Дар рустои Навбаҳори деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ, дар хонаводаи хизматчӣ чашм ба олами ҳастӣ кушода, ҳанӯз аз синни таҳсил дар МТМУ №39 –и зодгоҳаш дар дил ҳаваси рӯзноманигорӣ дошт. Саршори орзуву ҳадафҳои пешгирифтааш донишу маҳорати суханвариашро дар чорабиниҳои мактабӣ ва фаротар аз он рушду такмил медод.
Вақте, ки зодмандон идомаи таҳсилашро дар факултаи рӯзноманигорӣ ризоят надоданд, соли 2006 ба факултаи химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дохил шуда, дар баробари таҳсилоти олӣ, баъди нисфирӯзӣ дар мактаби деҳа дарс мегуфт. Баъдан, муддате дар созмони ҷавонони МТМУ №39 фаъолият бинмуда, баъди хатми Донишгоҳ фаъолияти омӯзгориро дар мактаби деҳаи ҳамсоя идома бахшид.
Санҷиши донишу лаёқатмандии кадрҳои ҷавон дар озмуни ноҳиявӣ сабаб шуду Фарзонаро ҳамчун мутахассиси бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ ба кор гирифтанд. Соли 2015 бахши кор бо занон ва оила ба шуъба табдил ёфта, дар баробари афзудани бастҳои корӣ ӯро сармутахассиси шуъбаи мазкур таъин намуданд. Баъди ду соли фаъолият аз миёни чаҳор нафар довталабон Фарзона Неъматзода ба вазифаи мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия пазируфта шуд.
-Ҷавонон, ки аз лиҳози нуфуси иҷтимоӣ ҳудуди 32 дарсади аҳолии ноҳияи Восеъро ташкил медиҳанд, дар рушду нумӯи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ нақши меҳварӣ мебозанд. Самараи фароҳам гардидани беҳтарин шароиту имкониятҳо баҳри илму ҳунаромӯзӣ, рушди зеҳниву ташаккули ҳаёти солими ҷавонон буд, ки дар солҳои Истиқлоли давлатӣ ҷавонони ноҳия ба дастовардҳои беназир ноил гардида истодаанд, - мегӯяд Фарзона Неъматзода.
Пирӯзии хонандаи Литсейи давлатии №1-и ноҳияи Восеъ Омина Худойқулова дар Олимпиадаи байналмилалии Тeeneagle дар Лондон аз дастовардҳои бузурги насли ҷавони ин ноҳия арзёбӣ мегардад. Ин дастоварди бузурги Омина, ки аз миёни 400 хонандаи зиёда аз 3 ҳазор муассисаи таълимии 27 кишвари дунё сазовори ҷойи аввал ва медали тилло гардидааст, мояи сарфарозии тамоми тоҷикистониён ва намунаи ибрат барои парчамбардорони ояндаи миллати тоҷик аз минбарҳои сатҳи ҷаҳонист.
Ба қавли Фарзона, ҷавонон дар марҳилаи навини рушду ободгароии ноҳия низ ташаббускорӣ нишон дода, дар бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, толору майдончаҳои варзишӣ, мактабу синфхонаҳо, муассисаҳои гуногуни иҷтимоӣ, таъмири роҳу сохтмони пулу дигар иншооти ҷашнӣ саҳми арзанда мегузоранд. Танҳо дар доираи нақша-чорабиниҳои ҷашнӣ давоми 4 соли охир дар ҳудуди ноҳия 24 майдончаи варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, раванди ташкили ҳавзҳои шиноварӣ то деҳоти дурдаст суръати тоза пайдо карда истодааст, ки ин иқдомҳои созандагӣ барои роҳнамоии наврасону ҷавонон ба ҳаёти солим ва пешгирии онҳо аз амалҳои номатлуб нақши ниҳоят муҳим мебозад. Музаффариятҳо ва ба даст овардани 9 медали тилло, 11 нуқра ва 7 медали биринҷӣ дар мусобиқаҳои варзишии сатҳи ҷумҳурӣ аз фаъолияти назарраси мактабу клубҳои варзишии ноҳия дарак медиҳад, ки сол аз сол шумораи зиёди наврасону ҷавононро ба машқу тамринҳо фаро мегиранд.
Соли равон дар якҷоягӣ бо фаъолони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, шуъбаи маорифу муассисаҳои варзишӣ ва мақомоти марбута 315 чорабинии фарҳангиву варзишӣ, озмуну маҳфилҳои бадеӣ, ҳамоишҳои иттилоотиву сиёсиро бо иштироки ҷавонон доир шуд.
Роҳбари ҷавонони ноҳия итминон дорад, ки натиҷаҳои корҳои бунёдӣ дар самти фароҳам овардани шароитҳои таълиму тарбия ва ташаккули маҳорату маърифатнокии ҷавонон, ҳанӯз оғози татбиқи ҳадафҳои бузург ба шумор рафта, ояндаи наздик Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози пешрафтҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум дар радифи кишварҳои амну ободон шинохта хоҳад шуд.
-Мо, ҷавонон - ояндасозони Тоҷикистони соҳибистиқлолро мебояд, ки дар арсаи илму ҳунаромӯзӣ, кору кашфиётҳои истеҳсолӣ, фаъолияти эҷодӣ ва ҷамъиятиву сиёсӣ намунаи ибрати оламиён гардем. Зеро, пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ намудани ҳадафу ормонҳои ҳазорсолаи ниёгон муҳимтарин имтиҳони ҳаётии мост, -иброз дошт дар фарҷом Фарзона Неъматзода.
Ҷ. УСМОН,
Ноҳияи воеъ