Як нуктаи хеле муҳим дар зиндагиву фаъолиятҳои ӯст: ӯ Ситора Одинаева (Ситораи Рустам, 3.11.1984) фарзанди якуми хонадон аст, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и шаҳри Кӯлобро хатм кардааст ва ҳоло аз ҳавзаи №1 вакили Маҷлиси вакилони халқ аст…
Хулосаи суҳбатамон ин шуд, ки ҳама буду набудро дар як мактаб омӯхтан имкон надорад. Ӯ худаш ҳам розист, ки аз чанд мактаби хос гузаштааст.
Мактаби №1: «Реҷаи аскарӣ» –и хонаи бобо
«Кӯдакии мо аслан дар хонаи бобоямон, шахсияти шинохтаи Тоҷикистон, ходими намоёни давлативу ҷамъиятӣ, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945 Мирзо Бекматов гузашт. Соли 2021 дар синни 97-солагӣ бобоямон фавтиданд.
Аслан дар авлоди мо ҳамин гуна меъёр ҷо дошт: ҳамаи набераҳои бобо, махсусан духтарон, бояд дар назди бобову бибиашон овони наврасӣ ва синни гузаришро паси сар кунанд. Хонаи падару модари ман дар баландошёна буд, бобову бибиам ҳавлӣ доштанд ва мегуфтанд барои тайёр намудани духтари қадрас ба ҳаёт маҳз ин гуна муҳит мувофиқтар аст. Аз ҷониби дигар, тарбияи бобову бибии мо мактаби махсусро мемонд. Ҳамаи ҳунарҳои барои як духтар заруриро дар он ҷо бароямон омӯзонданд. Чун фарзанди калонии хона будам, онҳо аввал майли чандон надоштанд, ки маро дар ихтиёри бобову бибӣ гузоранд. Аммо онҳоро мутмаин карданд: шумо ҳар ду коргаред ва барои тарбияи фарзанд, хосса духтари наврас фурсати камтар доред.
Ҳамин тавр, тақрибан дар синфи шашум хонданам, то ба синни балоғат дар ихтиёр ва тарбияи бобову бибиам қарор доштам. Дар тарбияи ман махсусан саҳми бибиам Соҷидамо Акалаева шоиста аст. Он кас як умр ҳамчун муаллима кор кардаанд. 8 фарзанд – 4 писару 4 духтарро бо таълиму тарбияи муваффақона ба воя расонданд, ки ҳоло дар бахшҳои муҳими ҷомеа кор мекунанд. Барои мо аҷиб буд, ки момаи Соҷидаамон ҳам ба кори муаллимӣ ва ҳам кори хона фурсат меёфт. Зеро аз рӯи нақша кор мекард. Бовуҷуди дар хонаи онҳо будан, падару модари моро ҳам аз рафти таълиму тарбия дар ҷараён мегузоштанд. Аз ҷумла, ҳар рӯзи ҷумъа дар хонаи бобову бибӣ ба навъе «Шурои омӯзгорӣ» баргузор мешуд, ки таҳсилу таълими фарзандону наберагон баррасӣ мегардид. Дар ин «шуро» падару модарамон ҳам иштирок карда, рӯзномаи моро месанҷиданд, саволҳо медоданд, танбеҳ медоданд ё таъриф мекарданд.
Дар хонаи онҳо китобхонаи калоне ҳаст, ки хондани онҳо ҳатмӣ дониста мешуд. Хулоса, дар ин муҳит реҷаи сахти ба аскарӣ монанд ҳукмфармо буд. Соати чори субҳ аз хоб мехестем, аз каҳдон, ки дар болои бом буд, каҳу алаф мефуровардам, гов медӯшидам. Дар синфи 7 хонданам аллакай нонпазиро омӯхтам. Махсусан, тайёр кардани нони чапотӣ осон нест, аммо ман ёд гирифта будам. Ёд дорам, ки як рӯз вақти шӯридани хамири чапотӣ ҳамсояи момаам – холаи Дастагул омад ва бо ӯ ҷанҷол кард, ки ба кӯдак ҷабр мекунад. Бибиам дар ҷавоб гуфт, ки ҷуссаи набераи маро бин, ӯ аллакай бояд ба зиндагии мустақилона тайёр шавад. Барои хоб кардану зиндагии роҳат фурсат дорад.
Ҳар саҳарӣ барвақт аз хоб мехестам, ки бобоям ҳавлиро об задааст ва супориш медод: ҳавлиро рӯб!
Говро дӯшида, ширро болои газ монда, ҳавлирӯбӣ мерафтам. Пас аз он дастархонро мепартофтаму супориши нав мегирифтам: паи дарзмол кардани либосҳоят бош!
Баъди ношто бибиам рӯзномаамро медид ва мефаҳмид, ки чанд соат дарс дорам. Фармон медод: соати фалон дар хона бошӣ!
Супоришҳо ончунон ҷиддӣ буданд, ки имкони саркашӣ набуд. Баъди бозгашт аз мактаб, фақат як соат барои истироҳат фурсат доштем. Дигар ҳама кор аз рӯи реҷа: кори хона, дарс тайёр кардан ва китобхонӣ.
Дар мавсими тайёр кардани маҳсулот барои зимистон оилавӣ ба деҳаи Тудании Шурообод (Шамсиддин Шоҳин) мерафтем. Он ҷо бобоям боғи себу сабзавот дошт. Ҳамаи маҳсулотро дар ҳамон ҷо омода менамудем. Маҳз дар ин ҷо ин ҳунарро аз бибиам омӯхтем. Як намуди маҳсулоти осетиниро на танҳо ба мо, ҳатто ба ҳамсояҳо низ омӯзонда буд. Як хотираи ҷолиб дорам аз он рӯзҳо. Бибиам дар дасташ ҳамеша қаламу қоғаз дошт ва дар банкаҳои маҳсулоти омодашуда менавишт: ин маҳсулот чӣ ном дорад, кадом рӯзу сол ва аз ҷониби кӣ тайёр шудааст.
Чун маҳсулот хеле зиёд тайёр мекардем, баъзан чандин солҳо мемонд. Ин ҳама дар руҳияи мо бетаъсир намемонд.
Бобову бибиам ба мо маслиҳат медоданд, ки мехоҳӣ зиндагиат рангин гузарад, бояд эҷод кардани чорабиниҳои оилавиро омӯхту муҳит сохт. Барои ҳамин ҳамаи идҳоро мо дар хонаи онҳо хеле шавқовар ва аз рӯи барномаи хос мегузарондем. Ҳоло ин ҳамаро дар зиндагии худ таҷриба мекунем.
Мо дар хонаи бобову бибиам, ҳамчунин, муносибат бо одамони гуногунро омӯхтем. Чун хонаи онҳо доим сермеҳмон буд. Яхдонашон ҳамеша аз хӯрокҳои пешакӣ тайёркарда, хосса тушбераи хом пур буд. Меҳмон, ки меомад, дар як лаҳза хӯрок тайёр. Исроф накарданро омӯхтем. Барои ҳамин дар хонаашон баракат буд.
Бибиам ба мактаб ҳам меомад. Ногаҳонӣ. Дар мизи охир менишаст. Рафти дарсро тамошо мекард ва дар «шуро» моро баррасӣ менамуд.
Машварати асосӣ аз бобову бибиамон ин буд: духтар, агар боис ба беобрӯгии волидону авлод нашавад, иншоаллоҳ ин мисли Ҳаҷ кардан аст».
Мактаби №2: Падари донишманд ва модари баобрӯ
«Ба воя расидан дар хонаи бобову бибӣ ба он маъно нест, ки падару модарам ба мо таваҷҷуҳи кам доштанд. Модарам духтури момодоя Сайёра Мирзоевна дар Кӯлоб обрӯманд аст. Пас аз 43 соли фаъолияти муваффақ сазовори унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон гардид. Падарам Рустам Одинаев ҳам шахси машҳур, 30 сол сармуҳаррири нашрияи «Кулябская правда» буд.
Якумин китобе, ки падар бароям дар синфи 3 хонданам дод, «Асотирҳои Мисри қадим» ном дошт. Онро ҳамаи мо - фарзандон хондаем. Солҳо пас аз падар пурсидам, ки чаро маҳз хондани ин китобро ба мо тавсия доданд. Гуфт, он китобест, ки ҳам шавқи шуморо бедор мекард, ҳам бароятон эҷодкорӣ меомӯхт.
Пас аз хатми мактаб ба факултаи математика, шуъбаи информатика ва забони англисии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дохил шудам. Дертар маълумоти дуюм гирифтам. Дар шуъбаи аудит ва ҳисоббаробаркунии муҳосиботи ҳамин Донишгоҳ. Як муддат дар низоми бонкӣ кор кардам, аз ҷумла дар филиалҳои «Агроинвестбонк», «Тоҷиксодиротбонк» ва «Аввалин бонки молиявии хурд» дар Кӯлоб. Аммо баъдан ба хулосае омадам, ки ин кор ба арзишу принсипҳои ман мувофиқ намеояд. Падарам пешниҳод кард, ки дар «Кулябская правда» ба сифати мухбир ва дизайнер ба фаъолият пардозам. Ҳамаи малакаҳои журналистиро аз он кас омӯхтам. Мегуфт, дар журналистика аз ҳама муҳим хоҳиш аст. Шукр, мактаби хуби касбиро аз падарам гузаштаам. Аз соли 2019 сармуҳаррири «Кулябская правда» мебошам. Як мушкили умда моро азият медиҳад: норасоии журналистони русзабон. Албатта, талошҳое барои ҳалли ин масъала низ дорем…
Мактаби №3: Идеали ман: «Пешвои миллат»!
«Ҳамагӣ 8 – 9-сола будам, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оғоз шуд. Ҳарчанд хурд будем, таъсири онро дар муҳит эҳсос мекардем. Падарам сармуҳаррири «Кулябская правда» буду аз ҷараёни ҳодисаҳо огоҳ. Замони дар Иҷлосияи таърихии XVI раиси Шурои Олӣ интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бобо ва падарам, ки бо он кас ошноӣ доштанд, ин хабарро бо хушнудӣ пазируфтанд ва моро бо ин пайки хуш табрик карданд. Гуфтанд, ки акнун мутмаинем Ватани моро сулҳу оромӣ фаро мегирад.
Орзу доштам, ки бо Сарвари давлат вохӯрие дошта бошам. Ниҳоят дар яке аз сафарҳои ахирашон ба Кӯлоб ба ман муяссар шуд, ки дар назди он кас сухан ронам. Дар ибтидо тоҷикӣ ва баъд хоҳиш кардам, ки иҷозат диҳанд, то бо русӣ суҳбат намоям. Розӣ шуданд. Дар бораи кӯдакиам ва солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ нақл кардам. Баъд ҷойгоҳи нашрияро дар он солҳо, ки чӣ гуна ҳар рӯз то 14 000 нусха нашр мешуд ва мардуми берун аз Кӯлобро бо воқеияти вилоят шинос менамуд, нақл кардам. Аз нақли падарам гуфтам, ки тавассути самолёту вертолётҳое, ки ба Кӯлоб кумаки ғизоӣ меоварданд, ба хориҷи Кӯлоб «Кулябская правда» – ро мебурданду мардумро ба воқеиятҳои он замон, мушкили минтақа ошно мекарданд. Дар охир масъалаҳои вобаста ба нашрия, аз ҷумла вобаста ба норасоии кадрҳои русзабонро ишора намудам. Он кас ба суханрониам гӯш дода, ишора намуданд, ки бобову падари маро мешиносанд. Маслиҳату машваратҳои пурарзиш доданд. Ҷойгоҳи нашрияро дар он солҳо зикр карданд. Як ишораи маънидор намуданд, ки дар он солҳои душвор нақши мардуми Кӯлоб, хосса занону духтарон хеле бузург буд.
Ин барои ман ва ҳамаи занону духтарони дар он мулоқот ҳузурдошта неру бахшид. Акнун худро як шогирди мактаби Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасаввур мекунам. Бо ҳамин ният охири соли гузашта, вақте номзадиамро ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб пешниҳод карданд, бо хушӣ пазируфтам.
Ҳамзамон, аз соли 2017 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб аз фанни «Иқтисодиёти ҷаҳон, баҳисобгирии муҳосибӣ ва назарияи иқтисодӣ» дарс медиҳам. Соли 2019 мавзуи рисолаи илмиро интихоб кардам. Ҳама талошамро ба ин равона хоҳам кард, ки як шогирди муваффақи мактаби Пешвои миллат бошам.
«Бонувони Тоҷикистон»