Олия Рањматова, донишљўйи соли сеюми Донишгоњи славянии Тољикистону Россия, ихтисосаш муњандиси таъминоти барномавист. Ў иштирокдори озмунњои байналмилалї, бењтарин донишљўй миёни кишварњои узви Иттињоди Давлатњои Мустаќил дар соли 2021. Олия барномасоз ва созандаи Веб - сайтњо буда, дар тањияи барномањои таълимї сањмгузор ва ҳамзамон омўзгор аст. Чї гуна вай барои хориљиён сайтњо месозад? Суњбати мо бо ин духтари донишманд аз боби тањсил ва дастовардњои ўст.
- Сохтани сайтњоро аз куљо ва аз кї омўхтед ё муњити оила ба Шумо таъсир расонд?
- Падарам дар ширкате оид ба камера ва системаи бехатарии он фаъолият мебарад, пешаи модарам муњосибист. Бародари калониам барномасоз, ману њоњарам низ дар ин самт мехонем. Хонаводаи моро оилаи барномасозон мегўянд. Дар баробари тарбияи дуруст падару модар ду чизро дар њаёти фарзандон муњим мењисобанд: забономўзї ва омўзиши технологияи информатсионї.
Мустаќилона мекўшидам, ки дар бораи чї гуна сохтани сайтњо маълумот ба даст орам, бароям ин амал шавќовар буд. Дар синфи 6 мехондам, падарам бароям як диск овард ва шуруъ кардам ба омўхтани барномањову сайтњо. Бароям сохтани одитарин љадвалњо дар давоми њафтањо муяссар мешуд, њарчанд ин кор чанд даќиќаеро мегирад. Муваффаќ нашудам, њатто мегиристам, ки чаро аз уњдааш намебароям. Њамин тавр аз бањраш баромадам. Вале баъди чор сол боз дубора шуруъ кардам.
- Дуруст аст, ки аз 16 - солагї барои сохтани сайтњо фармоиш мегирифтед?
- Бале, њини тањсил дар синфи 10 фањмишу фаъолиятам дар ин самт рў ба бењбудї нињод. Сайти аввалинамро сохтам. Дар форуми IIC иштирок намудам. Якум лоињаи ман барнома барои мактабњо буд. Зодмандон ба сайт ворид шуда, дар бораи муаллимон маълумот мегиранд. Дар МТМУ № 20 мавриди истифода ќарор гирифт. Баъдан, ба хулосае омадам, ки барои муаррифї кардани ширкатњо сайт созам. Ба коргоњњо мерафтам, маро дидан замон бовар намекарданд, меандешиданд, ки оё духтар -
хонандаи мактаб аз уњдаи чунин кори душвор мебаромада бошад. Бо нобоварї ба ман менигаристанд. Баъдтар њамфикрони худро пайдо кардам, ки дар соњаи тиљорат кор мекарданд, аммо сайт надоштанд. Барояшон сайт сохтам, ки писандашон омад. Баъдан барои интернет-маѓозањо, шуъбањои оперативї ва ѓайра сайт сохтам.
- Огањї ёфтем, ки дар хориља низ муштарї доред?
- Дар 20 - солагї барои ќабули фармоишњои хориљиён дархост ќабул кардам. Бештари муштариёне, ки дархости сайт мекунанд, аз Россия, Украина, Дубай њастанд. Кори мо фосилавї аст. Ман сайтро месозам, онњо ќабул мекунанд. Барои пешравии кор соламро пинњон медоштам, то муштариён бо боварї бо мо њамкорї намоянд.
- Омўзгор њам њастед?
- Барои наврасони аз 11 то 16-сола курсњои омўзишї дорем, ки ба онњо барномасозиро меомўзонем. Њамчунин, сохтани филмњои тасвирї, бозињои аниматсиониро низ ба онњо мефањмонем. Ќисми асосии дарсњо сохтани Веб-сайтњо, тањияи барномањои мобилї мебошад. Дар Донишгоњ маро мутобиќгари (координатор) курс, баъдан маъмур оид ба барномасозї таъин намуданд. Дар интернет маќола низ менависам. Чандин маќолаам дар рўзномањои ИДМ ба табъ расидааст. Ҳамчунин соли 2021 бо созмони ҷамъиятие дар Марокаш онлайн баромад намуда будам.
- Барои сохтани як Веб - сайт чї ќадар ваќт зарур аст?
- Масалан, агар сайт мулоќот (визит) бошад, 11 соат, барои сайтњои тиљоратї 20 соат ваќт сарф менамоям. Сохтани сайт вобаста ба категория аст. Њоло ман 5 Веб – сайти фаъол дорам, ки тамоми маълумоти зарурї дар онњо њаст. Дар сайтњое, ки месозам, њатман љойи аќидаи истифодабарандагонро маќом медињам. Хушбахтона, мутахассисони соња ба корам бањои баланд медињанд ва аз ин эътироф хурсандам.
-Ба фикри Шумо, кўдаконро аз чандсолагї ба ин самт равона намудан дуруст аст?
- Масалан, дар Љумњурии Корея аз 6-солагї ба хонандагон барномасозиро меомўзонанд. Аз 12-солагї ба сохтани Веб – сайтњо шуруъ мекунанд. Дар синни 16 онњо аллакай барномањоро ба дигарон меомўзонанд. Кўдакони мо аз онњо чї камї доранд. Кўдаке, ки шавќ дорад, зуд ёд мегирад, инро бо боварї гуфта метавонам. Њастанд наврасоне, ки дар сатњи ман ќарор доранд, ман ба онњо бовар мекунам ва медонам, ки аз уњдаи кор мебароянд.
- Дар ин самт духтарон ангуштшуморанд…
- Бале. Ба духтарон гуфтаниям, ки аз барномасозї нањаросанд. Ин касби душвор нест. Бисёрињо аз он мењаросанд, ки математикаро аъло намедонанд. Дар барномасозї математикаи элементарї истифода мешавад. Барои нафарони сайтсоз фанни геометрия ва забондонї зарур аст. Агар аз ин донишњо бањравар бошед, пас шумо метавонед аз њоло барои омўзиши барномасозї ва Веб – сайт кўшиш ба харљ дињед. Хурсанд мешавам, агар дар ин саф духтаронро зиёдтар бинам.
Фарзона ВОСЕЕВА