Дар маконе, ки рисолаташ тарбият асту омӯзиш, дарёфтем духтараки ҷавону серташвишеро. Бонуе пазандаву созанда, ҷӯяндаву пӯянда. Модари мушфиқу меҳрубон, ҳамсари азизу қадрдон.
Ӯро ном аст Рухшона. Истиқбол гирифта моро бо ханда. Эҳсос шуда дар рафтораш маҳинӣ, суҳбаташ бошад самимӣ. Рӯшании вуҷудаш аз муҳаббат, ифтихораш будани фарзанди ин Ватан, рисолаташ тарбияи ҷавонони барӯманд.
Қисса кард рӯзгорашро. Соли 1995 тавлид шуда фасли дай, дар ноҳияи Кӯшониён. Бо гузашти як замон кӯч баста аз Кӯшониён. Масканашон шуда Бохтар, он ҷо сипарӣ карда кӯдакиашро чун шакар…
Чун бузург шуд, қадам ниҳод ба остонаи мактаб. Аз ҳамон овон фарқ мекард миёни ҳамсолон. Лаёқате дошт фавқулода, духтараке буд шӯху кунҷков. Пайваста дар олимпиадаҳои фаннӣ, аз ҷумла фанни забон ва адабиёт иштирок ва ҷойҳои намоёнро ишғол менамуд.
Ҳамчунин, лаёқати суханвариро балад буд. Иштирокчии кулли чорабиниҳои мактабӣ буду пайваста маҳфилҳоро пеш мебурд. Хоҳони интихоби пайроҳаи падари журналисташ буд. Падар дар симои фарзанди хеш рӯзноманигори ояндадорро медид. Аз ин рӯ, маслиҳату машвараташ медод.
-Вақте дар синфи 5 – ум мехондам, ҳамкории худро бо шабакаҳои телевизионии вилоят ба роҳ мондам, то ин ки нутқи худро сайқал бидиҳам. Дар телевизиони вилоятии «Хатлон» барномаи «Хоби ширини хурдтаракон» – ро пеш мебурдам. Аз ҳамин ҷо роҳам ба журналистика боз гардиду меҳраш дар қалбам маскан гирифт, - иброз медорад Рухшона Шералӣ.
Пас аз хатми МТМУ №12 – и шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар), тариқи Маркази миллии тестӣ шомили бахши журналистии факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав гардид.
Замони таҳсил ҳамчун донишҷӯйи фаъол шинохта шуд. Бо кормандони махзани дониш наздикии бештар пайдо кард. Дар баробари мутолиаи китобҳои фармуда, инчунин, адабиёти зиёдро аз осори адибони ватанию хориҷӣ аз худ намуд.
Ҳанӯз аз замони таҳсил дар курси якум фаъолияташро дар Литсейи «Ориёно»- и шаҳри Бохтар ба ҳайси омӯзгор оғоз бахшид. Баробари аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс гуфтан, бо ТВ «Хатлон» ҳамкориашро ба роҳ монд. Ток-шоу барномаеро зери унвони «Забон ҳастии миллат» пеш мебурд.
Чун меҳри китобу китобхонӣ, ки дар қалбаш маъво гирифта буд, пас аз ду соли таълим додан дар Литсейи «Ориёно», ҳамчун китобдори Китобхонаи вилоятии ба номи Шамсиддин Шоҳин корашро идома дод. Дар ин махзани дониш бештари вақташро бо мутолиаи китоб пушти сар менамуду муттакои худ медонист китобро. Чанде пас ӯро ба КИҲХДТ дар шаҳри Бохтар ба ҳайси мутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттилоот хонданд.
Вале, ҳанӯз ҳам дилаш моили таълимомӯзӣ буд. Дубора баргашт ба пешаи омӯзгорӣ. Ин навбат ба Литсейи давлатии №1- и шаҳри Бохтар ба кор омад. Ӯ аллакай корозмудаву соҳибтаҷриба гардида буд. Дар баробари фаъол будани шогирдонаш, худ низ иштирокчии тамоми маҳфилҳои вилоятиву шаҳрӣ буда, зимоми суханро ба даст мегирифт.
Бо пешбарии раиси шаҳр Сиҷоуддин Саломзода мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бохтар таъин гардид. Бо оне, ки хислатҳои роҳбарӣ ҳанӯз аз кӯдакӣ дар ӯ эҳсос мешуд, боре наандешида буд, ки роҳбар мешавад. Сарварии кумитаву раёсат ҳам корҳои ташкилотчигиро ба ӯ бовар карданд.
Дар рӯзи дуюми корӣ, ки ба арафаи таҷлили Рӯзи ҷавонон рост омада чорабинии тантанавии фарҳангиеро доир намуда, бо иштироки васеи ҷавонон роҳпаймоӣ кард. Чорабинӣ дар сатҳи баланд баргузор шуд ва барояш аҳсан хонданд.
Кунун таҳти роҳбарии Рухшонабону бахши кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр дар арафаи тамоми иду ҷашнҳо аксияву чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор мегардад. Бештар ҷавононро ба меҳнатдӯстиву саҳм гузоштан дар ободии Ватан талқин менамуд.
Заҳматаш бесамар намонд. Давоми 8 моҳи фаъолияташ ниҳоди зертобеаш соҳиби ҷоизаи «Беҳтарин бахши кор бо ҷавонон ва варзиш» – и вилоят дар соли 2021 гардид. Ҳамчунин, ӯро сазовори ҷоизаи «Беҳтарин мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш» дар ҷумҳурӣ донистанд.
-Танҳо давоми се моҳи соли равон бо иштироки аъзои маҳфили Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат», волонтёрон, аъзои Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар 8 аксияи иттилоотӣ зери унвони «Нест бод терроризм», «Мо – ҷавонон, пайравони Пешвои миллат», «Ин Ватанро мо – ҷавонон сабзу хуррам мекунем», «Ман ба хизмати Ватан-Модар омодаам» ва мавзуъҳои дигар миёни ҷавонон ва аҳолии шаҳр баргузор гардид, ки зимни он 1250 адад буклету маводи иттилоотӣ тақсим карда шуд, - мегӯяд Рухшона Шералӣ.
Дар баробари ин, пайваста дар кӯчаву хиёбонҳо, маҳаллаву муассисаҳои таълимӣ ва коллеҷу толорҳои варзишӣ хонишҳои сиёсиро миёни кормандону ҷавонон ба роҳ мемонад. Барои ҷалби бештари ҷавонон ба артиш дар якҷоягӣ бо қисмҳои ҳарбӣ рӯзҳои дарҳои кушодаро роҳандозӣ намудаанд.
-Бахшида ба Рӯзи ҷавонон як қатор аксияву озмунҳо, аз қабили «Ровии беҳтарин» ва «Мақолаи беҳтарин» доир мешаванд. Тасмим дорем, Фестивали дӯстии ҷавононро роҳандозӣ намоем. Ҳамаи талошамон барои хушҳол сохтани ҷавонон аст, - меафзояд Рухшонабону, - Орзу дорам, ки ҷавонони Тоҷикистон дар ҳама кор пешсаф бошанд. Вақти қимати хешро бо корҳои самаранок сипарӣ намоянд.
Бунафша АБДУРАҲИМ