Овони кӯдакӣ ва наврасии Маҳиноз дар шаҳри Душанбе, канори хонаводаи хушбахт ва муҳити орому осуда сипарӣ гардидааст. Дар зиндагӣ аз чизе танқисӣ надошт. Чун падар, соҳибкор буд, барои фарзандон тамоми нозу неъматҳои дунёро фароҳам меовард. Шароит муҳайё месохт, то ҷигаргӯшаҳояш илм омӯзанду дар зиндагӣ шахси муваффақе гарданд. Миёни фарзандон Маҳиноз Акобирова бештар вақти хешро бо китобхонӣ мегузаронд, забон меомӯхту бо варзиш шуғл меварзид.
Донандаи хуби забони русӣ, ки буд, дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ғолиб баромад ва ройгон шомили Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гардид ва онро бо ихтисоси тарҷумон – лингвистик ба итмом расонд.
Ҳанӯз аз овони донишҷӯӣ ӯро ҳамчун ровии радиои «Ориёно» пазируфтанд. Тули се сол барномаи субҳгоҳии «Бодрое утро» – ро пеш бурд.
Пас аз хатми Донишгоҳ як муддат худро ҳамчун таблиғгар дар маҷаллаи «Мир рекламы Таджикистана» санҷид. Бо сипарӣ намудани зиёда аз як соли корӣ дар маҷаллаи мазкур, ӯро ҳамчун роҳбари аввалин Агентии рекламавии «Total Advertising Group» («Тотал Эдвертайзинг Груп») таъин намуданд. Баъди соле тасмим гирифт, то худаш мустақилона фаъолият пеш барад.
MIA Tj
Коргоҳеро бо номи «MIA Tj»
созмон дод. Бо маблағи ҷамъовар¬дааш мошинаи дарздӯзиеро харид намуду ба дӯхти либосҳои хонагӣ (пижама) пардохт. Аввалин коргоҳ дар Тоҷикистон маҳсуб меёфт, ки либосҳоро бо бренди мазкур ва дар худи Тоҷикистон истеҳсол менамуд. Фурӯши онҳоро тариқи онлайн ба роҳ монда, дар як муддати кӯтоҳ харидорони зиёде пайдо намуд.
Азбаски замони таъсиси коргоҳ ҷаҳонро пандемияи ҳамагири COVID – 19 фаро гирифта буд, фурӯши маҳсулоташро тариқи онлайн ба роҳ монд. Аз фоидаи бадастоварда миқдори мошинаҳои дарздӯзӣ ва кормандонро зиёд намуд. Дар зарфи шаш моҳ 4 коллексияи либосро бо дизайни наву замонавӣ омода кард. Ҳар як коллексия дар худ 150 номгӯй либосҳои хонагии мардонаву занонаро фаро мегирифт, ки ҳар кадомаш бо 18 – 20 намуди дизайн оро дода мешуд. Дизайни либосҳоро худаш мувофиқ ба диду назари харидорон омода месохт. Баъди аз байн рафтани пандемия, соли 2021 аз пайи таъсис додани корхонаи дигаре бо номи «Замона» гардид, то тавониста бошад, бо ин роҳ чорабиниҳои азими тиҷоратиро роҳандозӣ намояд.
Zebo event
Бо рӯйи кор омадани коргоҳи мазкур, аввалин шуда чорабиниеро бо номи «Zebo event» (Зебо ивент)-ро гузаронд. Дар он 350 нафар бону ҷамъ омад, ҳар кадоме вобаста ба вазъи саломатиаш мехост аз мутахассисони соҳа посух ёбад.
-Мақсади аслии доир намудани чунин вохӯрӣ ёрӣ ба бонувони ниёзманд маҳсуб меёфт. Дар он ҷо мутахассисони соҳаи тиб, косметологу стилист, гинекологу мамолог аз хориҷи кишвар ҳузур доштанд, аз Украина духтурон даъват шуданд. Дар рафти чорабинӣ бонувон мушкили саломатии хешро мегуфтанд ва вобаста ба он мутахассиси соҳа ройгон тавсия медод. Дар охири чорабинӣ баҳри болидаруҳии ҷамъомадагон барномаи фарҳангӣ низ, барпо шуд, - меафзояд ҳамсуҳбатам.
Пас аз баргузории чорабинии мазкур, Маҳиноз тасмим гирифт, ки чорабинии фарҳангӣ – фароғатиеро на дар марказ, балки берун аз шаҳр, дар табиат роҳандозӣ намояд.
Bbq – Fest
Тирамоҳи соли 2022, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар майдони фароғатии «Green Wood House» (Грин Вуд Хаус) фестивали варзишӣ – фароғатӣ бо номи «Bbq – Fest» - ро гузаронд. Дар он беш аз 100 нафар ҷамъ омада буд. Ҷашнвора бо озмунҳои ҷолиб баргузор шуд, ба ҳар як ширкаткунанда туҳфаҳо низ, тақдим гардиданд.
- Онҳое, ки хоҳиши ширкат доштанд, чипта хариданд, ки ба арзиши он равуо тариқи нақлиёт, инчунин обҳои нӯшокӣ ворид мешуданд. Барномаи фарҳангӣ ройгон буд, - мегӯяд бону Маҳиноз.
Дар ҷашнвора минтақаи озоди хӯрокворӣ фаъол буд ва ҳар касе мехост, хӯроки дилхоҳашро фармоиш медод. Ҳамчунин, сарояндаҳои номвари тоҷик суруд хонданду барои ҷамъомадагон кинотеатр дар майдони кушод низ, муҳайё гардондем.
Форуми рестораторҳо
Давоми 30 соли истиқлолият нахустин ҳамоиши рестораторҳо дар Тоҷикистон доир шуд, ки барпокунандаи он Маҳиноз Акобирова дар якҷоягӣ бо Вазорати саноати кишвар маҳсуб меёбанд. Ҳамоиши мазкур ошпазҳо ва кормандону роҳбарони тарабхонаҳоро аз кишварҳои гуногун ҷамъ оварда буд. Онҳо аз сирри муваффақияти худ дар ин соҳа ҳарф заданд. Камбудиҳои хизматрасонӣ дар тарабхонаҳоро низ, мавриди баррасӣ қарор дода, баҳри рафъи онҳо маслиҳату машварат намуданд.
Ҳадаф аз баргузории форуми рестораторҳо фароҳам овардани имконият барои ҳалли муштараки баъзе масъалаҳои вобаста ба баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ дар сегменти тарабхонаҳо маҳсуб меёфт. Дар ин форум беш аз 1400 тоҷиру соҳибони тарабхонаҳо ҷамъ омаданд.
-Ин яке аз аввалин форумҳои сатҳи байналмилалӣ дар миқёси кишвар маҳсуб меёфт. Дар кори он тоҷирону намояндаҳои тарабхонаҳо аз кишварҳои Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Италия ташриф оварда буданд. Инчунин, барои ҷавонони донишҷӯ даромад ройгон буд, зеро дар бештаре аз тарабхонаҳо донишҷӯён кор мекунанд. Имконияти хубе барои онҳо буд, ки бо ин роҳ барояшон сатҳи хизматрасонӣ дар тарабхонаҳо ройгон омӯзонда шавад, - мегӯяд ҳамсуҳбатам.
Маҳиноз тасмим дорад, ки соли равон дувумин форуми рестораторҳоро доир намояд. Ин навбат дар якҷоягӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон чорабиниро ба роҳ монда, дар кори он намояндаҳо аз кишварҳои Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Қазоқистон ва Туркия ширкат хоҳанд кард.
Бо ин тарз, ба фаъолияти тарабхонаҳо беҳбуд бахшида, мехоҳад дар соҳаи сайёҳӣ саҳми назаррас гузорад. Зеро, ба қавли ӯ, ҳар сайёҳи хориҷие, ки вориди кишвар мегардад, қабл аз ҳама, ба тамъу сифати хӯрок ва тарабхонаҳо аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Аз ин рӯ, мебояд, дар мадди аввал ба сифати хизматрасонӣ ва муносибати пешхизматҳо беҳбудӣ бахшид. Чун пешхизмат чеҳраи тарабхона аст ва муносибати ӯ баҳри ҷалби меҳмон нақши аввалиндараҷа мебозад.
Дар доир намудани чорабиниҳои хайриявӣ низ, бону Маҳиноз нақши шоён мегузорад. Масалан, пас аз заминларзаи харобиовар дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълони ҷамъоварии маблағ барои зарардидагонро ба роҳ монд. Баъд ба ин ноҳияи кӯҳистон сафар намуд ва ба ҳар оилаи ниёзманд маблағи ҷамъшударо, ки як ҳиссааш аз ҳисоби худаш буд, тақсим кард.
Ӯ ин амалро, қабл аз ҳама, ба хотири шод намудани арвоҳи падараш роҳандозӣ намуд. Зеро, падараш чорабиниҳои хайриявиро дӯст медошту ҳамеша ба ниёзмандон дасти мадад дароз менамуд, аммо қабл аз рух додани ин ҳодисаи ногаҳонии табиӣ, хеле ҷавон тарки дунё кард. Маҳиноз нахустфарзанди хонадон аст, худро чун ноновари хона медонаду мекӯшад, бо пайраҳаи падар бираваду корҳои хайру эҳсонро пиёда созад.
Бунафша РАҲМОНОВА