Ин ҷавонбонуи резапайкар, ки даври лабонаш ҳамеша табассуми малеҳ шукуфост, аз овони бачагӣ равзанаи дилро рӯи дунёи садгеси сухан боз намуда, ба оинаи нилгун саропо ҳушу гӯш медод ва аз муколамаҳои ҷонбахши мусоҳибон сайди маънӣ мечид. Шинохти шаҳди калом ва меҳри наттоқӣ дар замири Меҳринисои зираку виро фаввора мезад. Соатҳо аз суҳбати шахсиятҳои шинохта чашм барнамедошту ҳар нуктаро ба торҳои хотирот сахт мепечид ва дар ибрати онҳо шахсияту ҳайсияти худро ташаккул медод. Ба волидон мегуфт, ки аз оинаи нилгун шаҳди суханро ба бинанда гуфтан орзуи деринаш аст.Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 3-и шаҳри Норакро бо баҳои аъло хатм карду ба факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дохил шуд. Меҳринисо Зайниддинова дар Донишгоҳ чун духтари ботадбиру донишҷӯи навҷӯю навгӯ дурахшид. Эътимоду ҳусни тафоҳум дар роҳи донишандӯзӣ ӯро миёни ҳамсабақону устодон гиромитар сохт, ки маҳфилу маъракаҳои илмиву фарҳангӣ бидуни ширкати фаъоли ӯ намегузаштанд. Ин буд, ки соли дувуми таҳсил, ҳамзамон, дар шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ҳамчун ровӣ мушовир ба кор пардохт. Барномаҳои консертӣ, театрикунонида ва дигар чорабиниҳои шаҳрро метасфонду хушу хотирмон ба сомон мерасонд.
Азми дурусту саъйи комил
Соли 2013 ҳини сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Норак Меҳринисо ҳамчун ҷавондухтари фаъоли шаҳр самимӣ ва бо ҳарорат сухан гуфт. Ин дидор барояш таконбахшанда буд, то ба неруи хеш бовар намояд. Ҳамон сол раҳ гирифт сӯи телевизиони «Сафина», то маҳорат озмояду орзуи нуҳуфтаро ҷомаи амал пӯшонад. Бо азми устувор, хотираи қавӣ, маҳорати хуби суханварӣ ва хастанопазирӣ ӯ муҳаррирони идораи «Сабоҳ» (ҳоло «Субҳ ба ҳайр, Тоҷикистон»)-ро қоил кард. Ду ҳафтаи тамрин, як моҳи омодагӣ барояш кифоя буд, то ҳамчун ровии хушсухан дар сабти барномаҳо дурахшад ва қалбҳоро саршор аз меҳру назарҳоро ба некбинӣ раҳнамун созад. Журналисти серталош Шаҳобиддин Гулов ба донишу ҷаҳонбинии духтар эҳтиромро қоил буд ва аз рӯзҳои аввали фаъолият дар кушодани гиреҳи мушкилиҳо ӯро маслиҳатгару мададгор шуд. Ба нутқи буррою фасеҳ ва тозаэҷодгариҳои шогирд баҳои баланд дода, таҳрикаш дод, то аз чаҳорчӯбаи суханпардозӣ фарохтар доман густараду ба таҳияи сужа ва барномаҳои муаллифӣ пардозад. Бо раҳнамоии ин устоди закӣ Меҳринисо муҳаррири масъули рӯзҳои сешанбегии барномаи «Субҳ ба хайр, Тоҷикистон» гардид, ки бештари сужаву бахшҳои он маҳсули заҳматҳои ӯст. Ҳамзамон, гузоришҳои таҳиякардааш қариб ҳар рӯз манзури бинандагон мегардад. Дар ин радиф, барои ровиён сенарияи таҳияи барномаро низ тартиб медиҳад. Чанде қабл барномаи фарҳангии муаллифиро бо унвони «Нақш» рӯи навор овард, ки дар атрофи як намоишномаи театрӣ ва образи қаҳрамони марказии он сухан рафта, фарҳангдӯстиро дар ботинҳо бедор месозад. Заҳмату талошҳои ӯ аз мадди назари ҳамкасбон, бахусус роҳбарияти муассиса дур намонд, ки аз ним баст ба басти пурра гузаронда шуд.
Садоқатпеша
Меҳринисо маънии зиндагиро бидуни фаъолият дар телевизион ҳеҷ медонад. Дилбастаи касби хеш, аз ҳар лаҳза босамар истифода бурда, аз бекорӣ дурӣ меҷӯяд. Ҳампешагону пайвандон кайҳо боз дарк кардаанд, ки соатҳои корӣ ба ӯ сим задан беҳуда аст. Шомгоҳон аз натиҷаи фаъолият андешида, ба худ суол медиҳад, ки чӣ корро анҷом додаву чӣ навгоние ба худ кашф кардааст. Ҳангоми таҳияи бахшҳои гуногун бештар аз рӯзгори ҷавонони фаъолу ташаббускор, бонувони чирадаст, кадбонуҳои номӣ, гулпарварони зебокор ва ғайра мавод ҷамъ оварда, мекӯшад, ки аз такрори қаҳрамонон худдорӣ карда, истеъдодҳои навро кашф намояд. Соли равон заҳматҳои Меҳринисо бо Сипоснома ва нишони Аълочии матбуоти Тоҷикистон
қадр шуд.Кас вақте ки аз ҷониби садорат, ҳампешагон дастгирӣ меёбад, мушкилоти кор ба назар ҳеҷ ва андеша баландпарвоз мегардад. Бози хаёл сӯи эъҷозу эҷод ва кашфи навгониҳо бол мекушояд. Шахс ба ҳар коре, ки оғозад, ҳатман муваффақ мегардад. Ин ҳама дастовардҳо аз тарбияи неки волидони азизанд, ки бо дуои неки онҳо сабзида, то ҷое муваффақ гардидаем, - мегӯяд ин бонуи ширинкалом. Қиблагоҳи Меҳринисо дар сохтори ҳифзи ҳуқуқ пайи иҷрои вазифа буда, модари мушфиқаш умри хешро сарфи таълиму тарбияи фарзандон ва бунёди оилаи солиму намунавӣ бахшидааст. Насимаи Баҳодур, яккафарзанди Меҳринисо хонандаи синфи 8-и Гимназияи № 3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе аст. Насима дар озмуни дохилимактабии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мавқеи якумро дарёфта, барои ширкат дар зинаҳои навбатии озмун омодагӣ мебинад. Сарфи назар аз он, ки фаъолият дар телевизион заҳмату матонат металабад, Меҳринисо тавониста, ки дар ин ҷода муваффақ шаваду орзуву омоли бачагиро амалӣ сохта, меҳрпайванди ҳазорон қалбҳо гардад.
Ситора АШӮРОВА