Дар даврони бесарусомониҳо, рӯзгори нобасомон ва шикастаруҳии сокинони кишвар тақдир башорати баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҳадияи таърих ва пайки наҷот ба миллати тоҷик ато кард. Ҷараёни ин анҷумани саодати халқ ҳодиву раҳкушову раҳнаморо дар симои фарзанди сарсупурдаву меҳанпараст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун туҳфаи олитарини тақдиру сарнавишт ба миллати тоҷик насиб гардонд. Пешвои миллат бо дилу нияти нек зимоми идораи давлатро дар замони бениҳоят ҳассос, ки хавфи пароканда шудани давлат ва аз байн рафтани миллати тоҷик баръало эҳсос мегардид, бар уҳда гирифтанд ва дар як муддати кӯтоҳ шуълаи умедро ба фардои дурахшон дар қалби ҳар як ҷавони кишвар фурӯзон намуданд. Дар замони истиқлол илму маориф ва фарҳанг ба як рукни муҳими иҷтимоӣ табдил ёфта, ҳамчун ҷавҳари ҳастии миллат эътироф гардиданд. Зеро ин падидаи бузурги башарӣ дар ташаккули маънавии ҷомеа хизмат намуда, дар тарбияи насли наврас, шинохти рисолати таърихӣ, густариши эҳсоси ватандорӣ ва худшиносиву худогоҳии миллӣ таъсири амиқ мегузорад.Тайи солҳои охир дар соҳаи маориф ислоҳоти ҷиддӣ амалӣ шуд. Дар ин самт Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба ҷорӣ намудани низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, ворид сохтани технологияи иттилоотии нав дар ҷараёни таълим ва истифодаи усулҳои замонавӣ, барномаҳои махсус қабул намуд, ки онҳо барои мутобиқ гардидани сатҳу сифати дониши хонандагон ва ҷавонон ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварданд. Рушду такомули технологияи навин дар асри XXI, ки «асри иттилоот» низ ном бурда мешавад, ба насли ҷавон беасар буда наметавонад, балки ин ҳама пешрафтҳо ба мафкураи ҷавонони мо таъсиргузоранд. Дар зарфи 30 соли Истиқлоли давлатӣ яке аз дастовардҳои муҳим ин ташаккул ёфтани механизми ҳавасмандӣ ва дастгирии олимони ҷавон дар соҳаи илму техника мебошад, ки он бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шакли бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ сазовор гардондани олимони ҷавон, ки корҳои беҳтаринро дар соҳаи илму техника анҷом додаанд, инъикос меёбад. Хушбахтона, дар ҷомеаи имрӯзаи мо эътимоду боварӣ ба ҷавонон аз сатҳи олӣ сарчашма мегирад. Имрӯз аз хурд то бузург, шоҳиди он ҳастем, ки дастгирии давлат нисбат ба ҷавонон дар сатҳи олӣ қарор дорад. Фароҳам овардани шароити арзанда, имкониятҳои фаровон барои аз бар намудани тамоми илмҳои замонавӣ, таҳсил дар донишгоҳҳои машҳури ҷаҳон ва мувофиқ ба тахассусу маҳорати касбӣ, таъин намудани ҷавонон ба вазифаҳои масъул гувоҳи он аст. Дар самти корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, ихтирооту навовариҳо ҷавонони кишвар дар даврони истиқлол ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Яке аз ҳуҷҷатҳои муҳиме, ки ҳамчун дастоварди шоистаи даврони Истиқлоли давлатӣ дар соҳаи маориф ба имзо расид ва ба рушди илмии ҷавонон замина шуд, Созишнома дар бораи эътирофи маълумоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Аврупо ба шумор меравад. Ҳуҷҷати мазкур ба хатмкунандагони мактабҳоиолии кишвар имкон медиҳад, ки дар давлатҳои Аврупо низ фаъолият бурда, донишу таҷрибаи худро такмил диҳанд.
Ҷавононро ҳамчун ояндасозони давлату миллат,қувваи пешбаранда ва неруи ҳаракатдиҳандаи ҷомеа эътироф кардани Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси болидаруҳӣ ва ифтихори миллии ин қишри ояндасоз гардида, эътимоди онҳоро ба фардои дурахшон қавӣ ва масъулияташонро баҳри ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ дучанд менамояд.
Шариф ШАРИФ ОВ,
дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ ва ҳуҷҷатнигории
Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон