Хатми мактаби миёнаву камоли ҷавонии мо баробар бо бесарусомониҳо дар Тоҷикистони нав соҳиби истиқлолшуда рост омад. Касе он давра фикр ҳам намекард, ки таҳсилашро дар ягон донишгоҳу омӯзишгоҳ давом диҳад, зеро фазои сиёсии кишвар норӯшан буд. Ҳар рӯзу ҳар лаҳза хабарҳои нохуш аз пойтахт ва ноҳияҳои ҷанубӣ ба шаҳри мо ҳам мерасиданд. Калонсолони оила бе иштироки мо паст-паст аз вазъи нобасомон ҳарф мезаданд.
Рӯзе бо даъвати директори мактаб Н. Мамадхуҷаев падару модарон ба мактаб омаданд. Баъди соате мо, 6 нафар аълочии хониш, ба назди онҳо даъват шудем. Хулоса, бо ҳидояти омӯзгорону волидон мо бояд омӯзгор мешудем. Гарчанде гуруснагиву нодорӣ ҳампои давраҳои тиллоии мо буданд, он солҳои вазнини ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хондем, номаҳои камоли омӯзгорӣ дар даст, ҳар яке ба мактабҳои Исфара омӯзгор таъин гардидем.
Фаъолияти кориям ҳамчун омӯзгори синфҳои ибтидоӣ бо аҳли омӯзгорони мактаби миёнаи № 6-и шаҳри Исфара аз моҳи сентябри соли 1994 то инҷониб пайваста шуд. Ҳар бори ба ёд овардани лаҳзаҳои риққатовар гиря гулугирам мекунад. Он рӯзҳо дар танаффуси байни дарсҳо муаллимон ба барномаи радиои «Хоки Ватан» гӯш дода, афсӯс мехӯрданд, ашки надомат рехта, ба саркардаҳои ҷанг нафрин мехонданд. Ҳама ошуфтаву парешон, вале бо амри виҷдон ҳар субҳ сӯйи дабистон мешитофтем. Ягона хурсандии мо он рӯзҳо натиҷаҳои барномаи «Хоки Ватан»-ро пайгирӣ намуда, аз пайдо шудану ба ҳам омадани додару хоҳар, фарзанду пайванд, падару модарон - ҳамватанони мо аз он сӯйи дарё (аз хоки Афғонистон) буд. Гарчанде дар зистгоҳи мо тирпаррониву бесарусомониҳо набуд, лекин ба қавли устод Кубро Собитова (ходими сиёсӣ, собиқадори меҳнат) мавҷи парешониҳои ҷануби кишвар дар мо баръало эҳсос мегардид.
Як муддат бе маош ҳам кор кардем, маоши мо ҳар рӯз бо як нон (хлеб)-и Заводи нонпазии шаҳри Исфара, ки ягона ризқрасони онрӯзаи мардум маҳсуб меёфт, пардохт мешуд. Омӯзгорон – сардорони оилаҳо барои таъмини хонаводаҳояшон ночор сари кори дигар гирифтанд. Муаллимҳои хуби русзабон тарки зодбум карданд. Мо - ҷавонон дар ду баст кор мекардем. Як шогирдам чанд рӯз ба мактаб наомад, парешон шуда ба хонаашон рафтам. Маълум шуд, ки попӯши мактабравӣ надорад. Духтараке дар роҳ тасодуфан меафтад, ангуштонаш чароҳати сахт мебардоранд. Чанд рӯз аст, ки ба дарсҳо ҳозир нашуд, маълум мешавад, ки аз ҷои ҷароҳат хуни бисёр рафтаву ӯ беҳолу бемадор аст ва наметавонад ба мактаб биёяд, барои доруворӣ маблағ надорад. Дар мағоза, ҳангоми навбати нон занеро аз сабаби аз ду нуктаи нонфурушӣ нон гирифтанаш мардум сарзаниш карданд. Мӯйсафеди гуруснае дар назди осиёби маҳалла фавтид, фалон арӯс дар хона тифли мурда таваллуд кардааст. Фарзанди баркамоли як модарро ба ҷанг бурдаанд. Падари ноновари як хонадон дар ҷанг кушта шуд. Оҳ, чӣ мудҳиш буданд, он рӯзҳо… Риштаи хаёлотамро бӯйи нони гарми дукони амаки Пӯлодбой, ки дар ҳамсоягӣ мезист, гусаст. Бӯйи хуши нони гарм - бӯйи зиндагист. Башорат аз серию пурӣ, башорат аз хайру хайрият ва амният. Башорат аз сулҳу субот, башорат аз ваҳдату якдилӣ. Аз баландгӯяки Донишкадаи технологии Исфара, ки ин муассиса ҳам дар паҳлуи хонаи мост, суруде танинандоз аст:
Ватан, Ватан, сиришти ман,
Бақову сарнавишти ман,
Замини зардуҳишти ман,
Биҳишти ман, биҳишти ман!
Гузашт, он рӯзҳои навмедиву зишт. Инак, имрӯзҳо дар Ватани мо ба ҷойи изтиробу парешонӣ бӯйи нони гарм, суруду наво паҳн мегардад. Модарон хушҳолу болида кӯдаконашонро ба мактабҳо мегуселонанд. Падарон аз паи ободӣ, равонаи кор ҳастанд. Ҷавонону наврасон саргарми донишандӯзӣ, занону духтарон идомагари ҳунарҳои дастӣ, нигаҳдорандаи арзишҳои милливу маънавии мо ҳастанд. Бо хотири ҷамъ ва болида сӯйи коргоҳ раҳсипор мегардам, сӯйи мактаби азизе, ки дар рӯзҳои душвори зиндагӣ дастам гирифта буд, сӯйи фардои дурахшон умедам дода буд. Сӯйи даргоҳи муқаддасе, ки фарзандонамро ҳамроҳи ман ба камол расонд ва як умр дар назди ин Ватану ин даргоҳ қарздор хоҳам буд. Қад-қади роҳи обод дарахтони сояафкану ҳамешасабз, корхонаҳои хурду бузург, мактабу кӯдакистонҳо, хиёбону гулбоғҳо қомат афрохтаанд. Барои ба он тарафи кӯчабоғ гузаштан аз гузаргоҳи зеризаминӣ бояд гузашт, зеро нақлиёт хеле зиёд шудааст. Ин аст, дастоварду натиҷаву подоши 25-солаи Рӯзи Ваҳдати милливу якдигарфаҳмии мо, 31 соли соҳибистиқлолии мо! Духтаракони зебои атласбабар ва писаракони шиорбадаст аз барам шодона мегузаранд. Онҳо ба ҷашнгирии рӯзи баргузоршавии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ омодагӣ доранд. Бале, ҳама ба таври худ тайёрӣ мебинанд. Бо ифодае, ҳама бесаброна ин айёмро интизор аст. Меарзад, ки ба ин муносибат осмонкаф базме биёроӣ, танинандоз суруде хонӣ, аз шукӯҳи саодати беназир, бирақсӣ! Иди ба ҳам омадану якдилии худамонро ҷашн мегирем, маҷлисе, ки моро боз ба ҳам овард. Иҷлосияе ки аз мо – давлат сохт. Ваҳдати мардуми чор самти Тоҷикистон, ки гуруснаро - сер, нодорро – доро кард, гурезаро ба Ватан овард, беватанро соҳибватан гардонд. Тоҷикистонро ҳамчун умедгоҳи тамоми тоҷикони дунё ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд. Халқро аз масири торикӣ ба рӯшноиҳо расонд. Ва халқ ваҳдат сохт, дар атрофи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гирд омада, дар амалӣ гардондани сиёсати сулҳхоҳонаву иқдомҳои неки ободиовар якдилона камари ҳиммат баст. То бод, чунин бодо!
Гулчеҳра РАҲИМОВА,
омӯзгори МТМУ № 6–и ш. Исфара