04

Июн, 2025
Чоршанбе

04

Июн, 2025
Чоршанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

БАРАНДАИ "Як соат"

 

Bonu 07_2022__IMG_202_fmt2

Ба ҷойи ваъдагӣ расидан баробар, салом медиҳам ва бо каломи мавзуне ҷавоб медиҳад. Пиндоштам, бо вуҷуди ҷавон будан рӯзгордида аст, чун кӯдакон дили поку самимӣ дораду вуҷудаш саршор аз меҳру муҳаббат аст.

- Апаи Бунафша, суҳбатамон сари чӣ масъалае меравад ва кадом самтро бештар фаро мегирад? - бо табассуми ба худ хос мепурсад.

- Ҳамаро, шуруъ аз овони кӯдакӣ то кор дар телевизиону оиладорӣ ва тарбияи кӯдакон, - мақсад аз вохӯриро баён намуда, дар ҳамин ҳол аввалин суолро медиҳам:

- Тули ин муддат аз шабакаҳои телевизионӣ дур будед. Чаро ва чӣ гуна тавонистед, ки беш аз панҷ сол худро бидуни телевизион тасаввур намоед?

- Ба тарбияи фарзандон машғул будам. Азбаски бароям оила болотар аз фаъолияту кар­йераам меистод, кор дар телевизионро канор гузоштам. Чун мехостам, беҳтарин лаҳзаҳои ҳаёти фарзандон, сар карда аз аввалин қадамзанӣ то бори нахуст сухан ба забон оварданашонро бо чашми сар бубинам. Ин лаҳзаҳоро бо ҳеҷ сухан наметавон тасвир кард, ки чи қадар ҳаяҷоновару хурсандибахшанд. Дунёи беғашу беолоиши кӯдакон нагузошт, то ҳатто дур будан аз телевизионро ҳис намоям.

Пай бурдам, ки оила барояш арзиши муқаддас дорад, фарзандон бошанд ҷойгоҳи махсуси худро. Бо ҳамин суҳбат оғоз ёфту сайре ба дунёи ширини пурафсона, мамлакати кӯдакӣ, хотираҳои руҳафзою дилфарсо ва дунёи розу ниёзи ӯ намудем.

  • „ Таъсири модар

Гулноз дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Модараш Рисолат Иброҳимова, олим ва муаллифи китоби таълимии географияи синфи 11 мебошад. Падар низ омӯзгори ҳамин соҳа аст. Дар инкишофи нутқи буррову сухандониаш саҳми модарро бештар медонад, агарчи падарро ҳиссагузор мешуморад.

- Модарам зани босаводу ботамкинанд. Ҳанӯз аз овони кӯдакӣ дар хонаву ошхона бароям равону зебо шеър мехонданду қиссаҳои ҷолиб мегуфтанд. Вақте мактабрав шудам, дастам ба дасти модарам буду ҳушу гӯшам ба ҳарфҳояшон. Таъсири модарам буд, ки самти эҷодро интихоб ва ба шеърхониву суханварӣ рағбат пайдо намудам, - мегӯяд қаҳрамонам.

Чун фарзанди хурди хонадон буд, модар бештари вақташро бо ӯ сипарӣ мекард. Ин ҳама кӯшишҳои модар таъсир расонд. Меҳри хондан рӯз аз рӯз дар қалбаш афзун гардид. Ҳар китоби мехонда, ҳар сухани мешунидааш ӯро ба таҳсил ҷалбтару ҷазбтар менамуд.

  • „ «Телевизион маро интихоб кард»

Ба мактабе, ки таҳсил менамуд, рӯзе аз телевизиони кӯдакону наврасон «Баҳористон», барои омода намудани гузорише ҳайати кормандон ташриф оварданд. Ногаҳон дар саҳни мактаб коргардони барнома Гулнозро мебинад. Чеҳраи телевизионии духтарак писандаш меояду аз ӯ мепурсад, ки хоҳиши кор дар телевизионро надорад?

- Он вақт дар синфи 7-ум мехондам. Азбаски сухан карданро дӯст медоштам, пешниҳод писандам омад. Волидонам розӣ шуданду фаъолият дар телевизиони «Баҳористон» - ро оғоз бахшидам. Аввалин барномаам насиҳатӣ буд. Қабл аз оғози саҳнаи адабӣ, дар бораи он саҳна ҳарф мезадам. Барномаи мазкур аз ҷониби коргардон Амонулло Каромов, ки сабабгори ба телевизион омаданам гардида буд, роҳандозӣ мегашт. Дар умум, агар гӯем телевизион маро интихоб кард, хато намешавад, - ёд меорад лаҳзаҳои аввали кориашро Гулноз Раҳматова.

Бо ҳамин, фаъолияти кориаш ҳамчун журналист оғоз ёфт. Дар як муддати кӯтоҳ чеҳраи телевизион низ гардид. Сарфи назар аз наврасу хонандаи мактаб буданаш, барномаҳои гуногунро мебурд.

  • „ 6 моҳ бидуни маош

Фаъолият дар ин боргоҳи сухан ба ӯ писанд омад. Баробари ба итмом расидани дарсҳо дарҳол ба коргоҳ мешитофт. То як поси шаб он ҷо мемонд. Пас аз чанде барандаи барномаи субҳгоҳии «Ассалом» гардид. Сарбориаш бештар шуду вақти холиаш кам. Бо ҳамин минвол, шаш моҳ паси сар шуд.

- Рӯзҳову ҳафтаҳову моҳҳо гузаштанд. Баъзан пиёда ба ҷойи кор меомадам. Ниҳоят аввалин маошамро гирифтам: 8 сомонӣ. Хурсандиамро ҳадду канор набуд. Бо заҳмати худ маблағ ба даст овардан, ҳаловати дигар доштааст, - хушҳолона мегӯяд Гулнозбону.

Заҳмату талошҳои шабонарӯзиаш натиҷа ба бор оварданд. Роҳбарияти вақти телевизион барномаи сертамошобини «Як соат»-ро ба ӯ бовар карданд. Гулноз барандаи барномаи мазкур шуду муддати ду сол онро ҳамроҳ бо дигар журналис­тон пеш бурд. Маҳз ҳамин барнома боис гардид, то ӯро бештар шиносанд. Баъд аз ин барнома, ҳар касе, ки ӯро медид, «Гулнози як соат» ном мебурд.

  • „ Шабакаи якум

Каму ғам не, ду сол ин барномаро барандагӣ намуд. Вале дар ин миён, барандаҳои барнома иваз шуданду бар дӯши Гулноз бахшҳои дигар вогузор гардиданд. Азбаски ӯ дар ин муддат аллакай донишҷӯ буду бештари вақташро дар донишгоҳ сипарӣ менамуд, имкони ҳамеша дар телевизион буданро надошт. Фаъолияташро дар телевизиони «Баҳористон» қатъ намуда, корашро дар шабакаи якум идома бахшид.

- Агарчи телевизиони «Баҳористон» бароям пойдевор буду маро бештар ба тамошобин муаррифӣ сохт, дар шабакаи якум роҳу равиши дигарро омӯхтам. Тавонистам, ба тамошобин нишон бидиҳам, ки на танҳо аз уҳдаи омода намудани барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ, балки барномаҳои сиёсӣ низ баромада метавонам, - ифшо намуд ӯ.

Гулноз фаъолияташро дар ин телевизиони бонуфуз аз барномаи «Муносибат» оғозид. Барномаи мазкур тарбиявӣ буду бештар ба самти беҳтар намудани тарбияи ҷавонон равона мегардид. Тули як сол бо ин барнома талош варзид, то таъсири худро дар беҳтар гардидани тарбияи ҷавонон гузорад. Пас аз он ки шартномаи кориашон ба итмом расид, ӯ худро ҳамчун наттоқи барномаи «Ахбор» дидан мехост. Орзуяш ҷомаи амал пӯшид. Ду сол ровии «Ахбор» буд.

  • „ «Оила бароям муқаддас аст»

Соли 2017 бо ҷавоне, ки ҳампешааш буду дар телевизион фаъолият дошт ва ҳоло яке аз шоумену сарояндаи машҳур – Мубориз Усмонов оила барпо намуд. Ниҳоли муҳаббаташон Азалияву Бориз мебошанд, ки ба хотири ба воя расондани онҳо Гулноз 5 сол фаъолияти эҷодиашро канор гузошт.

Бо камол ёфтани фарзандон дубора ба кор омад. Вале на ҳамчун журналист ва ё наттоқи телевизион, балки ба сифати менеҷери Ширкати қарзии хурди «Васл».

- Оила макони муқаддасест, ки онро наметавон бо чизи дигаре иваз кард. Барои ҳам зану ҳам мард оила бояд болотар аз ҳама чизи дунёӣ бошад. Агарчи имрӯзҳо саргарми кор ҳастам, талош меварзам, ки давоми рӯз аз ҳолу аҳволи фарзандон бархӯрдор гардам.

Гулнозбону хатмкардаи факултаи сиёсат ва идораи давлатии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст, тасмим дорад аспирантураро низ ба поён расонаду худро дар зинаҳои дигари фаъолият биозмояд. Сарфароз аз он аст, ки наврасиву ҷавониҳояшро барабас надодаву ба муваффақиятҳои зиёде ноил гардидааст. Ҷаҳду талошҳояш қадр гардидаву ба ӯ сипосномаву ифтихорномаҳо тақдим гардидаанд. Туҳфаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соати дастиро барояш беҳтарин ҳадия мешуморад, ки ҳамчун ҷавони чолоку пешгом сарфароз шудааст.

Бунавша РАҲМОНОВА

:.  Ҷавонон 26.07.2022 17:06 751

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz