Нахуст мехост духтур шавад, вале ба шакл гирифтани тасмими ниҳоиаш дар мавриди интихоби касб ширкати фаъол дар чорабиниҳои фарҳангӣ ва маърифатии мактаб боис гардид. Таҳсили аъло, ҳофизаи қавӣ ва лаҳни хубу бурро, ки дар зуд азбар намудани порчаҳои назму наср ва қироати хуби онҳо зоҳир шуд, суханвари наврасро дар мактаб машҳур сохт. Қисме аз омӯзгорон дар симои Марҳабо санъаткори хубу саҳназеби ояндаро медиданд ва фикрашонро ба волидон иброз доштанд. Модар, ки худ омӯзгори ин мактаб буд, ба хониши аъло ва истеъдоди суханварии фарзандаш ифтихор дошт, аммо медид, ки дар ҳунари рақс ва сурудхонӣ ӯ хеле кунд асту талошҳои ноком ва маъюсии духтарашро дар ин ҷода пай бурда гуфт. – Духтарам, санъат фақат рақсу суруд нест, метавонӣ актёр ва ё коргардони хуб шавӣ, тавсияи мо ин аст, ки ба Донишкадаи фарҳанг ва санъат ҳуҷҷат биспарӣ.
Марҳабо орзуи пайравӣ намудан ба ровиёну таҳиягарони матолиб, ки дар инъикоси ҳодисот ва муаррифии дунёи рангини инсонҳои касбу кори гунонун бори суханро бар дӯш мекашиданд, бештар доман мезаду мехост ба онҳо баробар шавад. Ин эҳсос аз назари волидон низ пинҳон намонд ва онҳо ба иродаи духтарашон, ки журналист будан мехост, розӣ шуданд.
Дониши хуб ва омодагии ҷиддӣ ба имтиҳонҳо имкон дод, ки Марҳабо Навҷувонова ба унвони донишҷӯйи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шарафёб гардад. Пас аз хатми донишгоҳ бо дипломи аъло Марҳабо фаъолияти касбиашро ба симати хабарнигори радиои Бадахшон оғоз намуд. Радиоро «рӯзномаи бекоғазу бемасофа меноманд», ки имкониятҳои замонии зудтари дастрас намудани иттилоъ ба алоқамандонро дорад. Ин даргоҳ барояш майдони сайқали маҳорати суханварӣ ва рушди эҷодӣ гардиду мутахассиси ҷавон бо камоли масъулият даст ба кор шуд. Барномаҳои рангин ва шавқовари журналисти ҷавони босалиқа ва ҷӯяндаву боғайрат зуд мухлисони зиёд пайдо намуданд. Дӯст доштани касбу кор ва бозёфтҳои эҷодӣ ӯро дар андак вақт симои шинохта гардонд. Тозакорӣ ва ҳисси баланди масъулият дар иҷрои вазифаи касбӣ,қобилияти эҷодӣ, маданияти баланди муошират, садои малеҳ ва бурро, чеҳраи зебо ва ҳофизаи қавиву қобилияти қироати беғалати матнҳо боис гаштанд, ки иддае аз журналистони телевизион дар таҳияи барномаҳояшон ба М. Навҷувонова ҳамкорӣ пешниҳод менамуданд.
Вақте бо ибтикори Ҳукумати кишвар дар Хоруғ бинои замонавии идораи радио ва телевизиони вилоятӣ сохта шуда, соатҳои пахши барнома зиёд ва зарурати аз лиҳози мазмуну мундариҷа ва таъсирррасонӣ ба афкори омма куллан беҳтар намудани муҳтавои барномаҳои маҳаллии телевизиони Бадахшон ба миён омад ва Марҳабо дар қатори кормандони эҷодии беҳтарини радио нахустин касе буд, ки ӯро ба телевизион даъват намуданд.
- Барномаҳои телевизионӣ маҳсули эҷоди коллектив аст. Муваффақияти ҳар барнома ба истеъдод ва афкору андешаи муаллиф, касбияти наворбардор, тахайюли ғании коргардон вобаста буда, дар тули фаъолияти эҷодӣ Марҳабо дар муҳити ҳамкории созанда беҳтарини сифатҳои эҷодӣ ва инсониашро нишон дод. Ӯ дар таҳияи ҳар барнома фикру андешаҳои ҳамкорони техникӣ ва эҷодиашро ба назар мегираду самаранок истифода мебарад ва дар баробари ин мавқеи фаъоли муаллифиашро зоҳир менамояд ва ман инро асрори муваффақиятҳои эҷодиаш мешуморам, - баён медорад роҳбари идораи радио ва телевизиони Бадахшон Муфарраҳ Шодиев.
Муҳаррири варзидаи радио ва телевизиони Бадахшон Марҳабо Навҷувонова дар таҳияи барномаҳо дар мавзуъҳои гуногун муваффақ аст. Қаҳрамонҳои асосии барномаҳояш инсонҳои наҷиб ва эҷодкори касбу кори гуногун ҳастанд, ки дар риштаҳои гуногуни ҷомеа фаъолият мебаранд ва ҳар яке дар пешрафти соҳа саҳми сазовор ва нақши нотакрор доранд. Яке аз чунин барномаҳо, ки ба ҳаёту фаъолияти Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Бибимо Маликова рабт дорад, симои зани дилдодаи касбу кор ва модари мушфиқу меҳрубон, инсони наҷибу хоксор ва меҳнатдӯстро ба намоиш гузошт. Дар дили ҳар бинанда ҳисси хайрхоҳӣ ва иззату эҳтиромро ба қаҳрамони матолиб бармеангехт. Ин зани қавиирода, агарчанде бармаҳал шавҳари меҳрубону азизашро аз даст дод, дар баробари тӯфони тақдир варшикста нагардиду на фақат дар ҷодаи санъат фаъолияти пурсамарашро идома дод, балки бо унвони баланди ҳунарӣ қадр гардид, фарзандони солеҳ тарбия намуду ба камол расонд…
Сармуҳаррири варзида шод аст, ки солҳои охир ҳайати кормандони радио ва телевизиони Бадахшон аз ҳисоби журналистони ҷавон, ки шавқу завқи кор кардану эҷод намудан доранд, таҳким меёбад. Агар ҳанӯз чанд сол пеш доираи пахши барномаҳои телевизионӣ танҳо дар доираи шаҳри Хоруғ ва чанд маҳалли гирду атрофи он маҳдуд буд, акнун бинандагон дар аксарияти кишварҳои ҷаҳон ба ин барномаҳо дастрасӣ доранд.
- Инқилоби техникӣ дар назди кормандони эҷодӣ масъулияти бештаре мегузораду тақозо менамояд, ки вазифаи касбиамонро бо сифати боз ҳам баландтар анҷом диҳем. Телевизион садо ва симои мардум асту мекӯшем, то дар тарғиби фарҳангу ҳунари мардумӣ ва табиати асрорангези кишварамон шоиста бошем, - зикр намуд Марҳабо.
Муҳаррири варзидаи радио ва телевизиони Бадахшон Марҳабо Навҷувонова дар санъати суханварӣ комёб ва маҳбубу мақбули бинандагони зиёди телевизион аст. Зеро аз ҳар барномаи таҳиянамудаи ӯ барои худ армуғони эҷодии хубу рангин, ки маҳсули истеъдод, маҳорату малака, тахайюли зебоофар ва заҳматҳои зиёди зеҳнӣ ҳастанд, мегиранд. Ӯ дар ин ҷода собитқадам аст. Азму субот ва меҳнатқариниаш аст, ки дар арафаи Иди касбӣ бо нишони Аълочии радио ва телевизиони Тоҷикистон қадр гардид.
М. ШОҲҶАМОЛ,
шаҳри Хоруғ