Макони нави зистамон зовияи куҳнаву хазондидаеро мемонд, ки баъзан, чангбодҳои гарму нафасгир табиати аз беобиву гармои тобистон пажмурданамои онро дамгиру дилбазан мегардонд. Зодмандон, ки ба хотири беҳбудии зиндагӣ, доштани хонаву қитъаҳои кушоди наздиҳавлигӣ ва дастрасӣ ба заминҳои корам аз шаҳри бостонии Кӯлоб ба ин диёри хушобу ҳаво кӯчида буданд, аз рӯзҳои аввали зиндагӣ дар ин воҳаи хуррамзамин хушҳолу мамнун ба кишоварзиву дигар шуғлҳои созандагӣ дастбакор шуданд. Ба гоҳи нахустин дидору ошноӣ бо сокинони бумӣ, ки ҳамсояи нав гуфта, ба суроғи мо меомаданд, чеҳраҳои офтобхӯрдаву дасту панҷаҳои аз кори саҳро шахшӯли онҳоро дида, боварам намеомад, ки замоне ба обу хоки ин диёр ончунин дил мебандам, ки ҳатто ба гоҳи меҳмонӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳо ҷозибаи бозгашт ба ин ҷо беқарорам месозад… Зумрадбӣ Алихмадова соли 1994 дар шаҳри бостонии Кӯлоб, дар хонаводаи коргар чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Падараш ҳамчун муҳосиби хоҷагии пахтакорӣ рӯзгори хонаводаро пеш мебурд, ки дар як садамаи нақлиётӣ аз пояш ҷароҳати вазнин бардошт. Азбаски модар хонашин буду фарзандони онҳо ба синни қобили меҳнат нарасида буданд, дар таъмини рӯзгор мушкилӣ пеш омад. Ҳамин сон, дар доираи татбиқи барномаи давлатии муҳоҷирати дохилӣ хонаводаи онҳо бо мақсади беҳбудии шароити зист ва таъмини зиндагии шоиста барои кӯдакони хеш, аз зодгоҳашон, ки бинобар зичии аҳолӣ маҳаллаҳо ба тангкӯчаҳои маҳдуд табдил- меёфтанд, ба ноҳияи Носири Хусрав кӯч баст.
Зумрадбиро, ки ҳанӯз бо дугонаҳои мактабиаш хуб шинос нашуда буд, ҳиҷрати ногаҳонӣ ба як деҳаи аз зодгоҳаш дурдаст ва ҷудоӣ аз ҳамсабақону нахустин муаллими мактабӣ эҳсосоти ваҳиме фаро гирифт. Духтари хурдӣ ва нозбӯи падар, ҳар саҳару шомгоҳон мавзуи мактабу китобхониро ба миён гузошта, бо дунёи орзуҳои кӯдаконааш қусури ғурбатро аз дилҳо мерабуд. Яке аз бартариҳои МТМУ №2-и ноҳияи Носири Хусрав ин ҳайати омӯзгорони ботаҷрибааш буд. Муаллимон аксар аз ВМКБ муҳоҷир шуда омада буданд ва бо сатҳи баланди дониш тарбияву таълими хонандагонро дар мадди аввал гузошта, бо хулқи ҳамидаву фарҳанги баланди муошират бо мардум намунаи ибрат маҳсуб меёфтанд. Бо мурури солҳо итминон ҳосил намудем, ки барои мутобиқ шудан ба боду ҳавои ин водии се фасли солаш гарму тафсон, як сол кифоя будааст,- иброз дошт дар оғози суҳбат Зумрадбӣ Алихмадова. – Солҳои аввали муҳоҷирати сокинони минтақаҳои гуногуни кишвар ба ин ноҳия, сарфи назар аз шумораи ниҳоят ками аҳолии деҳаҳои навобод, шароити зисту зиндагонӣ дар ин макон, душвор. Бо матонат душвориҳоро паси сар намудем.
Имрӯз соҳиби хоҷагиҳои деҳқониву техникаҳои кишоварзӣ ва молу сармояҳо гардидем. Аҳли хонадони Зумрадбӣ ҳам бо умеди ҳаёти шоиставу ҳам саҳме гирифтан дар рушду ободии ин гӯшаи диёр рӯзу рӯзгорони пуршебу фарозеро паси сар карда, дар пешрафту нумӯи ноҳия саҳми худро гузошта истодаанд. Дасти сарнавишт овони наврасии ӯро ба замону маконе рост овард, ки духтаронро ҳам ғайрату чолокии мардона мебоист, то дар барзгариву корҳои саҳроӣ дастёри зодмандони худ бошанд. Зумрадбӣ дар кори хонаву саҳро ҳамто надошт.
Субҳи ӯ аз обкашонӣ оғоз меёфт. Баъди хатми МТМУ №2 дар Коллеҷи махсусгардондашудаи шаҳри Бохтар хонда, соҳиби ихтисоси «Баҳисобгирии иқтисодӣ, таҳлил ва назорат» шуд. Сипас, ба шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил гашт.Солҳои донишҷӯӣ фориғ аз машғулиятҳои илмомӯзӣ ҳамчун ороишгари Кошонаи ҳусн ва мутахассис - иқтисодчии Фабрикаи «Ширин»-и шаҳри Душанбе фаъолият бинмуда, соли 2020 ба ноҳияи Носири Хусрав баргашт.
Гузори ду даҳсолаи охир аз самараи заҳмати содиқонаи ободгарони Ватан марзҳои беканори ин ноҳияи сарҳадӣ ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуда, аз шафати роҳҳои мошингард то ҳудуди ташкилоту муассиса ва биноҳои маъмуриву истиқоматии сокинон, аз дарахтони мевадиҳандаву сояафкан ва гулу буттаҳои ороишӣ сарсабзу хуррам гаштааст,-мегӯяд Зумрадбӣ - Кунун ҷойи даштҳои холӣ, ки сояе намеёфтем, то аз гармии офтоб паноҳ барем, ҳоло киштзорҳои дар чаҳор фасл сарсабзу корам ва боғу токзорҳои фаровонҳосил ин водии файзборро ҳусну тароват мебахшанд. Бовар дорам дар ояндаи наздик бо бунёди саноати коркарди маҳсулоти хоми маҳаллӣ ноҳия ба мавзеи сабзи Тоҷикистон табдил меёбад. Ҳолиё ба хосиятҳои мавсимии иқлими нотакрор одат кардаем, аз сӯи дигар, ба шарофати тадбирҳои дар самти кабудизоркунии муҳити атроф ва ба гардиши кишоварзӣ даровардани ҳазорон гектар заминҳои бекорхобида, гармои сӯзони тобистон ва чангбоду гармселҳои мавсимӣ коҳиш ёфта, табиат ранги дигар гирифта истодааст. Носири Хусрав ноҳияи аграрӣ буда, дар ин сарзамини офтобрӯя хоҷагидоронудеҳқонони асил зиндагии серу пур доранд. Замин нафақат манбаи таъмини рӯзгор, балки омили фаровонии бозорҳои кишвар, сарчашмаи ғанисозии буҷети маҳаллӣ ва ҳам сокинон маҳсуб меёбад, – ироа медорад бонуи кор. Зумрадбӣ фаъолияти худро дар ноҳияи Носири Хусрав аз шуъбаи иқтисодии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оғоз бахшида, баъди ним сол ба шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти мазкур ба кор мегузарад. Алҳол ҳамчун мутахассиси шуъбаи иқтисод тасмим дорад, ки дар баробари саъю кӯшишҳо баҳри азбар намудани таҷрибаи собиқадорони соҳа ва такмили донишҳои иқтисодӣ ба Академияи идоракунии давлатӣ дохил шавад.
Ҷамолиддин САЙФИ ДДИН,
ноҳияи Носири Хусрав