Муҳовара бо раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода
Аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ масъалаи ташаккули ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дошт. Мегуфтед, ки сиёсати давлатии ҷавонон дар ин марҳила чӣ гуна рушд кард ва имрӯзи он чӣ гуна аст?
Фазои ободу осудаи Ватани азиз ҷойгоҳи сиёсати давлатии ҷавононро ҳамчун кишвари ҷавонон дар меҳвари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор додааст. Мувофиқи маълумоти оморӣ, аз шумораи умумии аҳолӣ 32,9 дарсади онро ҷавонони синни 14 – 30-сола ташкил медиҳанд ва синну соли миёнаи аҳолӣ дар ҷумҳурӣ 25 солро фаро мегирад. Дар 17 соли охир шумораи ҷавонон 33 дарсад афзуда, ба ҳисоби миёна ҳамасола 1,9 фоиз зиёд мешавад.
Шароити созгори мамлакат баҳри рушду инкишофи имкониятҳои зеҳнӣ, бо донишҳои замонавӣ мусаллаҳ гардондани насли наврасу ҷавон шароити мусоид фароҳам оварда, дар замири онҳо қобилияти нави инсониро кашф ва боварию эътимодашонро ҷиҳати анҷоми корҳои созандагӣ ба маротиб боло бурд.
Алъон бо такя ба неруи ҷавонон ҳадафҳои бунёдкоронаи имрӯзаю ояндаи худро баҳри татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон ба нақша мегирем ва ҷиҳати ноил гардидан ба он тамоми тавоноии худро сафарбар менамоем.
Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманду соҳибмаърифат ва хештаншинос дар даврони соҳибистиқлолӣ аз тамоми имкониятҳо истифода мебарад. Аз ҷумла, соли 1998 таъсис ёфтани мақомоти ваколатдор дар соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш, маблағгузории фаъолияти соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон тавассути барномаҳои соҳавӣ, дар тақвими санаҳои таърихӣ ворид сохтани рӯзи 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, таъсис ёфтани Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илму техника, таъсис ёфтани стипендияҳои президентӣ барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва тадриҷан зиёд намудани маблағи стипендия ва шумораи онҳо, таъсис ёфтани стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон» барои донишҷӯёни тоҷике, ки дар хориҷи кишвар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, таъсиси квотаҳои президентӣ, ҷудо намудани грантҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ барои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи тарбияи ватанпарастии ҷавонон, бунёди майдончаҳои варзишии муҷаҳҳаз бо талаботи замони муосир ва эълон гардидани соли 2017 - Соли ҷавонон аз тадбирҳои муҳим ва дастовардҳои назаррас дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон маҳсуб меёбанд.
Барои дастгирии ҷавонон дар минтақаҳо чӣ гуна барномаҳо роҳандозӣ мешаванд?
Барои дастгирии иҷтимоии ҷавонон ва боло бурдани ҳисси ватандӯстии онҳо пайваста стратегияҳо ва барномаҳои соҳавӣ қабул ва амалӣ мегарданд. Ҳамзамон, бо мақсади фарогирии ҷавонони минтақаҳо дар чорабиниҳо ва боло бурдани ҳисси ватандӯстии онҳо солҳои охир механизмҳои гуногуни корбарӣ, аз ҷумла баргузории хонишҳои сиёсӣ бо ҷавонони 14 – 16-сола ва аз 17-сола боло бо волидони онҳо тибқи ҷадвалҳои алоҳида дар як сол 2 марҳила, дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ, аз рӯи усули «деҳа ба деҳа» ва «маҳалла ба маҳалла» ва ғайра роҳандозӣ шудаанд.
Дар доираи ин чорабиниҳо баргузории фес¬тивалу семинарҳо, тамошои ҷойҳои таърихӣ, барномаҳои консертӣ таҳти унвони «Шоми ҷавонӣ», бозиҳои варзишӣ ва ғайра доир гардида, муҳим аз ҳама ҷойгир кардани ҷавонон барои шабгузаронӣ дар хонаҳои истиқоматии фаъолҷавонони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сурат гирифт. Ин усул имкон дод, ки ҷавонон аз манотиқи гуногун дар муҳити хонаводагии ҷавонони дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо ҳамдигар ошно гарданд.
Дар баробари ин, дар доираи барномаҳои меҳмонии ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳо конфронсҳои сатҳи баланд, ҳамоишҳо, боздид аз ҷойҳои таърихию сайёҳӣ ва шомҳои ҷавонӣ доир шуда, дар баробари иштирокчиён ҷавонони маҳал низ, ба чорабиниҳо ҷалб мегарданд. Ин иқдом дар соли 2023 ҳам роҳандозӣ гардида, 8 меҳмонии ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои манотиқи кишвар ба нақша гирифта шудааст.
Масъалаи аз ҳисоби ҷавонон, бахусус духтарон омода намудани захираҳои кадрии мамлакат Кумита чӣ иқдомот дорад?
Кумита дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор бо мақсади баланд бардоштани малакаи кад-рии ҷавонон тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ менамояд. Бо мақсади омодасозии кадрҳои ҷавон ҳамасола маҳфили омӯзишии «Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат» бо иштироки лекторон аз ҳисоби роҳбарони вазорату идораҳо ташкил шуда, дар курси омӯзишии мазкур аз 50 то 60 нафар ҷавон ҷалб ва давоми се моҳ маҳфили омӯзишии мазкур идома меёбад. Ҳамасола дар арафаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ба хатмкунандагони курс шаҳодатнома супурда шуда, ҷавонон ба маҳфилҳои доимоамалкунандаи назди Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» ҳамчун волонтёр ҷалб мегарданд. Баъд аз хатми донишгоҳ ба вазорату идораҳо барои кор тавсия карда мешаванд.
Инчунин, бо мақсади зина ба зина тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳ-барикунанда аз ҳисоби шахсони лаёқатманду бомаърифат, аз ҷумла занону духтарон аз 23 то 27 майи соли 2022 «Аввалин мактаби сайёри ҷавондухтари роҳбар» аз ҳисоби роҳбарони аввали вазорату идораҳои дахлдор бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таъсис ёфта, дар дарсҳои омӯзишии мазкур 40 нафар зану духтарон аз ҳисоби вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ҷалб гардиданд. Ин иқдом дар соли равон низ, роҳандозӣ шуда, ҷавондухтарон аз маҳал ҷалб мегарданд.
Дар пешбурди соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст. Мегуфтед, ки ҷойгоҳи ҷавонон дар рушди иқтисоди мамлакат чӣ гуна сурат мегирад?
Дар Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар кишвар то соли 2030 ҷавонони мамлакат ҳамчун асоси манфиатҳои миллию давлатӣ, яке аз омилҳои таъмини рушди давлат ва ҷомеа, захираи асосии меҳнатии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд. Сиёсати давлатии ҷавонон дорои хусусияти фаъоли инноватсионӣ ва истеҳсолӣ, инъикоскунандаи неруи меҳнатӣ ва эҷодии ҷавонон арзёбӣ гардида, ҷиҳати татбиқи он амалӣ намудани чорабиниҳои дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ташаббуси ҷавонон, ҷалби ҷавонон ба равандҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва маърифатии байналмилалӣ, инкишоф ва навоварӣ (рушд ва инноватсия) аз ҷумлаи афзалиятҳо дар самти мазкур муайян гардидаанд.
Қобили зикр аст, ки соҳибкорони ҷавон дар ҷодаи ташаккулу таҳкими фаъолияти худ ба масъалаи соҳибкорӣ, рушди тиҷорат, технологияи инноватсионӣ, рушди шаклҳои муосири муносибатҳои иқтисодӣ тамоюл ва неруи созанда дошта, нақши онҳо дар беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ тавассути гузарондани таҳлилҳо, таҳия ва пешниҳоди таклифу хулосаҳо оид ба беҳтар гардондани фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ назаррас мебошад.
Тавассути дастгириҳои Ҳукумати кишвар мунтазам шумора ва саҳми соҳибкорони ҷавон дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ ҳамаҷониба афзуда, бо истифода аз шароити фароҳамовардашуда, дар бунёди иншооти гуногун, аз ҷумла корхонаю коргоҳҳои хурду миёна, муассисаҳои варзишиву фароғатӣ, марказҳои ҷавонон ва соҳибкорӣ, марказҳои омӯзишӣ ва паркҳои технологӣ саҳми назаррас гузошта истодаанд.
Солҳои охир дастгирии давлатии ҷавонони соҳибкор тадриҷан афзуда, бо ин мақсад танҳо дар панҷ соли охир аз ҷониби ташкилотҳои қарздиҳии мамлакат ба соҳибкорони ҷавон беш аз 2 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст.
Машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ осон набуда, талошу заҳматро тақозо мекунад. Ҳар нафаре, ки майли соҳибкор шудан дорад, бояд, қабл аз ҳама, нақшаи фаъолияти худро тарҳрезӣ намояду донишу малакаи хуб гирад…
Таваҷҷуҳи Кумита ба масъалаи рушди варзиш миёни ҷавондухтарон чӣ гуна аст?
Ба ҳолати 1 январи соли 2023 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 10768 иншооти варзишӣ, новобаста аз шакли моликияташон ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 126 варзишгоҳ, 7479 майдончаи варзиш, 2214 толори варзишӣ, 94 ҳавзи шиноварӣ, 84 маҷмааю марказҳои солимгардонӣ ва 771 иншооти махсуси варзишӣ, аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ фаъолияти пурсамар доранд.
Дар давоми семоҳаи якуми соли равон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 28 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 21 майдончаи варзиш, 6 толори варзиш ва 1 маҷмааи варзишӣ ва солимгардонӣ бо харҷи 7 миллиону 270 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки аз ин 2 миллиону 150 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва 5 миллиону 120 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорону сарпарастон мебошад.
Ҷиҳати рушд додани варзиш байни занону духтарон дар доираи Нақшаи ягонаи тақвими чорабиниҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар кишвар барои соли 2023 аз ҷониби Кумита 128 чемпионат ва мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ оид ба намудҳои гуногуни варзиш ба нақша гирифта шудааст, ки то ин муддат 41 мусобиқа байни наврасону ҷавонон аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш гузаронда шуд, ки дар онҳо занону духтарон зиёд буданд.
Бо мақсади ҷалб намудани наврасону ҷавонон ба варзиш ва омода намудани варзишгарони касбӣ ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 128 мактаби маҳорати олии варзишӣ фаъолият менамояд, ки дар он наврасону ҷавонон аз рӯи 45 намуди варзиш дар 4215 гурӯҳ ба машқу тамринҳои доимӣ фаро гирифта шудаанд, ки аз ин дар 438 гурӯҳ 7711 духтарону бонувон ба машқу тамринҳои доимӣ ҷалб гардидаанд. Ҳамзамон, дар муассисаҳои тайёрии варзишӣ 133 нафар бону ҳамчун мураббӣ фаъолият дорад.
Дар доираи нақшаҳои кории Кумита барои нимсолаи якум ва дуюми соли 2023 мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намуди волейбол, тенниси рӯи миз ва шоҳмоту шашка байни занону духтарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ба нақша гирифта шуда, ҳамасола дар сатҳи баланди ташкилӣ роҳандозӣ карда мешаванд.
«Бонувони Тоҷикистон»