Дар гӯшаи зебоманзари пойтахт, канори рӯди Душанбе, қисми ҷануби боғи «Наврӯзгоҳ», ки бинои маъмурии Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и Мақомоти иҷоияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе воқеъ аст, моҳи майи соли 2021, дар Рӯзи байналмилалии оила ва арафаи Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон маросими ба истифода додани бинои тозабунёди шуъба - Хонаи ақди никоҳи «Қасри бахт» сурат гирифт.
Ин иқдоми шаҳрдорӣ туҳфаи арзандае барои ҷавонон гардид, зеро тули чанд сол мушкили набудани макони мувофиқу муносиби корӣ ба фаъолияти пурмаҳсули кормандони муассисаи мазкур монеа пеш меовард.
Бинои сеошёнаи «Қасри бахт» бо санъати баланди меъмории миллӣ босифату хуштарҳ ва бо назардошти талаботи муосир бунёд ёфтааст. Рӯи деворҳои қаср нақши дасти ҳунармандони асили маҳаллӣ, ки бо усулҳои гаҷ кориву оинабандӣ зебокориҳо кардаанд, дарҷёфта, намои берунии он низ бо рангу услуби хоси меъморӣ оро дода шудааст. Ошёнаи аввали қаср аз долони кушоду барҳаво иборат буда, се қабати бино давродаври онро печидааст ва сақфи он бо маҳорати хосса шишабандӣ гашта, пушти он осмони нилгуну абрҳои сабуксайр намудоранд.
Роҳравҳои барҳавою замонавӣ, курсиву роҳаткурсиҳо, ду толори бузурги ақди никоҳ, беш аз 15 ҳуҷраи корӣ, ду маҷлисгоҳ, бойгонӣ, шабакаи муосиртарини таъмини гармӣ ва сардӣ барои фаслҳои зимистон ва тобистон шароити мусоиди кориро фароҳам оварда, хотири навхонадорону меҳмононро болида медорад. Саҳни ҳавлии биноро чор фаввора, ки шомгоҳон бо ҷилои чанд ранг басо назаррабоянд, зеб медиҳад. Ду суҳбаткадаи кандакоришуда баҳри роҳату тафреҳи мардум муҳайёст. Гулу гиёҳу дарахтони ороишӣ, маҷ нунбеди паҳлуи фаввора, шаббодаи нарми шомгоҳон ба дидагон нур ва ба ҷисму ҷон ҳузуру ҳаловат мебахшанд.
Дар ин макон як амалиёт ботантанаву пуршукӯҳ расман ба қайди давлатӣ гирифтани ақди никоҳи ҷавонони шаҳри Душанбе роҳандозӣ мегардад. Сарфи назар аз ташвишу тараддуди зиёд, фаъолият дар ин даргоҳи бахт барои аҳли кормандони Хонаи ақди никоҳ басо хушоянд аст.
Аз 17 нафар корманд 7 нафар хизматчии давлатӣ ва дигарон ҳайати хизматрасониву коргузориро ташкил медиҳанд, ки аксар бонувонанд. Аз ҷумла, мудири шуъба – Хонаи ақди никоҳ бонуи кордону масъулиятшинос Парвина Асадуллозода 11 сол аст, ки дар ин самт фаъолияти пурмаҳсул дорад.
Корро аз идораи кор бо ҷавонон ва МИҲД-и вилояти Хатлон, раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят оғоз бахшида, то расидан ба маснади роҳбарӣ зинаҳои зиёди касбиро паймудааст. Мудири САҲШ-и шаҳри Бохтар (2011 - 2015), сармутахассиси Хонаи ақди никоҳи шаҳри Душанбе (2015 - 2017) ва аз моҳи апрели соли 2017 ба симати мудири шуъба – Хонаи ақди никоҳи пойтахт ифои вазифа менамояд.
Факултетҳои забони англисӣ ва иқтисоди байналмилалии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро поён бурда, баъдан дар магистратураи Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ аз рӯи ихтисоси идоракунии давлатӣ таҳсил намудааст. Маълумоти чаҳорум - ҳуқуқшиносиро аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дарёфтааст.
Дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз моддаи 33 то 35 тартиби бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дарҷ гардидааст. Аз ҷониби кормандони Хонаи ақди никоҳи шаҳри Душанбе ба издивоҷ кунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда мешаванд, аз ҷ умла оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», фарҳанги либоспӯшӣ ва тарғиби либосҳои миллӣ, маърифати оиладорӣ. Зеро, аксарият ҷавонанду шуруъ аз синни 18 оила бунёд менамоянд ва сабаби асосии парокандашавии оилаҳои ҷавон маҳз маълумоти кофӣ надоштани онҳо аз фарҳанги оиладорӣ аст.
Дахолати хушдоманҳо, рост наомадани хислату рафтори байни ҷавонон ва бефарзандӣ омилҳои дигари хонавайронӣ мебошанд, - баён медорад Парвинабону.
Маросими мутантани бақайдгирии ақди никоҳ асосан дар рӯзҳои истироҳатӣ доир шуда, дар рӯзҳои корӣ низ баъди соати 17.00 ду-се ҷуфти ҷавон ба «Қасри бахт» ташриф меоранд. Рӯзҳои истироҳат барои аҳли ин даргоҳ ба қавле «кор аз мӯйи сар ҳам зиёд» мегардад, ки дар як рӯз аз 20 то 50 ҷуфти навхонадоронро қабул менамоянд. 10 нафар корманд, бо шумори мудир барои никоҳи ҷавононро ба расмият даровардан, масъул аст. Дар ду толори ҷашнӣ дар як вақт бо навбат навхонадоронро қабул намуда, тули 15 – 20 дақиқа маросимро бошукӯҳ мегузаронанд. Ба ин тариқ, мисли солҳои қаблӣ ҷавонон барои ба расмиятдарории ақди никоҳ соатҳо интизорӣ намекашанд.
То навбати қайд навхонадорон тариқи роҳравҳои гулпеч сайри боғ намуда, як ҷуфт кабӯтаронро сӯи само сар медиҳанд ва беҳтарин лаҳзаи умри хешро дар ин гӯшаи назаррабои диёр рӯи акс ва навор меоранд. - Нисбат ба солҳои гузашта бақайдгирии ақди никоҳ дар шаҳр зиёд шудааст.
Соли 2021 дар Хонаи ақди никоҳи шаҳри Душанбе ҳамагӣ 5 587 ақди никоҳи ҷавонон ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, ки дар қиёс ба соли 2020-ум 1622 никоҳ зиёд мебошад. Дар 6 моҳи аввали соли равон 1919 ақди никоҳро сабт намудем. Ҳини қабули ариза бо ҷавонон хамсуҳбат мешавем ва, мутаассифона, баъзан мушоҳида менамоем, ки ҷавонони қаблан бо ҳам шинос набуда ситораи толеа шон ба ҳам рост намеояд. Даъват ба амал меорем, ки ҳамроҳ бо волидон оянд.
Аз падару модари онҳо хоҳиш менамоем, ки ба ҷавонон фурсат диҳанд, то аз хислатҳои ҳамдигар огаҳӣ ёбанд. Пас, ба Хонаи аҳди никоҳ бо шодмониву фараҳ по ниҳанд, то дар ҳаёт ҳамеша шодком бошанд, ироа намуд Парвина Асадуллозода.
Тибқи барномаи таълиму тарбияи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон кормандони шуъба дар ҳамбастагӣ бо раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳри Душанбе дар рӯзҳои муайян, дар маҳаллаҳои шаҳри Душанбе суҳбату вохӯриҳо гузаронда, ҳамзамон, тариқи воситаҳои ахбори омма мусоҳибаҳо доир менамоянд. Дар Хонаи ақди никоҳ рӯзҳои панҷ шанбе равоншинос метавонад ба суолҳои навхонадорон посух ва машварат диҳад. - Фаъолият дар Хонаи ақди никоҳ бароям ифтихор аст ва худро бонуи хушбахт медонам, ки дар беҳтарин рӯзи ҷавонон паҳлуи онҳояму ба роҳи бахт гуселашон месозам.
Зиёд мехоҳам, ки ҳаёти ҷавонон мисли ин рӯзи фаромӯшношуданӣ бо хушиву хуррамӣ сипарӣ гардад, чун парокандагии оила дарди на танҳо хонавода, балки дарду доғи ҷомеа аст. Аз ин рӯ, ба волидон гуфтаниам, ки ба фарзандони худ илму касб омӯзонанд, барои хонадор намудани фарзандон шитоб накунанд, балки ба ҳаёти оилавӣ онҳоро омода созанд, то дар зиндагӣ дарнамонанд ва аз лиҳози равонию ҷисмонӣ ранҷ накашанд, - гуфт дар фарҷом Парвинабону.
Омина ХОҶАЕВА