Зиндагии одиву заминие ба сар мебарад, агарчи бештари вақти хешро дар фазо сипарӣ карда. Обрӯву эътиборро аз бедорхобиҳову заҳматҳои шабонарӯзӣ дарёфта.
Сарфи назар аз он ки 30 сол дорад, зиндагӣ бармаҳал ба ҳукми як инсони солору рӯзгордида имтиҳонаш намуда. Гармиву сардии рӯзгорро чашида ва аз ин ҳама гирудорҳо ба худ панде гирифта. Аз он фараҳманд аст, ки бар мушкилиҳо ғолиб омадаву дар касбу кор сарфароз гардида.
Аҳли хонавода зиндагии хушу хуррам доштанд, то замоне, ки кишварро нобасомонӣ фаро гирифт. Ӯ ҳанӯз як сол дошт, ки аҳли оила ба вилояти Ростови Федератсияи Россия кӯч баст.
Кӯдакии берун аз Меҳан
- Чун хурд будам, хотираҳо аз он овон хеле хираанд. Аз рӯйи нақли волидон, то замони муҳоҷират онҳо аз рӯйи ихтисоси худ, ки омӯзгори забони русӣ буданд, дар зодгоҳ дарс мегуфтанд. Аммо дар мусофират касбашон тағйир ёфт. Ягона ноновари хона падарам буд. Модарам ба нигоҳубини фарзандон банд шуда, корҳои хонаро ба сомон мерасонд, - бо ёдоварӣ аз он замон қисса оғоз мекунад ӯ.
Маҳинаи хурдакак овони кӯдакиро дар мусофират пушти сар намуд, дар ясливу боғчаҳо, дар гирду атрофаш ҳама кӯдакони рус буданд.
- Суруданро зиёд дӯст медоштам. Бо ҳамсолон назди ҳамсояҳо консерт меоростем. Теъдоди тамошобинон 10 – 15 нафарро ташкил медод, ки ба ҳар кадоми онҳо бо нархи 50 копеек (тин) чипта мефурӯхтем. Матнро худам эҷод карда, онро бо лаҳни зебои кӯдакӣ оҳанг баста, месароидам. Бисёр ҳам даврони хушу беғамӣ буд, ки ҳеҷ гоҳ аз хотираам зудуда намегардад, - варақгардон мекунад хотираҳоро Маҳинабону.
Пас аз хатми мактаби миёна баҳри амалӣ намудани орзуҳояш роҳ пеш мегирад. Ба Донишгоҳи давлатии Волгоград дохил шуда, равияи ҷамъиятшиносиро мепазирад.
Тасодуф
Баробари хотима ёфтани таҳсил ва ба даст овардани диплом, ба назди модар шитофт, ки он овон дар шаҳри Душанбе мезист. Ин сафар тавонист, ӯро ба самте бубарад, ки аслан сари он андеша намеронд.
-Интихоби пеша бароям ғайриинтизор буд. Як сухани хоҳарбузургам сабаб гардид, то ман ба сӯйи фурудгоҳ биёям. Дақиқан, соли 2013 буд. Хоҳарбузургам, ки он замон дар ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» фаъолият дошт, пешниҳод намуд, то ҳуҷҷатҳоямро ба ширкати ҳавопаймоии навтаъсиси украинии «Ист Эйр» (East Air) пешниҳод намоям. Зеро моро мебоист муҳлати тулонӣ дар Тоҷикистон бимонем ва бидуни кор кардан зистан ғайриимкон мебуд. Азбаски ба қисме аз талаботи меҳмондории ҳавопаймоӣ, аз қабили донистани забони русӣ, солимии ҷисм ва синну сол ҷавобгӯй будам, бо гузашти се зинаи санҷишӣ дастболо шудам, - баён медорад Маҳина.
Агарчи фаъолият бурдан дар ҳавопаймо дар ёду хаёлаш набуду мисли дигар меҳмондорони ҳавопаймо орзуи тифлияш низ маҳсуб намеёфт, як пешниҳоди хоҳарбузургаш тавонист, ки самти зиндагии ӯро тағйир диҳад. Ҳоло вай аз фарзанди падар сипосгузор аст, ки ба ин роҳ талқинаш намуд. Қаноатманд аст, ки ин шуғлро писандидааст.
Нахустпарвоз
Ба қавли ӯ шояд барои бархеҳо, ки аз ин шуғл огоҳии комил надоранд, меҳмондори ҳавопаймо будан, содаву бидуни муаммо намояд. Чун ба андешаи мусофирони ҳавопаймо тақсим кардани ғизо ва ҷамъоварии зарфҳои истифодашуда корест саҳлу осон. Аммо дар асл, барои ин ҳамаро анҷом додан, забондону нигаҳбон ва қабл аз ҳама, равоншиноси хуб мебояд буд. Ба ҷуз ин, муомила бо мусофирон ва чи гуна амал намудан замони сар задани ҳолатҳои изтирорӣ аз роҳбалад масъулият, фаҳмишу дарки аниқ рост меояд.
Чун аз анҷоми аввалин парвозаш пурсон шудем, бо табассум гуфт:
- Баъд аз давраи омӯзишӣ ниҳоят замони парвози мустақилона фаро расид. Нахустин парвозам дар хатсайри Қӯрғонтеппа-Москва-Қӯрғонтеппа анҷом ёфт, ки хеле ҳаяҷоновар буд.
Чаҳор нафар меҳмондори ҳавопаймо будем. Барои ҳар кадомамон кор тақсимбандӣ гардидааст. Маро мебоист, ки барои хӯрока ва ошхона ҷавобгӯй бошам. Ҳамон рӯз сардор низ ҳамроҳамон буд. Тамоми хӯрокҳоро гарм намуда, омода мекардам. Дигар ҳамкорон машғули кори худ буданд. Ногаҳон, ҳангоми ҳисоб намудани хӯрокҳо мебинам, ки ду қуттии хӯрок намерасад. Маро воҳима гирифт. Гиря гулугирам намуду ба худ гуфтам, акнун бо ҳамин мартабаи ман аз даст раҳо мешавад. Аммо, вақте аробаҳои ғизокашонро аз назар гузарондем, хӯрокҳои гумшударо ҳамроҳи пасмондаи хӯрокҳо пайдо намудем, ки ин ҳолат ҳеҷ гоҳ аз ёд намеравад.
Бо ҳамин парвоз аз имтиҳонҳои «заминиву осмонӣ» ба хубӣ гузашт ва фаъолияташро ба ҳайси меҳмондори ҳавопаймо шуруъ намуд, ки дар соҳаи ҳавопаймоӣ бо номи «стюардесса» роиҷ аст.
«Победа» ва «Nordwind Airlines»
Бо сипарӣ шудани ду соли кор дар ин самт, ширкати мазкур ба фаъолияти худ нуқта гузошт. Баъд аз ин, Маҳина гумон бурд, ки бо ҳамин кораш ба поён расид. Пас аз каме таваққуф, рӯзе ҳангоми аз назар гузарондани ҷойҳои холии корӣ, модараш тавсия медиҳад, ки ҳуҷҷатҳояшро ба ширкати ҳавопаймоии «Победа» бифиристад. Бо гузашти андак вақт, ӯро барои суҳбат ба шаҳри Москва даъват намуданд ва, хушбахтона, суҳбат бомуваффақият анҷом ёфт.
-Беҳуда нест, ки мегӯянд, одаме дар соҳаи авиатсия кор кардааст, дигар бе ин соҳа наметавонад. Воқеан, дар ин муддат саморо ёд карда будам. Пас аз гузашти давраи омӯзишии 3-моҳа, моҳи августи соли 2018, дар ин ширкати бонуфузи Россия ба фаъолият пардохтам, - иброз дошт Маҳина Мастулова.
Ӯ, ки духтари чобуку уҳдабарост, бо вуҷуди комёбиҳояш бо он иктифо намекунад. Ҳамеша дар рӯзгораш дигаргуниеро дидан мехоҳад. Ҳамин буд, ки пас аз омӯхтани таҷрибаи 4-солаи корӣ дар ширкати ҳавопаймоии Россия, корро дар ширкати ҷаҳонӣ - «Nordwind Airlines» идома бахшид. Инак, дар давраи санҷишии 6-моҳа қарор дораду умед бар он мебандад, ки бо пушти сар намудани марҳилаи санҷишӣ ширкати мазкур бо ӯ шартномаи кории муҳлатдорро ба имзо мерасонад.
Манфиату мушкилиҳои соҳа
Фаъолияти рӯзмарраи меҳмондори ҳавопаймо аз дигар шуғлҳо ба куллӣ фарқ дорад. Онҳо мебояд, ду соат қабл аз парвоз ба фурудгоҳ ҳозир шаванд. Пас аз вохӯрӣ бо ҳайати идоракунии ҳавопаймо (экипаж) ва шиносоӣ бо ҳамдигар, сардори стюардессаҳо маълумотро дар бораи хатсайри навбатӣ мерасонад ва вазифаҳои ҳар як аъзои экипаж муайян мешавад.
Баъд аз гузаштани назорати духтур, санҷидани набзи дил ва ҳолати умумӣ, ба онҳо иҷозати парвоз медиҳанд. Кори стюардессаҳо то аз назар гузарондани дохили ҳавопаймо, пешвозгирӣ, кумак намудан ҳангоми ҷойгиршавии мусофирон ва қабули бағоҷ идома меёбад. Давоми парвоз дастрас намудани хӯроки гарму нӯшокӣ ба мусофирон низ вазифаи ҷонии меҳмондори ҳавопаймо маҳсуб меёбад. Дар умум, як рӯзи кории онҳо тақрибан 12 соатро фаро мегирад.
Вақте ки сафаракиҳо ором мегиранд, меҳмондори ҳавопаймо чӣ кор мекунад, - мепурсам аз ӯ.
-Ин аз масофаи парвоз вобаста аст. Ҳангоми тулонӣ набудани парвоз, стюардесса ҳақ надорад, хоб равад. Давоми парвоз мо якдигарро иваз мекунем. Ҳар як 10–20 дақиқа вазифадорем, ки ҳоҷатхона ва купеҳои мусофиркашониро аз назар гузаронем, то бовар ҳосил намоем, ки барои мусофирон ҳамаи шароит муҳайёст. Дар вақти холӣ хӯрок тановул менамоему ҳамзамон бо ҳамкорон суҳбат меороем,- мегӯяд дар посух ба пурсиши ман.
Ҳисси кунҷкобиам боло мегираду аз ӯ дар хусуси бартариятҳои пешааш мепурсам.
-Сафарҳои зиёд, суҳбату вохӯрӣ бо мусофирони гуногунпешаву гуногунхислат, дидан намудан аз ҷойҳои таърихии кишварҳои хориҷӣ ва, албатта, аз наздик дидани манзараи ҷолиби тулуъ ва ғуруби Офтоб аз ҷумлаи бартариятҳои ин пеша аст, - иқрор меояд ӯ ва дар баробари ин, аз мушкили касб низ ёд меорад.
- Ҳар нафаре, ки ин пешаро интихоб менамояд, қабл аз ҳама, бояд дарк созад, ки нафари дар соҳаи мазкур фаъолиятдошта барои зиндагии шахсии худ вақти зарурӣ пайдо карда наметавонад. Чун пайваста дар сафар асту ҳатто дидори наздиконаш ба серӣ ба ӯ даст намедиҳад. Реҷаи хоб низ комилан аз байн меравад. Ба саломатӣ ҳам таъсири худро мерасонад. Зиёд ба пой рост истодан метавонад ба бемории варикози рагҳо оварда расонад. Эҳсоси сар задани ҳар гуна ҳолатҳои изтирорӣ сабабгори бад шудани ҳолати руҳии корманди ҳавопаймо мегардад.
Маҳина Мастулова мекӯшад то номи духтари тоҷикро хориҷ аз кишвар ҳамчун содиқ ба касби хеш муаррифӣ созад. Аллакай чун беҳтаринҳои соҳа ном баровардаву баҳорони зиёди умри хешро дар само сипарӣ намудааст.
Бунафша РАҲМОНОВА