Модарам мехост табиб шавам. Падарам бошад, дар интихоби касби оянда бароям озодӣ дод. Вале ман аз хурдӣ дар ниҳоди хеш касби журналистиро мепарваридам. Ба ин касб шавқу ҳаваси беандоза доштам. Ҳамеша дар ҷараёни воқеаҳо будан, бо фарҳангу маданият ва тамаддуни дигар халқу миллатҳои ҷаҳон аз наздик ошно шудан, хабару мақолаҳои саҳеҳ таҳия намудан, дар ҷараёни воқеаҳои муҳим будан, бароям басо ҷолиб менамуд, - мегӯяд Манижа Баҳромзода.
Тавре ӯ иброз дошт, барномаҳои радиои «Ховар» мисли имрӯз дар боғу гулгаштҳои пойтахт, нақлиёту ҷойҳои ҷамъиятӣ, хонаву айвон баланду гуворо садо медоданд. Радиои он замон навтаъсис таваҷҷуҳи мардумро ба худ ҷалб намуд, ба хусус байни ҷавонон маҳбубияти хосеро касб кард ва тез шунавандаҳои худро пайдо намуд. Маҳз дар ҳамин радиои бонуфузи кишвар таҷрибаомӯз буд ва пасон фаъолияти меҳнатиаш низ, аз ҳамин ҷо оғоз гардид.
- Соли 2013, ки ҳоло донишҷӯи курси 4-ум будам, - мегӯяд ӯ, - расман дар Радиои «FM Ховар» – и АМИТ «Ховар» ҳамчун хабарнигори штатӣ корро сар кардам. Роҳбарияти радио ва аҳли эҷоду кормандон дар як фазои созгор маро вориди ҳайати кории худ намуданд ва ман худро аз рӯзҳои аввал ҷузъи таркибии идора ҳис кардам. Орзуи деринаам – кор дар радиои «Ховар» ҷомаи амал пӯшид. Маводи аввалинам дар мавзуъҳои иҷтимоӣ буданд. Бештар аз норасоии нақлиёти ҷамъиятӣ, гаронии нархи анвои бозор, сарулибоси мактабӣ ва ғайра ба шунавандагон иттилоъ медодам.
Манижаи ҳушманду закӣ ҳанӯз замони донишҷӯӣ барои нашрияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон «Ба қуллаҳои дониш» аз ҷараёни ҳамоишу чорабиниҳои дохили Донишгоҳ хабару мақолаҳо таҳия намуда, лавҳаву очерк пешниҳод менамуд. Бо студияи радиоии факултет низ ҳамкории зич дошт. Хуллас, тавре устодон иброз медоранд, Манижа аз ҳама донишҷӯи боғайрати факултет буд. Дар ҳама корҳои ҷамъиятӣ ва чорабиниҳои факултету Донишгоҳ ширкати фаъолона дошт.
Ӯ бо ҳамкорон тез унс гирифт. Ба онҳо ёвар буду онҳо ба ӯ. Кори радиоро тез аз бар кард. Бо масъулиятшиносии баланд ва хоксорияш сазовори эҳтироми ҳамкорон гардид. Оҳиста – оҳиста ба мавзуъҳои ҷиддитар ва сиёсӣ рӯ овард. Аллакай муносибатҳои байнидавлатӣ ва проблемаҳои глобалии минтақаро дар барномаҳояш баррасӣ менамуд. Маводи сирф сиёсӣ ва аз лиҳози ҳирфаӣ баландаш дар сомонаи АМИТ «Ховар» нашр мешуданд. Чанде наттоқ буд, хабар мехонд, садову овозашро бе мушкилӣ худ танзим менамуд. Аз душвориҳо наметарсид. Аз нобарориҳо руҳафтода намешуд. Аз ҷодаи интихобнамуда ифтихорманду устувор ба пеш гом мениҳод.
Манижа Баҳромзода дастпарвари факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Соли 2013 зинаи бакалавр ва соли 2015 зинаи магистратураи ихтисоси журналистикаи байналхалқиро аъло хатм намуд. Пас аз хатми магистратура ба шуъбаи докторантура ҳамчун унвонҷӯи доктори фалсафа (Ph.D.), доктор аз рӯйи ихтисоси рӯзноманигории байналхалқӣ дар кафедраи журналистикаи байналхалқии Донишгоҳи мазкур қабул гардид.
Таҳти роҳбарии доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳаммадӣ Муқимов дар мавзуи «Нақши матбуоти даврии тоҷик дар инъикоси ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон марбут ба об» ба пажӯҳиши илмӣ шуруъ намуд. Замони пажӯҳиши илмӣ то дифои рисола пурра аз кори радио рафт ва барои мукаммал намудани диссертатсия саропо худро ба тадқиқот бахшид. Толори матбуоти даврии Китобхонаи миллии Тоҷикистон гӯё ҷойи кори наваш буд. Ҳар касе меҷусташ, ҳатман аз китобхона пайдош мекард.
- Инъикоси мавзуи рисолаамро дар рӯзномаҳои расмии «Ҷумҳурият», «Садои мардум» ва хусусии «Нигоҳ» ва «Фараж» тули солҳои 2000 – 2018, пажӯҳиш намудам ва 23-юми декабри соли 2021 рисолаи номзадӣ дифоъ намудам, - мегӯяд олими ҷавон.
Аз соли 2016 то соли 2018 ба симати докторанти фалсафа (Ph D), доктор аз рӯйи ихтисос дар кафедраи журналистикаи байналхалқӣ ба пажӯҳиши илмӣ машғул буда, шуруъ аз соли 2019 то имрӯз ҳамчун ассистенти кафедраи забонҳои хориҷии факултети журналистикаи ДМТ ва ҳамзамон хабарнигори Радиои «FM Ховар» –и Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» фаъолият дорад. Барномаҳои муаллифиаш «Сарват» ва «Зан ва зиндагӣ» ҳафтае як маротиба пешкаши шунавандагон мегарданд.
- «Сарват» барномаи муаллифии таҳлилӣ аст ва ба ташаббусҳои Тоҷикистон доир ба масъалаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» бахшида шудааст. Дар он аҳамияти ташаббусҳои Тоҷикистонро марбут ба об аз нигоҳи коршиносон, ки ба манфиати Осиёи Марказӣ буда, сиёсати обии кишварҳои минтақаро низ инъикос мекунад, баррасӣ мекунем. Дар барномаи «Зан ва зиндагӣ» бошад, бо бонувони касбу кори гуногун дар суҳбат шуда, оид ба дастоварду пешравиҳо ва навовариву навгониҳояшон муколама меороем, - мегӯяд Манижабону.
Дар интихоби коршинос барои суҳбат ҷиддӣ назар мекунад. Ҳар дафъа коршиноси нав ва, албатта, бонуфузу варзида аз шумори сиёсатшиносон, олимон, мутахассисону масъулони соҳа ибрози назар менамоянд.
Ҳамзамон, Баҳромзода Манижа соли панҷум аст, ки ҳамчун ассистенти кафедраи забонҳои хориҷии факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба зергурӯҳҳои англисии факултет бо забони англисӣ дарс мегӯяд.
Натиҷаҳои асосии таҳқиқоти илмии Манижа Баҳромзода дар 2 монография «Ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон оид ба масоили об» (2018) ва «Баррасии об ҳамчун масъалаи глобалӣ дар матбуоти даврии тоҷик» (2022) ва мақолаҳои зиёди илмӣ, аз ҷумла 4 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои илмии хориҷи кишвар инъикос ёфтаанд.
Манижа дар соли 2018 барои заҳматҳояш дар соҳаи журналистика аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷоиза дар соҳаи журналистика қадр гардид.
Соли 2021 донишманди ҷавон дар озмуни байналмилалии «Беҳтарин мақолаи сиёсатшиноси ҷавон - 2021» маҷаллаи бонуфузи «Русская политология — Russian Political Science» и АНО «Лаборатория гуманитарных проектов» бо матлаби таҳлилии «Мавқеи Тоҷикистон оид ба ҳалли вазъ дар Афғонистон» ба мақоми якум сазовор шуд.
Ошноӣ бо Манижабону ҳаваси дилхоҳ касро меорад. Кӯшишу ғайрат, фаросат, одоб ва рафтори ҳамидааш ӯро сарбаланд гардондаанд. Гомҳои устувораш дар ҷодаи интихобкарда аз қобилият ва дониши амиқаш дарак медиҳанд.
Далер САФАР