Аҷдодонаш чанд даҳсола қабл аз даврони азхудкунии заминҳои водии Вахш аз зодгоҳашон Ҷумҳурии Қазоқистон ба ин диёри пурфайз ҳиҷрат кардаанд. Бо амри қисмат падараш дар мактаб - интернати Кангурт тарбия ёфта, баъди издивоҷ бо духтари ҳамзабонаш дар маҳаллаи 3-юми собиқ совхози ба номи Куйбишев, имрӯза ҳудуди ноҳияи Кӯшониён сукунат мекарданд. Дар ҳамин гуна ошёни саршори меҳру муҳаббати бепоён панҷ фарзанди хушбахте зодаву дар руҳияи инсондӯстӣ ва меҳру муҳаббат ба обу хоки ин сарзамини беназир ба воя мерасиданд, ки Зулайхо яке аз онҳост.
Азбаски модарам бо ду дандони модарзодӣ ба дунё омадааст, тибқи оини ниёгон ӯро Ристай, яъне духтари ба ризқу рӯзӣ ном гузоштаанд, - изҳор дошт дар оғози суҳбат Зулайхо.
Новобаста ба муҳити ногувору мушкилоти иҷтимоӣ бобову бибикалонҳои мо таълими илму ҳунарҳоро ба фарзандон дар мадди аввал гузошта, аз ҷумла модари маро хононда, ба ҷодаи омӯзгорӣ ҳидоят кардаанд. Ин ҳикмат ҳам аз гузаштагон ба ёд дорем, ки аз омади дунё хушбахтарин инсонҳо нафаронеанд, ки дар домони модарони донишвару ҳунарманд ба воя расидаанд. Аз ҷумла, ҳама пешравию дастовардҳо ва хушбахтиву саодати рӯзгори фарзандони хонаводаи мо ҳам ба заҳматҳои шабонарӯзиву ҳувияти модари бузургворам алоқамандӣ дорад, ки муродифи фаъолияти омӯзгорӣ, дар илму донишандӯзӣ, тарбияву бедории фикрии мо диққати ҷиддӣ медоданд.
Гузори шебу нишеманҳо ва устувориҳо дар маҷрои пурталотуми рӯзгорон, панду дуои модар раҳнамояш буда, имрӯз ҳам лаҳзаи фориғ аз кору ташвишҳои зиндагӣ дар ҳузури фариштаи роҳнамояшро беҳтарин лаҳзаи умр мегуморад. Пешбурди масъулиятҳо ва сариштаи мушкилу муаммои рӯзмарра аз дидгоҳи модар ба ӯ эҳсоси хушбиниву тавоноӣ мебахшад. Бо ҳама касбияти волои рӯзноманигорӣ ва собиқаи роҳбарии нашрияи овозадори «Новый Хатлон», аммо ба гоҳи иншои матлабе дар васфи бузургии модар, ӯро ҳаяҷони ногуфтание фаро гирифта, дар тасвири розу таассуроти хеш вожаи муносиб намеёбад.
-Дар баробари оину фарҳанги хонаводагӣ, ки зодмандонам яке ронандаву дигар омӯзгор буданд, дар тарбияи маънавӣ ва шаклгирии афкору маърифатнокии мо, фарзандон, муҳиту маданияти мардуми гуногунмиллати деҳи зодгоҳамон нақши муассир дошт. Овони наврасӣ аксари сокинони маҳаллаи мо ба ватани аҷдодони хеш кӯчиданд ва бинобар кам мондани толибилмони русзабон мо тариқи гузариш таҳсилро дар МТМУ №6 шаҳри Бохтар идома додем. Нахуст пайи орзуҳои наврасӣ рафта, ба Омӯзишгоҳи тиббии маркази вилоят дохил шудам, аммо аз оғози соли нави таҳсил аз раъям баргаштам. Пасон, дар соли 1992 таҳсилоти миёнаи умумиро хатм намуда, бинобар вазъияти сиёсӣ ҳуҷҷатҳоямро ба Техникуми хоҷагии қишлоқи зодгоҳ супурдам, - мегӯяд ӯ.
Зулайхо Ғоибова фаъолияти худро ҳамчун ҳисобчии раёсати омори вилояти Хатлон оғоз карда, солиён дар зинаҳои гуногуни соҳаи омор обутоб ёфт. Баъди ғолибият дар як озмуни аз ҷониби созмонҳои байналмилалии хайриявӣ фаъолияти худро дар арсаи ташкилотҳои ҷамъиятӣ идома дод. Зимни ҳамкориҳои иттилоотӣ дар ин ҷода бо ҳайати нашрияи русии «Новый Хатлон» шиносоӣ пайдо намуд, ки оид ба татбиқи лоиҳаҳои ТҶ «Спид –Фонд. Ғарбу Шарқ» матлабҳо таҳия менамуданд.
-Зимни муаррифии яке аз лоиҳаҳо ва бозтоби он дар матбуоти даврӣ журналисти равоншод Муродҷон Сотиев маро ба идораи нашрияи «Новый Хатлон» даъват намуда, изҳор доштанд, ки шояд бо имтиҳони донишу маҳорати хеш ҳамкориҳои иттилоотиро ба нашрияи мазкур оғоз намоям. Ҳамин тавр, баъди як боздид ва ошноӣ аз муҳити эҷодии ин ҳафтанома майлу рағбатам ба пешаи рӯзноманигорӣ дучанд афзуд, - ба ёд меорад Зулайхо Ғоибова. - Аввалин матлаби навиштаам дар ҳафтаномаи «Новый Хатлон» вобаста ба вазъи бемории диабети қанд буд, ки дар он шабу рӯз боиси нигаронии табибони соҳа арзёбӣ мегардид. Баъди чанд бори таҳрир дарк намудам, ки муҳимтарин ҷавҳари мавзуъ, яъне маълумоти оморӣ оид ба ин бемориро дарҷ накардаам, ки баъди илова кардани он матни омода ба чоп иҷозат дода шуд.
Мусоҳибам иброз дошт, ки бо амри тақдир дар шумораи навбатии ҳафтанома низ, роҷеъ ба мавзуи бемории диабети қанд матлаби ҷолибе пешкаши хонандагон мегардад. Аммо аз он айём то имрӯз вазъи беморхонаву шароитҳои ба табобат фаро гирифтани беморони диабети қанд ба куллӣ беҳтар гардида, барои ташхиси хун, муайян намудани вазъи солимӣ ва ҳолати беморон лабораторияи муҷаҳҳаз бо дастгоҳҳои муосири тиббӣ ва табибону ташхисгарони варзидаи соҳа ба аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонанд.
Ин муддат дар идораи нашрияи «Новый Хатлон» низ, ҳамкориҳо бо рӯзноманигорони навомӯз ҷиддӣ ба роҳ монда шуда, саъй дорем, аз ҳисоби донишҷӯёни шуъбаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷавонони лаёқатмандро ба кор ҷалб намоем. Тақозои замон аст, ки дар радифи беҳтар кардани муҳтавои хабару матолиби рӯзнома, инчунин, саҳифаҳои рӯзномаро дар сомонаҳои иҷтимоӣ фаъол гардонем, - иброз медорад сармуҳаррири ҳафтаномаи «Новый Хатлон» Зулайхо Ғоибова. - Алъон саҳифаи фейсбукии моро дар чандин кишварҳои АвруОсиё мутолиа мекунанд ва, дарвоқеъ, платформаи русии хабару матлабҳои таҳлилӣ аз кишвари мо ба неруи тозаи эҷодӣ ниёз дорад. Бинобар ин, итминон дорам, ки ҳайати эҷодии нашрия бо тарбия ва омода намудани мухбирони ҷавон дар таъмини фазои иттилоотӣ бо хабару матлабҳо бо забони русӣ саҳми муносиб мегузоранд.
-Дар ин росто иқдоми маъмурияти ДДБ ба номи Носири Хусрав шоёни таҳсин аст, ки таҷрибаомӯзии донишҷӯёни шуъбаи рӯзноманигориро дар нашрияҳои вилоятӣ ба роҳ мондааст. Мо низ хоҳони онем, ки мухбирони ҷавон ҳарчи тезтар ба муҳиту ҷараёни эҷодӣ ворид шуда, омода намудани хабару гузоришҳои рӯзмарраро аз бар намоянд, то бо тарбия намудани кадрҳои ҷавон нашрияи «Новый Хатлон» дар таъмини иттилоот бо забони русӣ ба сатҳу сифати нав баромада, дар таблиғу ташвиқи сиёсати давлатӣ ва фаъолияти рӯзмарраи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар сатҳи байналмилалӣ, машъали пешоҳангиро ба даст гирифта бошад,- иброз дошт Зулайхо Ғоибова.
Ҷ. УСМОН,
шаҳри Бохтар