04

Июн, 2025
Чоршанбе

04

Июн, 2025
Чоршанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Дурахши ҷавонон

 

edv 150

Муносибати самимӣ ва фурӯтаниро аз аввалин дидор бо ӯ метавон эҳсос намуд. Ҳангоми суҳбат маълумам гашт, ки ҳарчанд ҷавон аст, андешаҳояш чун бонувони рӯзгордида асту нигоҳаш ба фардо оқилонаю некбинона. Ҳувайдост, ки фазои амну якдилии хонавода ба ӯ таъсири нек гузоштааст.

Сабоҳат Шерхонзода дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Ин хонаводаи тифоқ аз панҷ фарзанд иборат буда, айёми кӯдакию наврасии онҳо дар пойтахти кишвар сипарӣ гаштааст. Сабоҳат бо зеҳну зиракӣ миёни аҳли хонавода намунаи инсони комилро таҷассум мекард. Волидон таълиму тарбияи ҷигарбандонро сахт назорат менамуданд, вале роҳнамоии падар ба фарзандон роҳи минбаъдаашонро равшантар гардонд.

Номбурда Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 49-и пойтахтро бо сарбаландӣ хатм намуда, ба факултети иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шомил шуд. Даврони донишҷӯӣ дар радифи беҳтарин донишҷӯён ба шумор мерафт. Ин айёмро пайи ҷустуҷӯи илму дониш паси сар кард. Баъди итмоми таҳсил корро соли 2012 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе оғоз бахшид. Ӯ чун мутахассиси шуъбаи кадрҳо, баъдан мутахассиси пешбари шуъбаи кадрҳо фаъолона заҳмат кашид. Сабоҳат Шерхонзода аз соли 2016 инҷониб ба ҳайси сармутахассиси шуъбаи кадрҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа дорад.

Омӯзишу таҳқиқ ва ҳарфи муаммо ба дили ӯ чун марҳами руҳу равон аст. Ҳар куҷо, ки чорабиниҳои зеҳниву маърифатӣ доир мегардид, мешитофт, то хилватҷойи фикрро аз маонӣ ғанӣ гардонад. Ин буд, ки моҳи июни соли равон Сабоҳат дар қатори 11 ҷавони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи парламентӣ «Саҳми ҷавонон дар парламент», дар Санкт-Петербург иштирок намуд.

- Он ҷо намояндагони ҷавони парламентҳои ИДМ гирд омада буданд, ки фикрҳои ҳамдигарро шунидем. Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон бартариҳоро молик буданд, зеро одобу рафтор, тарзи либоспӯшии намояндагони мо ба чорабинӣ мувофиқат мекард. Ҳамчун ҷавони ояндасози миллат ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос менамоям, зеро тамоми шароитҳои кориро барои насли ҷавон муҳайё намудаанд. Дар ҷавоб ба ин ғамхориҳо дар пешравии кишвар мекӯшем, то саҳми арзандае гузорем, - мегӯяд Сабоҳат.

Барои ӯ беҳтарин туҳфа китоб аст. Худ низ ҳадия кардани китобро ба дӯстону наздикон меписандад. Ба вай мутолиаи китобҳое, ки ба ҳиссиёт ва ҳаёти пурмоҷарои зан бахшида шудаанд, мақбул аст. Ҳамсафари зиндагияш барояш пайваста китобҳои мақбулашро эҳдо мекунад.

Сабоҳат дар ҷойи кор обрӯманд аст. Меҳнати софдилона, кӯшишу ғайрат ва одоби ҳамидааш ӯро шарафманд гардондаанд. Ӯ азм дорад, ки дар оянда баҳри рушду тараққии кишвар баробар бо дигар ҳамсафон-ояндасозони миллат саҳм бигирад, аз ин рӯ, барои амалӣ гаштани нақшаҳояш ҳамеша дар ҷустуҷӯст.

Ф. ШАЪБОН

 

:.  Ҷавонон 29.11.2022 15:04 470

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz