Дар замири ҷавонони кишвар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун асосгузори давлати навини тоҷикон ва муаррифгари асили миллати тоҷик маъво гирифта. Пешвои миллат барои нигоҳдории сулҳу оромии кишвар, таъмини шароити зиндагии арзандаи иҷтимоӣ ҷидду ҷаҳд, заҳмату талошҳо ва хизмати бузурге кардаанд, ки барои ҳамагон омӯхтанӣ ва сазовори пайравӣ кардан аст. Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дилу нияти нек зимоми идораи давлатро дар замони бениҳоят ҳассос, ки хавфи пароканда шудани давлат ва аз байн рафтани миллати тоҷик баръало эҳсос мегардид, бар уҳда гирифтанд ва дар як муддати кӯтоҳ шуълаи умедро ба фардои дурахшон дар қалби ҳар як фарди миллат фурӯзон намуданд. Ин буд, ки меҳнаткашон, модарону хоҳарони мушфиқ, пирони рӯзгордидаву ҷавонони навовару ғайратманд, чашми ростбин, гӯши ҳақшунав, ақли бедору хиради дурбин, забони ҳақгӯву табъи нуктасанҷ ва ҳазорҳо бозуи қавӣ дар зери сиёсати оқилонаашон гирд омада, дар ободиву пешравии Тоҷикистон муттаҳид гардиданд.
Андешаҳои созандаи Сарвари давлат омили пешбаранда ва такмилдиҳандаи давлати миллии тоҷикон буда, аз марҳилаҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар то имрӯз ба ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари ба даст овардани Истиқлол зарурати ногузирии ташаккул ва амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавононро пазируфтааст. Аз ҷониби Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гаштани Қонун «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» аз 13 марти соли 1992 далели ин гуфтаҳо мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалинҳо шуда, қонуни асосии ҷавононро қабул кардааст. Ин бори дигар собит месозад, ки Тоҷикистон дар таҳкими сиёсати давлатдорӣ ва сохтмони ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд ташаккули сиёсати ҷавононро яке аз самтҳои асосии стратегии фаъолият медонад.
Дар марҳилаҳои минбаъдаи рушди давлатдорӣ ва таҳкими сиёсати давлатии ҷавонон қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», консепсияву стратегияи давлатӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар ҷомеа, қабул ва амалигардонии як қатор барномаҳои соҳавии давлатӣ, роҳандозии як зумра ҳавасмандиҳо, аз қабили стипендияҳои президентӣ, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, грантҳои ҳукуматӣ бо мақсади дастгирии ташкилотҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон, таъсисёбӣ ва баргузории ҷаласаи нахустини Шурои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили ҳамасолаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ҷавонсозии сиёсати кадрӣ ва дар зинаҳои роҳбарикунанда таъин гардидани шумораи зиёди ҷавонони лаёқатманд, ободу зебо гардондани боғҳои фарҳангӣ, мавзеву гулгаштҳои фароғатӣ ва бунёди майдончаҳои варзишии муҷаҳҳаз бо лавозимоти замони муосир ва билохира эълон гардидани соли 2017 «Соли ҷавонон» дастовардҳои беназиртарину нотакрор дар ҳаёти ҳар як ҷавони саодатманди кишвар мебошанд.
Ҷалби неруи ҷавонон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, тақвияти таъмини ширкати фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ, ҷалби ин табақаи неруманди ҷомеа ба сафҳои хеш барои устувор намудани Трукнҳои давлатдории навин, ҳимояи марзу буми Ватани азизамон ва мутобиқат намудан ба ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳон ва эмин нигоҳ доштани давлату миллат аз тазодҳову таҳдидҳои замони муосир мусоидат мекунад. Мо-ҷавонон ҳамчун ояндасозони давлату миллат, қувваи пешбаранда ва неруи ҳаракатдиҳандаи ҷомеа ба Ватану сиёсати ҷавонпарваронаи Президенти маҳбуби кишвар содиқонаву софдилона хизмат менамоем.
Зиёрат КИР ОМЗОДА,
мудири шуъбаи кор бо ҷавонони
Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон
ба номи Сотим Улуғзода