04

Июн, 2025
Чоршанбе

04

Июн, 2025
Чоршанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Наттоқ, тоҷир, ҳуқуқшинос

 

Bonu 10_2022__IMG_202_fmt3

   Мадина аз хурдӣ дар ҳама кор пешгом ва аз ҳамсолонаш ба куллӣ фарқ мекард. Диду назар ва дарку фаҳмишаш дигар буд. Мисли калонсолон сухан меронду зиракиву ҳамадониаш болотар аз синну соли кӯдакиаш меистод. Ҳамин буд, ки волидон ӯро аз 6 - солагӣ ба мактаб доданд. Зеро, ӯ аллакай барномаи мактабии синфи якумро аз бар карда буд.

Дар байни ҳамсинфонаш яке аз хонандаҳои беҳтарин ва иштирокчии фаъоли озмунҳо маҳсуб меёфт. Агарчи шавқу рағбаташ ба пешаи рӯзноманигорӣ бештар буд, бо тавсияи волидон донишҷӯи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гардид ва онро бо дип¬ломи аъло хатм намуд.

„ Наттоқ

Бо вуҷуди он ки пешаи дигареро интихоб кардаву таҳсили илм менамуд, ҳамоно дилаш ба рӯзноманигорӣ ҷӯш мезад. Аз ин рӯ, дар озмуни Телевизиони «Тоҷикистон» ширкат варзиду ғолиб баромад.

- Ҳанӯз 18 сол доштам, ки барномаи иттилоотии «Ахбор»-ро мустақиман мебурдам, - гуфт Мадина Назарова.

Инак, беш аз 5 сол мешавад, ки ӯ барандаи барномаи иттилоотии «Ахбор» асту ҳамарӯза тамошобинонро бо хабарҳои наву тоза ошно месозад.

„ Аз волонтёрӣ то мактаби сарварӣ

Дар баробари таҳсил дар Донишгоҳ ва кор дар телевизион, ҳамчун волонтёри Кумитаи ҷавонон ва варзиш фаъолияташро ба роҳ монд ва тарзи суханварӣ ва муносибат дар ҷойҳои ҷамъиятиро аз бар намуд. Ҳамчунин, иштирокчии курси омӯзишии «Мактаби духтарони сарвар» - и Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ гардида, даври омӯзишии мавзуи «Зан - сарвар»-ро ба итмом расонд.

„ Ғолиби «Авто – Бону - 2018»

Ҳамасола дар ҷумҳурӣ озмуни «Авто - Бону» доир мегардад, ки иштирокчии онҳо занон маҳсуб меёбанд. Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Рӯзи Модар, дар ҷумҳурӣ озмуни «Авто-Бону-2018» ба роҳ монда шуд. Мадина Назарова дар ин озмун бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбии занҳои ронанда ва обрӯю нуфузи онҳо ҳамчун иштирокчии ҳаракат дар роҳ ширкат дошт. Дар он зиёда аз 50 нафар бонуи ронанда, ки дорои малакаи хуби ронандагӣ буд, аз тамоми манотиқи мамлакат маҳорат озмуд.

Тибқи натиҷаи иҷрои шартҳои озмуни «Авто-Бону-2018» Мадина Назарова ғолиб ва соҳиби шоҳҷоиза гардид.

            „ Зебосанами Душанбе

Ҳусну зебоии табиӣ, малакаи суханварӣ, маҳорати либоспӯшӣ ва саҳнабароӣ, қобилияти ҳаракатҳои мавзун, фикрронии мантиқӣ, фарҳанги зебоипарастӣ ва ҳунарнамоӣ ӯро вориди дунёи озмуни «Зебосанам - 2019» гардонд. Зеро тамоми маҳорате, ки дар Мадина дида мешуд, шартҳои асосии озмун маҳсуб меёфтанд.

- Гулдухтарони зиёд талош меварзиданд, то худро аз дигар иштирокчиён дида, беҳтару хубтар нишон бидиҳанд. Агарчи озмун даву тозҳои зиёде дошт, рӯзҳои ширин дар хотирам нақш бастаанд. Муҳимтар аз ҳама, таҷрибаи бою ғаниеро бароям гузоштааст, - мегӯяд М. Назарова.

Мадина Назарова тавонист, ки дар даври шаҳрии он ғолибиятро ба даст оварад.

            „ Тоҷирзан

Мадина ҳамеша орзу дошт, то тиҷорати худро дошта бошад, вале бо сабаби таҳсилу кор ва кам будани вақти холӣ имкон надошт, ки орзуяшро амалӣ созад.

- Рӯзе бо падарам дар ин масъала ҳамсуҳбат шудам. Падарам, ки худ тоҷири муваффақанд, маро дар ин самт дастгирӣ намуданд ва мағозаеро рӯйи кор овардам. Умедворам, ки дар ин ҷода низ муваффақ хоҳам шуд, - изҳор медорад Мадина.

Мағозаи ӯро пироҳанҳои аврупоии кишвари Туркияву шаҳри Дубай ва чакани тоҷикӣ зеб додаанд.

„ Ҳуқуқшинос

Мадина факултаи ҳуқукшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва факултаи сиёсат ва идоракунии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намуд. Пас аз як муддати фаъолият дар Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк», ба хулосае омад, ки бояд дар ин самт худро бештар такмил бидиҳад ва донандаи хуби соҳа гардад.

Алҳол, донишҷӯи шуъбаи магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» буда, баъд аз хатми он ният дорад, ки рисолаи номзадиашро дар самти илми ҳуқуқшиносӣ дифоъ намояд.

Бунафшаи АБДУРАҲИМ

 

 

 

 

 

 

 

:.  Ҷавонон 28.10.2022 13:26 774

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz