад. Аксари хонандагон майли омӯзиши забони англисиро доштанд, вале Танӯрӣ Намозхонова низ, шавқу завқи баланди Аслигулро дар мавриди забономӯзӣ дар рӯзҳои нахустини фаъолияти омӯзгориаш бармало эҳсос намуд. Ҳадафи устоду шогирд бо ҳам мувофиқ уфтод.
- Бо дастгириҳои муаллим, ки ҳамеша роҳҳои осони аз бар намудани забонро бароямон меомӯхт, завқи забономӯзӣ рӯз аз рӯз дар дилам зиёд мешуд. Акнун на танҳо забони англисӣ, балки шавқи омӯзиши дигар забонҳо маро водор менамуд, то ҳар чи бештар дониши худро дар ин самт сайқал диҳам.
Пас аз хатми мактаби миёна тариқи Маркази миллии тестӣ шомили факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шудам. Дар давоми таҳсил ба омӯзиши забонҳои арабӣ ва фаронсавӣ пардохтам. Аксаран ҷавонон ба дарсҳое, ки дар Донишгоҳ омӯзонда мешавад, ба он иктифоъ менамоянд. Ин андеша саҳеҳ нест, зеро фурсати муносиб барои омӯзиш танҳо замони донишҷӯӣ аст, пас аз он талошҳои зиндагӣ барои анҷоми бархе аз корҳои муфид гоҳе монеъ хоҳанд шуд. Сипас, на ҳар вақт шахс ба омӯзиш, бахусус забономӯзӣ даст меёбад, - иброз медорад Аслигул Тиллохонова.
Аслигул соли 2019 ба факултаи забони англисии Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав ҳуҷҷат супурд. Таҳсил бо ихтисоси тарҷумони забони англисӣ роҳи ӯро барои омӯзиш боз ҳам фарохтар намуд. Дар баробари таҳсил бо дастгирии устод Неъмат Раҷабов ба омӯзиши забони олмонӣ пардохт.
- Дӯстони зиёде, ки хориҷ аз кишвар кору зиндагӣ доранд, маро барои кор дар ширкатҳо хонданд. Аз маоши хубу зиндагии шоистаи мардуми кишварҳои Канада ва Германия тавсиф мекунанд, вале он донишу маҳорати дош¬таамро барои ободии Ватан ва таълиму тадриси ҳаммиллатон истифода хоҳам бурд. Омӯзгороне, ки то ба ин сатҳ расиданам дастгирӣ намуданд, ман низ, тавонам ба онҳое завқи баланди забономӯзӣ доранд, то ҷое ёрӣ расонам.
Аз ин хотир, пас аз хатми Донишгоҳ даъвати дӯстонро напазируфтам ва фаъолиятро дар Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Бохтар оғоз намудам, - изҳор медорад бонуи забондон.
Аслигул Тиллохонова соли 2017 тариқи барномаи «Flex» дар Конфронси забондонони дунё, ки дар шаҳри Вашингтони ИМА доир шуд, иштирок намуд ва миёни иштирокчиёни 35 давлати дунё сазовори ҷойи сеюм гардид.
Ширкат дар Озмуни байналмилалӣ (Вашингтон) тарсро аз чашми Аслигул паронд. Охири соли 2022 тариқи онлайн дар Озмуни байналмилалии «Беҳтарин донандагони забони арабӣ – англисӣ», ки аз ҷониби Донишгоҳи Ал - Аҳзари шаҳри Қоҳираи Миср баргузор гардид, ширкат намуд. Қобилияти забондонии ин бонуи пурталошро аъзои ҳакамон писандиданд ва барои иштирок дар озмуни мазкур ба шаҳри Қоҳираи кишвари Миср даъват карданд. Дар озмуни мазкур аз 43 давлати ҷаҳон довталабон ширкат доштанд.
- Забономӯзӣ такмилро мехоҳад. Бо дастовард ва сазовор гардидан ба диплому ҷоиза набояд забономӯзиро қатъ намуд. Забономӯзӣ ин оғози роҳ ба сӯи муваффақият мебошад. Имрӯз, ки ҷиҳати пешрафти тамоми соҳот, бахусус, самти иқтисод ҳарф мезанем, донистани забон нақши созанда дорад. Зеро тамоми сармоягузорон ва истеҳсолгарон шартномаҳо ва брендҳои худро бо забонҳои гуногун ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд, - мефизояд Аслигул.
Аз ин рӯ, ҷавононе, ки имрӯз ба риштаи забономӯзӣ пайвастаанд, бояд ҳамарӯза чанд луғате аз бар намоянд. Ё байни худ муколама кунанд ва мутолиаи китобҳои бадеӣ низ, барои тезтар аз бар намудани забон аз манфиат холӣ нахоҳад буд. Тамошои филмҳо бо забони англисӣ дар ин ҷода низ, боровар мебошад.
Қутбия НЕЪМАТУЛЛО