Аксар тақдири минбаъдаи духтаракро тахмин мезаданд, ки ӯ рӯзноманигор мешавад. Ҳанӯз аз синфи 6-ум бо телевизион ҳамкорӣ дошт. Яке аз аввалин ровиёни телевизиони навтаъсиси МД Телевизиони кӯдакону наврасон «Баҳористон» ба ҳисоб мерафт. Баъдан ровии барномаҳои ТВ Пойтахт низ буд. Волидон ба завқу шавқи духтарашон арҷ мегузоштанд. Пас аз 9 соли таҳсил дар МТМУ №29 –и шаҳри Душанбе ӯ хонданро дар Литсейи информатика ва техникаи компютерӣ идома дод. Сарвиноз Сатторова баъди хатми литсей тавассути Маркази фарҳангии назди сафорати Ҳиндустон ба ин кишвар сафар карда, муддати як сол таҳсил намуд.
- Модарам, ки зиёд ба соҳаи геология мароқ дошт, маро ба ҳамин роҳ талқин намуданд. Ба хотири сухани модар розӣ шудаму ҳуҷҷатҳоямро ба факултаи геолог – муҳандиси филиали ДДМ ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе супурдам ва сазовори номи донишҷӯ шудам. Дар аввал ин пеша бароям он қадар писанд набуд. Пас аз гузаштани ду моҳи таҳсил соҳа маро ба шавқ оварду ин касб бароям хушоянд шуд. Баъд дар қатори стипендиягирандагони аълохони Донишгоҳ қарор гирифтам, - мегӯяд Сарвиноз.
Ҳини таҳсил дар факулта танҳо се нафар духтар дар риштаи геология буд, устодон доим аз аввалин геологзани тоҷик барояшон намунаҳо меоварданд, то шавқи гулдухтарони тоҷикро дар ин самт боз ҳам бештар гардонанд.
Аввалин профессор, академики соҳаи геологияю минералогияи Тоҷикистон Сороҷон Юсуфова, аз зумраи нафароне мебошад, ки дар пешрафту рушди соҳаи геология – ҷустуҷӯи боигариҳои қаъри замин саҳми арзанда гузоштааст. Ӯ ҳанӯз соли 1951 дар сафи гурӯҳи донишмандони маъруфи Тоҷикистон Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, А. Семёнов, Б. Ниёзмуҳаммадов, Н. Смолский аз байни занон аввалин узви Академияи илмҳои Тоҷикистон интихоб мегардад.
Ин бонуи муваффақ идеали Сарвиноз Сатторова гардида буд, ки аз замони донишҷӯӣ ба ӯ пайравӣ менамояд. Бо як ҳисси баланди миллӣ, иродаи қавӣ ӯ дар Москва низ миёни донишҷӯёни хориҷӣ дурахшид. Курси чорумро дар шаҳри Москва сипарӣ намуд.
Ҳамингуна ӯ Донишгоҳро бо баҳои аъло хатм намуда, фаъолияташро дар шуъбаи умумии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ намуд. Соли 2021 тариқи озмун ба шуъбаи илм ва ҳуҷҷатҳои меъёришуда гузашт. Алҳол ӯ ҳамчун мутахассиси пешбари ин шуъба фаъолият дорад.
Ба андешаи Сарвиноз, мутахассисоне, ки дар Саридораи геология фаъолият мебаранд, ҳамагӣ мактаби бузургеро мемонанд, ки ҷавонон бояд аз онҳо истифода баранд.
- Дар раванди кор оид ба ягон мавзуъ ба мутахассиси соҳаи геология муроҷиат намоям, ӯ дарҳол ҷавобҳои амиқу дақиқ медиҳад, ҳатто мегӯяд, ки дар кадом рафи бойгонӣ ё китобе кадом чиз маҳфуз аст. Ин бароям як руҳия мебахшад ва ман низ мекӯшам, зиёд бихонаму маҳоратамро сайқал бибахшам, то як ҷавони навкорро тавонам дастгирӣ кунам,- бо завқ иброз медорад Сарвинозбону.
Аз Сарвиноз пурсидем, ки дар шароити имрӯз бозори нафарони забондон серхаридор аст. Раваду шуморо ширкати хусусие ба кор даъват намояд, албатта, бо маоши баланд, меравед?
- На! Аз ширкатҳо бисёр муроҷиатҳо мерасанд, вале мехоҳам корам доимӣ бошаду заҳмати ман барои Ватани азизам пешрафте биёрад. Дар ҳама ҳолат мехоҳам дар ин ҷо кор кунам, аз таҷрибаву дониши мутахассисону устодони ин даргоҳ баҳра бардорам. Мехоҳам ҳама донишу малакае, ки дар раванди дарсҳои таҷрибавӣ, чи дар Тоҷикистон ва чи дар Москва омӯхтаам, сарфи пеша намоям. Як ҷавони дурандеш, некбин ва созандаи Ватан будан мақсади ягонаи ман аст, - мегӯяд Сарвиноз Сатторова.
Дар иҷрои супоришҳо Сарвиноз ҷадал мекунад. Ба иқрори худи Сарвиноз, ҳамон лаҳзае, ки корро ба анҷом мерасонаду баҳои хуб мегирад, аз натиҷаи заҳматаш завқ мебарад. Дар коргоҳ якдигарфаҳмиву дастгирии ҳамкорон низ барояш хушоянд аст.
Дар зиндагӣ марду зан ҳамдигарро пурра мекунанд. Вале…
- Бонувони коргар дар ду самт заҳмат мекашанд: дар идора ва оила. Масъулиятноканд. Кӯдаконро тарбия намудан саҳл нест. Дар ин раванд шавҳар низ метавонад дастгиру мададгори ҳамсар бошад, - ифшо медорад С. Сатторова.
Сарвиноз баробари бонуи кордон будан, модари меҳрубон барои писарчааш, ҳамсари мушфиқи шавҳар ва келини дӯстдоштании хонадон аст. Дастовардҳояшро геологбону аз дастгириҳои шавҳараш мебинад. Аз он ифтихорманд аст, ки дар Ватани соҳибистиқлол кору зиндагӣ дорад.
Фарзона ВОСИЕЕВА