Давоми соли таҳсили гузашта муҳассилини МД «Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд» дар беш аз 15 олимпиадаи фаннии байналмилалӣ дар кишварҳои Амрико, Туркия, Тайланд, Малайзия, Сингапур, Бразилия, Россия, Ҳиндустон, Олмон, Британияи Кабир ва Фаронса иштирок карда, беш аз 500 медал (тилло, нуқра ва биринҷӣ) ба даст овардаанд. Ин комёбии хонандагонро директори Литсей Сурайё Неъматзода натиҷаи таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф арзёбӣ мекунад.
Дастовардҳои толибилмони МД «Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд»-ро дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявиву байналмилалӣ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста пайгирӣ намуда, нияти дидани ин муассисаро доштам. Зимни як сафари кӯтоҳ ба шаҳри Хуҷанд роҳ пеш гирифтам ба сӯйи Литсей. Директори Литсей Сурайё Неъматзода бо чеҳраи кушод ва одоби тоҷикона маро пешвоз гирифт. Чун аз фаъолияташ пурсидам, гуфт:
- Соли сеюм аст, ки роҳбари Литсей ҳастам. Ҳамаи дастовардҳои мо аз дастгириҳои Президенти Тоҷикистон аст.
Сурайё Неъматзода, бо вуҷуди ҷавонӣ, чунин як муассисаи бонуфузро бо масъулият роҳбарӣ мекунад. Зимни суҳбат телефони ҳамроҳаш дар даст, беқарор буд ва ҳар лаҳза ба намои он менигарист.
- Чанде аз талабагон дар Лондон қарор доранд. Натиҷаи иштироки онҳоро дар олимпиадаи байналмилалӣ интизорам, - гуфт муаллим.
Талабот - донистани забони англисӣ
Муассисаи таълимии мазкур давлатист. Алҳол 600 нафар хонандаро ба таҳсил фаро гирифтааст. Беш аз 50 нафар омӯзгори соҳибтахассус ба онҳо дарс мегӯяд. Дар Литсей таълими аксар фанҳо, аз ҷумла фанҳои дақиқ пурра ба забони англисӣ ба роҳ монда шудааст.
- Ин қадар омӯзгори донандаи забони англисиро аз куҷо пайдо кардед? – пурсидам аз Сурайё Неъматзода.
- Омӯзгорон ҳама кадрҳои маҳаллианд, бисёрашон донишгоҳҳои хориҷиро хатм кардаанд. Дар миён хатмкардаҳои макотиби олии худамон низ ҳастанд. Таҷрибаи бисёрсолаи корӣ дар мактабҳо ва коллеҷу донишгоҳҳоро доранд.
Дар Литсей хонандагон аз шаҳрҳои Душанбе, Кӯлобу Бохтар ва шаҳру навоҳии вилояти Суғд низ ҳастанд.
Сурайё Неъматзода мегӯяд, ки талаботи асосӣ барои довталабон донистани забони англисӣ аст.
-Пешвои миллат пайваста зарурати омӯхтани забонҳои хориҷиро тавсия медиҳанд. Мо ин ҳидоятро дар амал татбиқ мекунем.
Ёдовар мешавем, ки таҳсил дар Литсейи мазкур пулакист.
- Маблағи таҳсил дар як моҳ аз синфи як то синфи чор 578 сомонӣ ва аз синфи панҷ то ёздаҳ 866 сомонӣ аст. Ин маблағи ҳаққи таҳсил, хӯрок ва дарсҳои иловагӣ мебошад. – мегӯяд Сурайёбону.
Феълан, дар кишвар мактабҳои хусусие ҳастанд, ки маблағи таҳсил дар онҳо бамаротиб зиёд аст, вале дастовардҳояшон баробари ин Литсейи давлатӣ нест.
Самара
Дар умум ҳамаи литсейҳо дар кишвар аз рӯйи як барнома, ки онро Вазорати маориф ва илми кишвар тасдиқ мекунад, дарс медиҳанд. Фарқияти МД «Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд» дар он аст, ки соати фанҳои дақиқ бештар ва таълим бо забони англисӣ аст. Дигар фарқияти ин литсей зиёд будани соати дарсӣ мебошад. Дарсҳо ҳамарӯза аз соати 8 то соати 15 идома меёбанд.
Дар як сол хонандагони ин муассиса дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ беш аз 500 медал ба даст овардаанд. Ин дастовард барои як муассиса афсонавӣ метобад. Асрори инро аз директори муассиса пурсидам.
- Ин ҷо ҳеҷ асроре нест. Ин ҳама натиҷаи заҳмат аст. Дар Литсей омӯзгорон бо хонандагон кор мекунанд. Барои мисол, дар муассисаи мо «Ҳаракати олимпӣ» ба роҳ монда шудааст, ки зиёда аз 470 нафар шомили он мебошад ва яке аз шартҳои асосии ҳамроҳ шудан ба ҳаракат дар сатҳи олӣ донистани забони англисӣ аст. Дар доираи ин ҳаракат муҳассилин ба олимпиадаҳо омодагӣ мебинанд. Ҳамчунин, маҳфилҳои забони англисӣ, русӣ, чинӣ ва олмонӣ дорем, ки хонандагон баъди соатҳои дарсӣ ройгон таълим мегиранд. Омӯзгорон баъди дарс бо хонандагон машғулият мегузаронанд. Талабот хеле ҷиддӣ аст. Дар хобгоҳ, ки беш аз 100 нафар хонанда сукунат дорад, аз соати 19 то 21 дарсҳои такрорӣ бо ширкати омӯзгорон идома меёбанд,- гуфт директор.
Мавқеи омӯзгор
Барои он ки Литсей ба чунин дастовардҳо ноил гардад, албатта, саҳми омӯзгорон зиёд аст. Маҳз талошу заҳмати муаллим аст, ки хонандагон ба дастовардҳо ноил мешаванд. Сурайё Неъматзода мегӯяд, ки роҳбарияти Литсей талош меварзад, ки мавқеи омӯзгоронро дар муассиса боло бардорад.
- Омӯзгорони мо назар ба дигар мактабҳо маоши хуб мегиранд. Чанд нафар муаллими варзида бо пешниҳоди мо аз тарафи Вазорати маориф ва илми кишвар бо нишони «Аълочии маориф ва илми ҶТ» қадр шуд. Соҳибкорон чанде аз муаллимони моро бо хона таъмин карданд. Омӯзгороне, ки аз Душанбе, Кӯлоб, Бадахшон ва ноҳияҳои дурдаст дар Литсей фаъолият мекунанд, бо хобгоҳ таъминанд. Дарсҳо дар кабинетҳои фаннӣ мегузаранд. Хонандагон дар танаффус аз як синф ба синфи дигар мераванд, ҳам ҳавои тоза мегиранд, ҳам лаҳзае фориғ мешаванд ва ҳам дар фазои якранги синфхона дилгир намешаванд. Дар як синф аз 10 то 20 талаба мехонад. Синфи 20-нафара хеле кам аст. Барои таҳсили босифат дар як синф 12–14 нафар бошад, кифоя аст. – гуфт Сурайё Неъматзода ва бо хурсандӣ илова намуд:
-Фирӯза Абдуллоева, хонандаи синфи 11 - и мо, бо истеъдоди нодири забондонии худ аз забони англисӣ дар Олимпиадаи байналмилалии «Teeneagle» дар шаҳри Лондон соҳиби ҷоизаи «Уқоби тиллоӣ» ва медали тилло гардид…
О.СОҲБЗОДА