Зане. Бо чеҳраи тира. Бо абруи ғуборгирифта аз боди ғам, аз боди дарду ҳасрату ҷудоию интизорӣ… Зане афсурда, хастаҳол, дилфигор, бо мӯйҳои парешон, ки гӯё тундбоди рӯзгор парешонаш сохта ва барфи пирӣ бераҳмона болояш рехта. Яъне, зане бо мӯйҳои чун барф сафед ва бо чеҳраи пажмурда. Ҳолати ӯ гулеро ба хотир меорад, ки зери тӯфон монда. Чеҳраи пурожангаш нишон аз гузашти вақт, аз таҷрибаи зиёд ва аз паси сарсозии рӯзҳои гуногун буда. Кист ин зан? Як гӯяндаи ҳоли дунё ва як ифшогари рози зиндагӣ. Аниқтараш, як акс, як расме, ки метавонад ба бинанда бисёр чизҳоро омӯзад. Кист офарандаи ин ҳама маънӣ? Кист мусаввири ин расм? Боз ҳам зане. овони хурдӣ дунёеро доро буд, ки маҳз хос ба худаш, хаёлотеро доро буд, ки дигар ҳамсолонаш фарсахҳо дур буданд аз ин оламу ин хаёлпардозиҳо. Ӯ ҳамеша тасвир мекард ва бозии ягонаи айёми тифлияш рангбозӣ буду бас.- Дар наврасӣ асосан чеҳранигорӣ мекардам, зеро ин корро қаҳрамонӣ мепиндоштам. Акси бобою бибӣ ва падару модарамро бештар тасвир менамудам, ки ҳоло чун ба расмҳои он давра дида медӯзам, ба назарам хеле аҷиб менамоянд, - мегӯяд Парвина бо табассум. Таҳсили ибтидоиро дар зодгоҳ гирифт, баъдан рӯй меорад сӯйи пойтахт, барои ҷомаи амал пӯшондан ба орзуҳои дили хеш, ки саршор буда аз меҳру ишқ ба расму рассомӣ. Таҳсил дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон хушоянд буд. Парвина Донишкадаро бо ихтисоси рассом-график, ороиш гари китоб хатм намуд. Зимни таҳсил дар озмуну олимпиадаҳо ва фестивалҳои гуногун ширкат варзид ва фаъолияти хубу босамару муваффақона анҷом дод. Масъулиятшиносӣ, дониши аъло ва истеъдоду маҳорати воло буданд, ки ӯ имрӯз дар ин макони ҳунар ба ҷавонон дарс мегӯяд. Воқеан, рассомӣ ҳунарест, ки аз соҳибкасб маҳорати воло, андешаи бикр, тахайюлоти бой ва сабри зиёдро талаб мекунад. Рассом бояд пайваста дар ҷустуҷӯ бошад. Рассомро мебояд дақиқназар бошад, то зебоиҳои нуҳуфтаи табиату инсониятро кашф намояд. Ин аст, ки Парвина Ҷалолова пайваста дар андеша асту пайи кашфи рози нуҳуфтаи зебо ва пайи дарёфти гавҳаре аз қаъри дарё. Мекӯшад, то чизи наве офарад. Ӯ ранг меофараду рангинӣ месозад, бо тасвири зебоиҳо мекӯшад ба инсоният бифаҳмонад, ки зиндагӣ амсоли ана ҳамин рангҳо зебо ва ана ҳамин гуна гуногун аст. Волотарин хусусияти офаридаҳои ин рассоми ҷавон, ки ҳар бинандаро ба худ ҷалб месозад,эҷоди расмҳои таърихист. Парвина ба эҳёи арзишҳои таърихӣ ва тасвири чунин манзараҳо рӯй овардааст. Парвина симои сардафтари адабиёти классикии тоҷику форсро хеле моҳирона тасвир намуда. Дар расми дигараш лаҳзаи рӯзгори Рӯдакиро бо шогирдонаш тасвир сохта, ки аз тамошои он пай мебаред, ки устод Рӯдакӣ дар даст китоб бо шӯру шавқу эҳсос шеър мегӯяд ва нафаре аз шогирдон гуфтаҳои устодро менигорад. Ду нафари дигар аз пайи иҷрои амалҳои дигаранд. Ғайр аз ин расм бо тамоми ҷузъиётҳо тасвир ёфтааст. Табиати атрофи устод Рӯдакӣ, ҷойи нишаст, ки хеле зебо рангрезӣ шуда, шаҳодат аз он медиҳад, ки рассом тахайюлоти хеле бой дорад. Саҳнаи таърихии дигари офаридаи Парвина аз «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсист. Мусаввир Рудобаро бо Золи Зар ва саҳнаи атрофи онҳоро хеле моҳирона тасвир намуда.
Ба ҷуз аз ин мавзуъҳо Парвина мехоҳад анъанаҳои миллиро зинда кунад ва ин аст, ки даст зада ба тасвири чакану гулдӯзӣ. Расми дигаре, ки дар аввал тавсиф кардем, чеҳранигорист. Чеҳраи зани куҳансоле дар он тасвир ёфта, ки рассом хостааст эҳсосу ҳолати як нафарро рӯйи коғаз биёрад. Ва танҳо худи ҳамин расм як зиндагӣ, як дарс аст… Парвина Ҷалолова мехоҳад бо талошҳои пайвастааш муаррифгари санъату фарҳангу тамаддуну таърихи миллати тоҷик бошад. Ӯ ба наврасону ҷавонон тавсия медиҳад, ки рағбате нисбат ба рассомӣ доранд, ҳар чи бештар омӯзанд, зеро бе омӯзиш, бе талошҳои пайваста, бе сабру таҳаммул наметавонанд рассоми касбӣ шаванд. Бигзор Парвина бо тасвири зебоиҳо ба рӯзгори тамоми ҳамватанон рангорангию зебоӣ биёраду ҳамеша дар самои ҳунар дурахшон бошад.
Моҳистон ШОКИРОВА