04

Июн, 2025
Чоршанбе

04

Июн, 2025
Чоршанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Дизайнер, суратгир ва мутахассиси SMM

 

 

d 4999

  Дар ҳар давраи муайяни таърихӣ ва талаботи замон касбу корҳои гуногун ба миён меоянд. Нисо Маҳмудова аз зумраи ҷавонони навҷӯву навовар аст, ки ҳунараш дар бозори имрӯза харидорони зиёде дорад. Ӯ нақшҳои либоси коргоҳ ё муассисаҳоро мекашад ва ё барои расмгирӣ мешитобад ё фармоиши сохтани логотип ё банерро қабул мекунад…

Падару модараш зиёд мехостанд, ки Нисо дар риштаи иқтисод муваффақ шавад. Ӯ суханони волидонро ду накарда, ба Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Хуҷанд дохил шуд. Дар соли дуюми таҳсил ба хулосае омад, ки дар баробари омӯзиш ба самти завқманди худ биравад. Донишгоҳро ба итмом расонду ҳамчун дизайнери графикӣ, суратгир ва мутахассиси SMM дар шаҳри Хуҷанд фаъолият мебарад. Ӯ корро дар ширкате ба ҳайси PR-менеҷер шуруъ намуд, ҳамзамон, тариқи интернет ба омӯзиши дизайни графикӣ пардохт. Барои пурра аз худ намудани ин кор вай ба маркази омӯзишии «Илмхона» пайваст.

‹ SMM чист?

Маркетинги васоити ахбори оммаи иҷтимоист, ки таблиғи молҳо, тиҷорати ширкатҳоро тавассути фазои интернет ба роҳ мемонад.

Нисо зиёда аз се сол аст, ки дар ин самт кор мекунад ва чун омӯзгор дар курсҳои кӯтоҳмуддат ба ҷавонону алоқамандони дизайни графикӣ, SMM ва саводнокии молиявӣ, соҳибкории иҷтимоӣ асосҳои маркетинг, подкастҳоро меомӯзонад.

-Аксари фармоишҳоро тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ мегирем, баъзеҳо идея медиҳанд, барои омода кардани логотип, нақшҳо барои либосҳо ё банерҳо, баъзеи дигар хоҳиш мекунанд, ки аз идеяи онҳо чизи хубе барояшон созем. Бисёр кори шавқовар аст. Кор бояд онгунае бошад, ки дар баробари овардани даромад, ба ту шодӣ, ҳавас ҳам биёрад, то онро бо хушнудӣ анҷом бидиҳӣ, - мегӯяд Нисо.

Мавсуф дар гузарондани чорабиниҳо, аз қабили «Шаби аниматсияҳои тоҷикӣ дар Душанбе» якҷоя бо Chatr Media, «Овози маро бишнавед» - бахшида ба 16 рӯзи зидди хушунати гендерӣ дар Хуҷанд якҷо бо «Технопарк» ва дигар чорабиниҳо саҳмгузор аст.

Айни замон Нисо бо «ITRUN», «Технопарки ТГУПБП», «Хонаи Сир», «Стартап чойхона» ва дигар ташкилотҳо ҳамкорӣ дорад. Аз реҷаи кориаш пурсон шудем, ки ӯ чӣ гуна ба ин ҳама кор расидагӣ мекунад:

- Реҷаи кории ман озод аст, худам муайян месозам, ки дар кадом соат чӣ корро бояд ба сомон расонам. Бештар мекӯшам ба тариқи онлайн кор кунам ва ба офис камтар равам. Аз ин рӯ, лоиҳаҳоеро қабул менамоям, ки онлайн корамро қабул намоянд. Баъзе корҳое ҳаст, ки дар як соат ба анҷом мерасад, баъзеашон то як моҳ вақт металабад. Масалан, метавонам як постро дар як соат созам, логотип метавонад 3–4 рӯз, брендбук (брендбук тавсифи унсурҳои асосии шахсияти бренд ва атрибутҳо) аз 2 то 3 моҳ вақтро мегирад, - мегӯяд Н. Маҳмудова.

Нисо ҳоло ҳамчун дизайнер ва мутахассиси SMM фаъолият дораду инро барои худ кофӣ намешуморад, мехоҳад дар оянда дар соҳаи маркетинг рушд ёбад ва соҳибкори муваффақ шавад. Ва ба ҷавондухтарон ин равиши корро тавсия медиҳад.

- Коре, ки хурсандӣ меорад, ба шумо, албатта, фоидаи хуб ҳам меорад, зеро онро самимона, боҳавсала анҷом додаед. Реҷаи кории озод ба мо имкон медиҳад, ки ҳам биомӯзем ва ҳам кор кунем. Зеро, талабот ҳамарӯза ба мутахассисон зиёд мешавад ва чизи наве наомӯзем, бекор мемонем. Барои мисол, дар кори SMM зарурати омӯзиши суратгирӣ пеш омад, бояд онро тавонем. Дар суратгирӣ худомӯзам, ба сайтҳои зиёд сар задам, кори суратгирони номиро дидам ва дар муддати кӯтоҳ онро аз бар кардам. Ҳоло ба хубӣ аз уҳдаи дизайнери графикӣ, суратгир-ментор ва мутахассиси SMM мебароям, зеро онҳо ба ҳам пайвастагии зиёд доранд. Суратгирӣ барои дизайнер, мутахассиси SMM ба суратгир ва дизайнер ба мутахассиси SMM алоқаманданд, - андеша меронад Нисо.

Волидон шавқу рағбати духтарашонро пайваста дастгирӣ менамоянд. Нисо нафарест, ки доим пайи ҷустуҷӯ ва навгониҳо мегардад.

-Баъзеҳо касби моро ғайриодиву хоси духтари тоҷик намеҳисобанд, вале бонувон зебоипарастанд ва ҳама корҳоро зебо анҷом медиҳанд. Бисёре аз муштариҳо, вақте кори анҷомдодаи моро дида, хеле хурсанд мешаванд, эҳсос менамоӣ, ки ин барояшон ғайри интизор аст. Вақте хурсандӣ ва қаноатмандии муштариро мебинӣ, дасту дилат боз ба кор гармтар мешавад, мекӯшӣ то боз беҳтару хубтар аз пайи иҷрои кор ҷадал намоӣ. Хушбахтам, ки падару модарам дар чунин шароит маро ба камол расонданд, ба роҳи илм раҳнамо шуданд. Ҳамчунин, устодони арҷманд ва дӯстони қадрдон моро ҷонибдор ва ёрии хешро дареғ намедоранд. Ин боварӣ ба мо руҳи тоза ва қувват бебахшад.

Мефахрад, ки фарзанди замони истиқол аст ва аз ғамхориҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бархӯрдор аст. Саҳми хурдеро барои беҳбудии рӯзгори мардум гузошта истодааст. Нисо хоҳони он аст, ки дар оянда яке аз ҷавонони муваффақи кишвар дар беҳтар гаштани шароити кории ҳамватанон, таблиғи молҳо гардаду тиҷорати ширкатҳоро тавассути фазои интернетӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд.

Фарзонаи ШАЪБОН,

   шаҳри Хуҷанд

:.  Ҷавонон 08.02.2023 07:11 549

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz