Таҳмина Сафарзода иброз намуд, ки зодаи шаҳрванди пойтахт асту дар оилаи зиёӣ ба воя расида. Ин бонуи сарвқомату чеҳрагарм аз зумраи ҷавонони муваффақ ва сарбаланди кишвар мебошад. Ҳоло ҷавон аст, вале дар ҷодаи хеш гомҳои устувор ниҳода. Шуруъ аз соли 2015 вазифаи муовини директори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ оид ба тиҷорат ва муносибатҳои байналмилалиро бар уҳда дорад.
Дар баробари фаъолияти хуби меҳнатӣ дар арсаи сиёсат низ комгор аст. Ӯ соли 2020 вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур аз ҳавзаи интихоботии №7 интихоб гардида, ҳоло ҳамчун вакили фаъол кӯшиш ба харҷ медиҳад.
Соли 2009, пас аз хатми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 21-и шаҳри Душанбе ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дохил шуда, онро бо ихтисоси иқтисод ва идора хатм намуд. Фаъолияти меҳнатиаш ҳамчун оператори маркази тамос дар ширкати мобилии Билайн оғоз шудааст.
Маҳз дар ҳамин ширкат бо шавҳари ояндааш шинос шуда, оила барпо мекунад, ки имрӯз аз ин издивоҷ соҳиби 2 писар аст. Аз хурдӣ мустақил буду ба тиҷорату савдо ва бурдани ҳисобу китоб сару кор мегирифт. Аз уҳдаи ин кор хуб ҳам мебаромад. Нахуст малакаи муҳосибиашро дар ширкати тиҷоратии яке аз пайвандонаш оғоз намуд. Тахту баробар будани ҳисобу китоб ва ҳуҷҷатнигорияш нафарони таҷрибадорро ба ҳайрат мегузошт. Ҳамеша мекӯшид вазифаҳояшро сари вақт анҷом диҳад. Нозукиҳои соҳаи муҳосиботро тез аз бар намуд.
Соли 2011 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ҳамчун муҳосиб ба кор пардохт. Панҷ сол заҳмат кашид. Ҳоло муовини директори театр оид ба тиҷорат ва муносибатҳои байналмилалист.
- Барои бозомӯзӣ ва баланд бардоштани малакаи касбии ҳунармандон мубодилаи фарҳангӣ ва омӯзиши таҷрибаи дигар театрҳоро ба роҳ мондаем. Тибқи меморандумҳои байнидавлатӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расондааст, дар конфронс ва фестивалҳои байналмилалӣ иштирок мекунем. Дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ аз театрҳои дигар давлатҳо барои офаридани нақшҳо ҳунармандонро мехонем. Онҳо низ ҳунармандони моро даъват мекунанд. Муҳайё намудани шарту шароит, хароҷоти молиявӣ ва корро муайян месозем. Тавассути фарҳанг ва бахусус санъати опера ва балет мо кишварамонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати фарҳангӣ ва дунявӣ муаррифӣ менамоем. Ин равияи санъат на дар ҳама кишварҳо мавҷуд аст, - мегӯяд Таҳмина Сафарзода.
Тавре Таҳминабону иброз дошт, ҳар сол театр тибқи барнома 2–3 намоиши опера ва балетро ба нақша мегирад. Имсол дар репертуари театр балети Амирбек Мусо «Куруши Кабир», операҳои «Кармен», «Рӯдакӣ» дар таҳияи нав, «Сартароши Сивили», операи кӯдаконаи «Дюмовочка» ва симфонияи 7 (Бетховен) ба нақша гирифта шудаанд.
Хурсандибахш аст, ки мардум сол аз сол бештар ба театр таваҷҷуҳ мекунанд. Опера тамошобини худро дорад, балет тамошобини худро. Дӯстдорони мусиқии симфонӣ низ кам нестанд, ки ин аз завқи баланди мардум дарак медиҳад. Солҳои қаблӣ тамошобинонро бештар кормандони сафоратхонаҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ, зиёиён ва мутахассисони соҳаи санъату фарҳанг ташкил медоданд. Алҳол бошад, мардуми сатҳу соҳаҳои гуногун ба театр ташриф меорад. Толор ҳамеша пур аз дӯстдорони санъати волои академӣ аст. Мардум аллакай ба сарфаҳми опера, балет, мусиқии симфонӣ меравад. Соли гузашта дар ҳама намоишнома ва консертҳои оркестри симфонӣ зиёда аз 31 ҳазор тамошобин ба театр ташриф овард.
Нархи чиптаҳо бо назардошти хароҷоти декоратсия, ороиши саҳна, матоъ, грим барои як намоиш аз 15 то 50 сомониро ташкил медиҳад. Мувофиқи анъана театр рӯзҳои шанбеву якшабе кор мекунад ва рӯзи душанбе рӯзи истироҳат аст.
Барои тарғиби театр роҳбарият аз радио ва сомонаҳои иҷтимоӣ фаровон истифода мебаранд. Тоблу ва мониторҳои таблиғотии дохили пойтахт низ, барои ҷалби тамошогарон мусоидат мекунанд. Умуман, насли нав, ҷавонони бо фаҳму идрок бештар ба опера ва балет таваҷҷуҳ мекунанд. Мунаққидони театрӣ низ пайдо шудаанд, ки ин падида фоли нек аст.
Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ 426 нафар кор мекунад, ки аз ин 125 нафар кормандони эҷодӣ, ҳунармандон мебошанд. Бо иқрори мусоҳибам, алҳол дар театр норасоии балеронҳо (раққоси мард) мавҷуд аст. Аз Ҷопон 8 ҳунарманди балет, 2 писар ва 6 духтар ба театр даъват шудаанд, ки бо ҳамтоёни тоҷики худ намоишҳои хубу гувороро пешкаши тамошобинон мегардонанд. Дар оркестри симфонӣ низ, норасоии кадрӣ вуҷуд дорад. Барои пурра намудани оркестр аз Федератсияи Россия 15 нафар мутриби ҳирфаӣ даъват шудааст. Рухдоди басо муҳим дар ҳаёти фарҳангии Тоҷикистон, ба вижа театр дар соли 2022, ин дар ҳайати навозандагон мақом ёфтани сози уд (арфа) мебошад. Солҳои пеш (садаи ХХ) ин асбоб вуҷуд надошт.
Дар баробари кори худ, ҳунармандони беруна ба ҳамтоёни тоҷик нозукиҳои ҳунари хешро меомӯзанд. Барои хубтар намудани намоишҳо бонуи операсаро аз Федератсияи Россия даъват шудааст ва барои даъвати боз се операсарои дигар гуфтушунид рафта истодааст. Мубодилаи мутақобилаи ҳунариву фарҳангӣ, фазои хуби эҷодӣ ва ҳамкориҳои густурдаи ҳунармандон барои инкишофи санъати опера ва балет ва тавлиди ҳунармандони ҷавони босалиқа мусоидат мекунад.
Сафарҳои ҳунарӣ ба хориҷи кишвар низ, амалӣ мешаванд. Гостроли охирини театр бо намоишномаи «Найрангҳои Майсара» дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон сурат гирифт.
Зимни сафарҳои ҳунарӣ дар ҳориҷ бо намоишномаҳои сатҳи ҷаҳонӣ, аз қабили Кармен-сюита - балети якакта дар заминаи операи «Кармен» - и Жорж Бизе, операи «Травиата» - и Ҷузеппе Верди ва дигар намоишҳои бузурги ҷаҳонӣ ҳунармандони тоҷик баромад мекунанд, Тамошогарон ва мутахассисони ин жанри мураккаби санъати театрӣ дар ҳайрат мемонанд, ки дар Тоҷикистон опера ва балет дар ин сатҳ рушд намудааст. Боиси ифтихор аст, ки дар саҳнаи театри опера ва балети тоҷик чунин офаридаҳои барҷастаи ҷаҳонӣ ба саҳна гузошта мешаванд. Ин ҳама аз дастгириҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳанд, ки ба соҳаи мазкур таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир менамоянд ва барои пешрафти соҳа ҳама шароитҳоро муҳайё месозанд.
- Самти фаъолиятам иқтисодист, вале баъди ба кор омадан ба театр, шавқу ҳавасам ба соҳаи санъат бештар гардид. Ба мусиқии классикӣ ва академӣ майл намудам, санъати опера ва балетро дӯст доштам,- меафзояд Таҳминабону.
Бале, Таҳмина Сафарзода ҷавони муваффақу кордон, масъулиятшиносу боирода аст. Ҳамеша дар такопӯву ҷустуҷӯст. Кӯшиш мекунад то ҳар рӯз як чизи наве аз бар намояд. Ин аст, ки дар ин давом Академияи хизмати давлатиро бо ихтисоси идоракунии давлатӣ бо сарбаландӣ хатм намуд, ки қадамест устувор барои ояндаи кадри ҷавону умедбахш.
Далер САЙДАМИРЗОДА