- Кор дар бахши кор бо занон ва оила нисбат ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бароям навгонӣ буд. Фаъолият дар ин ду ниҳод бо ҳам каме ҳамбастагӣ доранд. Вале фарогирии масъалаҳо дар ин ҷо нисбатан васеътар аст, - мегӯяд Манижабону.
Аввалин муаллими худ дар пайроҳаи кору зиндагӣ ва бахусус дар ҷодаи хизмати давлатӣ модарам Раъно Каримоваро медонам, ки солиёни дароз дар вазифаҳои гуногуни хизматӣ фаъолият намудааст. Инчунин Саодат Сироҷзода, сардори Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парвина Асадуллозода, мудири шуъба – Хонаи ақди никоҳи шаҳри Душанберо низ бояд зикр намоям, ки муддати кор дар ин ниҳод бароям роҳбару роҳбаладу роҳнамо буданд.
Ҷавонони зираку огаҳ хуб медонанд, ки Ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи комил дар кишвар чӣ гуна ва бо талошу ҷонбозиҳои кӣ ба даст омадааст. Онҳо барои худ кору пайкор, далериву шуҷоат, ватандориву инсондӯстии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намунаи ибрат ва сармашқи кори хеш намудаанд.
Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон нуфузу мақоми зан дар ҷомеа баланд гардида, махсусан дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти маҳбуби кишвар таваҷҷуҳ ба фаъолияти ҷамъиятию соҳавии бонувон зиёд гардид. Қабул гардидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» барои бонувон ҳуҷҷати раҳнамунсоз гардид. Фармони мазкур ба қатори санадҳои муҳимтарине дохил шуд, ки дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар мавқеи хосро касб кард.
Фаъолияти пурсамари занон ба сифати аъзои Ҳукумат, роҳбарони мақомоти назди Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, соҳибкорони муваффақ ва доктору профессорон аз он шаҳодат медиҳад, ки воқеан ҳам ин фармони сарнавиштсоз самараҳои нек ба бор оварда истодааст.
Дастгирии бонувони соҳибкор, ба касбомӯзӣ ҷалб намудан ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо аз масъалаҳое мебошанд, ки Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба он аҳамияти хосса зоҳир менамояд. Мақсади ин дастгириҳо, пеш аз ҳама, барои беҳбудии шароити зиндагӣ ва фаъолнокии бонувон равона гардидааст.
Барои таъмини иштироки занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ, сиёсиву фарҳангӣ ва идора намудани давлат бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то имрӯз санадҳои меъёрию ҳуқуқии гуногун қабул гардидаанд, ки онҳо дар баланд бардоштани мақоми занон нақши муҳим мебозанд.
Аз ҷумла, соли 1998 бо қарори Ҳукумати мамлакат «Нақшаи миллии тадбирҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани мақом ва нақши зан дар солҳои 1998 — 2005» тасдиқ гардид. Санади муҳими дигар дар ин самт - Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аст, ки он бори дигар дунявӣ будани ҷомеаи Тоҷикистонро таъкид месозад. Баъдтар бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011- 2020» тасдиқ гардид.
Тамоми санадҳои қабулгардида ба беҳтар гардидани вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангиву маънавии хонаводаҳо, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки фаъоли онҳо дар идоракунии давлат, омода намудани кадрҳои боистеъдод аз ҳисоби духтарон замина гузоштанд.
Забондонии мутахассис барои пешрафти кор ва фаъолияти босамар зарур аст. Вақте дар нишасту конфронсҳои сатҳи байналмилалӣ дар ҳузури намояндагони дигар миллатҳо бо забони ба онҳо фаҳмо, бе тарҷумон мушкилоти ҷойдошта, ё навгоние пешкаш месозӣ, таъсири он бармалост. Аз ин рӯ, хуб мебуд, ки ҷавонон имрӯз дар баробари забони модарӣ як –ду забони хориҷиро низ аз бар намоянд.
Бахусус духтарон бояд бештар хонанду савод гиранд, касбу ҳунар омӯзанд. Зеро дар оянда вақте модар мешаванд, дар тарбия ва саводнок намудани фарзандони худ заминаҳои устувор гузоранд.
Масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи мушкилиҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ ва кулли ҷомеаро тақозо менамояд.
Боиси ифтихор аст, ки бонувони ҷавону саодатманд чун Манижабону Аминзода зери ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри адои вазифаҳои худ ҷаҳду талош ва дар ҷодаи иҷрои вазифаҳои хеш гомҳои устувор мениҳанд.
Далери Сафар