Ӯро дар сафи чанд ҷавоне метавон шумурд, ки дилаш барои Ватан метапад. Дар тамоми чорабиниву ҷамъомадҳо ӯ дар тараддуд аст. Вақте дар бораи ватандӯстӣ мегуфт, аз гуфтораш ҳисси ифтихор ва умедбахшӣ эҳсос мегардид. Мавзуна Раҳматуллозода духтараки чобуку дидадароест, ки бо кордониву рафтори намунааш миёни ҳамкорон эҳтироми хоссаеро соҳиб шудааст.
Мавзуна соли 1989 дар оилаи хизматчии давлатӣ ба дунё омада, хатмкардаи МТМУ № 38-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аст. Хонандаи фаъол буду дастовардҳояш рафҳои хонаро зеб мебахшиданд. Вай ба фанни ҳуқуқ майли бештар дошту дар олимпиадаҳо сабқат мекард. Дар аввал волидон мехостанд, ки ҷигарбандашон табиб шавад, вале майлу рағбати духтарро дида, падар пешниҳоди дигар намуд. Соли 2007 Мавзуна ба факултети муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳуҷҷат супурд ва сазовори номи донишҷӯӣ гардид. Донишҷӯи фаъол буд. Аз нозукиҳои пешаи дипломатия бархурдор гардид, ки дар фаъолияти минбаъдааш кор дод.
Пас аз хатми Донишгоҳ корро соли 2014 ҳамчун мутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демок¬ратии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе оғоз бахшида, баъдан мутахассиси шуъбаи занон ва ҷавонон шуд. Дарки баланди масъулияту кордонияш боис гашту соли 2016 мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумита таъин гардид. Аз моҳи майи соли 2019 мутахассиси пешбари бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ, баътар сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия буд. Соли 2022 ба вазифаи мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ таъин гардид.
-Дар Кумита зиёда аз 16775 нафар аъзо фаъолият доранд, ки аз ин шумора 9786 нафарро бонувон ташкил медиҳанд. 11 нафар вакилзанон дорем. 30 нафар бону ҳамчун роҳбарони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ифои вазифа доранд.
Масъалаи занон дар меҳвари барномаҳои ташкилот қарор дошта, Раиси муаззами ҳизб дар ҳама маърузаву суханрониҳояшон дар анҷуманҳо, маҷлисҳои раёсат ва Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб пайваста ба баланд бардоштани нуфузи занон таъкид намуда, ташкилотҳои ҳизбиро вазифадор менамоянд, ки ба фаро гирифтани занон бо корҳои ҳизбӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд.
-Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» садоқати худро ба арзишҳои умумимиллии соҳибихтиёрӣ, демократия, баробарҳуқуқӣ ва ошкорбаёнӣ изҳор карда, барои пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ месозад. ҲХДТ барои таъмини рушди устувор ва бомароми мамлакат, ки бо мақсади муҳайё кардани сатҳу сифати арзандаи зиндагии аҳолӣ, фароҳам овардани имкониятҳои баробар ҷиҳати татбиқи неруи инсонӣ дар асоси баробарӣ, адолат ва эҳтиром гузоштан ба шаъну шарафи инсон равона шудааст, пайваста саъю кӯшиш менамояд. Рисолат ва мазмуну моҳияти барномаи ҲХДТ рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ободу шукуфон ва аз лиҳози иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ босубот мебошад, - ироа намуд ҳамсуҳбатам.
Мавзуна ба китоб дилбастии бештаре дораду фориғ аз кор ба хондан рӯ меорад. Ҳоло ӯ китоби нависандаи умедбахш Сироҷиддин Икромӣ, ки «Муҳоҷир» унвон дорад, мехонад.
Аз ӯ мепурсам, ки чаро аз рӯи пеша чун дип¬ломат фаъолият намебарад? – Корро аз самти идеологӣ шуруъ намудам ва ин самтест, ки инсонро суфта месозад, чун доим миёни мардум ҳастиву аз ҳолу рӯзгорашон бохабар. Ва дар ин кор моро устодон роҳнамоӣ мекунанд. Бароям писанд аст ва мехоҳам, ки бо ин роҳ фаъо¬лиятамро идома бахшам. Кор бе мушкилӣ намешавад, буданд ҳолатҳое, ки барои анҷом додани дастуре маро душворӣ пеш меомад, гиря мекардам, вале роҳи ҳалро доим дар мутолиа пайдо менамудам. Дар ҳама кор инсон бояд босабр бошад. Аксари ҷавонони мо корро дар самте шуруъ намуда, бо андак вазнинӣ онро тарк мекунанд. Инсон, пеш аз ҳама, бояд таҳаммулпазир бошад. Пастиву баландиҳоро бо сарбаландӣ бояд убур кард. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доим такя ба ҷавонон мекунанд ва моро ин боварӣ неру мебахшад.
Мавзуна сарфароз аст, ки аз як деҳи дурдаст пайи пайдои илм ба марказ омад.
-Пас аз хатми мактаб як сухани падар маро таҳрик дод, ки мегуфт: «Духтарам, ман ба ту бовар дорам». Барои ба ин боварӣ сазовор будан ман ҷадал намудам. Боварӣ доштан ба инсон руҳ мебахшад…
Мавзуна Раҳматуллозода ифтихорманд аз он аст, ки чун як ҷавон дар сохтори ин ташкилоти маъруфу таъсиррасон фаъолият дораду баҳри беҳбудии мардуми кишвар саҳмгузор аст.
Ф. ШАЪБОН