Мавзуна Ҳайдарзода:
«Агар соҳиби духтар шавам, эҳсоси танҳоиву хастагӣ як сӯ, намегузорам, ки дасташро дар оби хунук занад». Ин як андешаи духти кӯчаке аз хонаводаи хизматчиёни давлатӣ буд, ки зодмандон Мавзунаи ҳанӯз ба балоғат нарасидаро бо сарбориҳои хонаводагиву тифлакон танҳо гузошта, рӯз то бегоҳ пайи касбу корҳои худ буданд. Бегоҳӣ ба остон баргашта, аз «духтари калони хона» иҷрои корҳоро мепурсиданд.
- Аммо бо гузашти солҳо ба дарки ин нукта фикру андешаам тағйир хӯрд, ки ҳадаф аз сахтгириҳои зодмандон ва дар айни наврасӣ азбар кардани масъулиятҳои хонаводагӣ ин дар мушкилиҳо обутоб ёфтану омодагӣ ба ҳаёти мустақилона ва аз ҳолатҳои ногувор тавони мустақилона баромаданам будааст, - хандида хотираҳои бачагиро ба ёд меорад Мавзуна. – Падар аз дарзмоли сарулибосу тозагии дару погаҳ, то обу алаф додани гову моли хона ҳамаро бар зиммаи ман гузошта буданд. Модарам, ки табиатан камгапу ҷиддӣ аст, ҳарфи зиёд намезад ва ҳар саҳарӣ вазифаҳои рӯзонаи маро мушаххас ёдовар шуда, ҳатто намепурсиданд, ки аз иҷрои ину он кор баромада метавонам ё не. Дар он айём ягона меҳрубону муттакоям бибиҷонам буд, ки ба ман босабр будану дар шебу фарози зиндагӣ мубориз буданро талқин менамуд.
Дар синфҳои ибтидоӣ он қадар таҳсили хуб надошт, вале дар 12 - 13 - солагӣ шавқу ҳаваси идомаи таҳсил дар мактабҳои типи нав, ки бо бартариҳои забономӯзиву зарфиятҳои усули таълим аз дабистонҳои маъмулӣ фарқ дошт, ӯро ба Литсейи давлатии №1-и маркази ноҳияи Кӯшониён овард. Ба гурӯҳи забони англисӣ шомил шуда, соли 2007 муассисаи мазкурро бо баҳои аъло хатм намуда, донишҷӯи Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон гардид.
- Шояд ҳамин пешомадҳои ғайриинтизор нахустин санҷишҳои зиндагӣ бошад, ки орзуям табиб шудан буду лекин хати тақдир маро ба муассисаи олие овард, ки дар миёни 80 нафар ҷавонписарон ягона духтар будам. Боз ҳам тазодҳои ҷавониро ба хотири ягона шонси ба шаҳр омадану боз шудани имкониятҳои нав дониста, нодида мегирифтам.
Дар шаҷараи аҷдодии мо таваллуди духтар ниҳоят ангуштшумор буд, валекин, ҳамин якдонаҳои хонаводаҳоямон, аз ҷумла худи ман бачасифат ба воя мерасидем. Дугонабозиро дӯст надоштам ва дар муҳити бачаҳо футболбозиву дучархаронӣ, давутозу размандагиҳо ва тамошои филмҳои ҳарбиву детективӣ аз шуғлҳои дӯстдоштаам маҳсуб меёфт. Дар ҷамъбасти соли севуми донишҷӯӣ бо ҳамсабақам издивоҷ карда, ҳамзамон, таҳсилоти иловагиро дар Маркази забономӯзии «СВОТ-Теппа» оғоз намудам. Баъди хатми Донишкада дар соли 2013 ба зодгоҳи ҳамсарам баргашта, дар МТМУ №49 – и ноҳияи Ёвон аз фанни забони англисӣ дарс медодам.
Соли 2016 талаботи аз рӯи ихтисос дарс гуфтани омӯзгорон пеш омаду ҳамсарам розӣ шуд, ки ба хотири ихтисоси дувум таҳсилро дар шуъбаи ғоибонаи факултаи забону адабиёти руси Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав идома диҳам. Барои модари чаҳор фарзанди ҳушманду донояк омӯзгор будану донистани забонҳои хориҷӣ хушбахтии бузург аст, - иброз медорад Мавзуна Ҳайдарзода. – Гарчанде бо амри тақдир аз фаъолияти омӯзгорӣ канор рафтаам, самараи заҳматҳои пайвастаамон аст, ки ҷигарбандони мо дар баробари забони модарӣ бо лисони русиву англисӣ ҳам озодона муошират менамоянд.
Ба хотири рушду ташаккули зеҳнии фарзандон аз ноҳияи Ёвон ба Кӯшониён кӯчида, фаъолияти худро ҳамчун хаткашони Идораи алоқаи Почтаи ноҳия идома бахшид. Баъди муддати начандон зиёд ба ҳайси назоратчӣ ва хазинадор кор карда, як соли охир вазифаи мудири шуъбаи алоқаи Почтаи ноҳияи Кӯшониёнро ба зимма дорад. Мавзунаро, ки ҳанӯз аз овони мактабхонӣ ба ин боргоҳ пеши модараш омада, дар бандубасту тақсимоти нашрияву маҷаллаҳои даврӣ ба калонсолон кумак мерасонд, ҳамчун духтари худӣ дӯст медоранд. Илова бар ин, дар он солҳо бо таъкиду роҳнамоии падари меҳрубонаш ба омӯзиши илми риёзӣ ва нозукиҳои соҳаи муҳосибот таваҷҷуҳ намуда, ҳамакнун, таҷрибаи шавқу рағбат ба касбу кори зодмандон барояш суд меорад.
– Кормандони Маркази алоқаи Почтаи ноҳияи Кӯшониён ҳафтае то 14 ҳазору 300 нусха рӯзномаву маҷаллаҳои давриро ба хонанда мерасонанд, ки дар деҳу маҳаллаҳои дурдаст сукунат доранд. Дар баробари саъю талош ба хотири беҳтар намудани хизматрасонии соҳа боист бо навовариҳои ояндабинонаву дастовардҳои бесобиқа дар самти ҷалби бештари аҳолии ноҳия ба мутолиаи матбуоти даврӣ нақшаҳоеро дар амал татбиқ кард, то ин ки наслҳои оянда аз кори имрӯзи онҳо ба некӣ ёд оваранд.
Дар раванди татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа Мавзунабону Ҳайдарзода аз ҷавонтарин кадрҳои лаёқатманди ноҳияи Кӯшониён ба ҳисоб меравад, ки бо эътимод ба донишу зарфиятҳои фикриву истеъдоду салиқаи корбариаш аз ҷониби роҳбарияти кунунии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён ба вазифаи роҳбарӣ пешбарӣ гашт.
Бо ҳама масъулиятҳои роҳбариву ҳадафҳои ояндасозӣ, Мавзунабону фориғ аз кору саргармиҳои зиндагӣ ба такмили донишҳои илмиву сиёсӣ ва омӯзиши бештари забонҳои хориҷӣ машғул аст. Дар ҷодаи худшиносиву худсозиҳо модарро устоди асилу роҳнамои хирадманд, ҳамрози дилписанду дугонаи беҳтаринаш мешуморад, ки дар тарбияи маънавию ташаккули зеҳнии духтари хушсалиқааш нақши ниҳоят бузург дорад.
-Модар маъмани офаринишу мояи хушбахтиву саодати фарзанд ба ҳисоб рафта, ҳатто баъди ба ҳаёти мустақилона роҳнамун сохтанамон, боз ҳам мисли тифли домони покаш ба ҳидояту меҳрубониҳо, нигоҳи меҳрофарину дуои тавонбахши ӯ ниёз дорем. Ҳолиё, дар тарбияи фарзандону фарҳанги муносибат бо кӯдакони ба синни бедорӣ расидаам, ба маслиҳату роҳнамоии модар ниёзмандии бештар дорам, - меафзояд Мавзунабону Ҳайдарзода.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
ноҳияи Кӯшониён