суҳбати ихтисосӣ бо Иброҳимзода Ҷаҳонафрӯзи Асалбек, ходими илмии Институти математика ба номи Қ.Ҷӯраеви АМИТ
- Чаро маҳз ба математика рӯ овардед?
- Соли 2001, ҳини дар синфи шашум хонданам, ҳар боре, ки ба тарзи сабақдиҳии муаллими фанни риёзиам менигаристам, шавқам ба ин соҳа меафзуд. Омӯзгор ончунон бодиққат мисолу масъалаҳоро ҳаллу фасл мекарду тарзи иҷроро шарҳ медод, ки ба ман сахт писанд меомад.
Сабаби дигар дар он аст, ки намояндагони ин соҳа ба тамоми паҳлуҳои масъала таваҷҷуҳ зоҳир месозанд. Яъне, мисол ё масъаларо басо дақиқ ҳал мекунанд, то ки ҷавоб саҳеҳ бошад. Боз онро месанҷанду исбот менамоянд… -
- То имрӯз боре майли тағйири пеша накардед?
- Ростӣ, ба барномасозӣ ҳам таваҷҷуҳ дорам ва дар аксари олимпиадаҳо маҳз аз информатика ширкат меварзидам, лекин барои барномасозӣ ҳам математика аввалиндараҷа аст. Онро беҳуда шоҳи фанҳо нагуфтаанд, чунки тамоми фанҳо ба он қаробат доранд.
- Математика дар роҳи ташаккули шахсият саҳм дошта метавонад?
- Бале. Шахсе, ки ба ин илм рӯй меоварад, ҳалли мушкилоти зиндагӣ барояш осон мегардад. Математика таҳрикдиҳандаи зеҳни инсон аст. Маҳз он фикри солимро дар мағзи инсон ҷой дода, ба ташаккули тафаккур ва такмили афкор мусоидат менамояд.
- Дар соҳаи математикаи имрӯзи мо чӣ норасоиҳоро мебинед?
- Эълон шудани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф»(2020–2040) таконест дар роҳи омӯзиши ин илмҳо. Зеро ҷаҳони муосирро бе илмҳои дақиқу риёзӣ тасаввур кардан номумкин аст. Тамоми техникаю таҷҳизот дар асоси ин илмҳо истеҳсол мешаванд. Дар натиҷаи рушд бахшидан ба ин самту соҳаҳо расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар осон мегардад.
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» созмон ёфт, аммо то ҳанӯз сари масъалаи асосӣ таваҷҷуҳ нест. Ҷавҳари тамоми самту соҳаҳо идея ё худ ғоя аст. Вале касе ба ин паҳлуи масъала диққат намедиҳад. Масалан, мо озмунҳои «Ихтироъкори беҳтарин», «Математики беҳтарин» ва ё «Барномасози беҳтарин» дорем, аммо ин беҳтарин будан ба илми тоҷик чӣ нафъ дорад? Кадом ихтирои ихтироъкор дар хоҷагии халқ истифода шуд? Мехоҳам, ки озмуни «Идеяи беҳтарин» роҳандозӣ шавад, сарфи назар аз самту соҳааш. Вақте идея пайдо гашт, ҳам ихтироъ мешаваду ҳам барномасозӣ ва ҳам татбиқи он. Идеяҳои беҳтарин муайяну бо ҷалби сармоягузорон амалӣ карда шаванд. Ана, ҳамин аст мушкили имрӯзаи рақами якуми мо.
- Дар соҳаи математика шогирдон доред?
- Ман донишҳои дар натиҷаи омӯзишу таҷриба андӯхтаамро ба дигарон низ меомӯзонам. Оре, донише, ки аз самари он дигарон баҳра набардоранд, зарурат надорад. Шогирдонам-магистрҳо зиёданд. Мехоҳам дар оянда доираи онҳоро васеътар созаму бештар ба тарбияву камоли онон пардозам.
- Барои як бону душвор нест ин ҳама?
- Барои духтарону занон омӯзиши ин фан беҳад душор аст, зеро математика дақиқназариро металабад. Вале боз ҷолиб ҳам ҳаст, чунки математиконро фиреб додан нашояд. Масалан, ман модараму фарзанд дорам ва метавонам дар асоси донишҳои назариявию амалӣ ба ӯ тарзи ҳисобкунии пул, тақсими вақт, шумурдани ашёҳо ва маҷмуи тамоми он муносибатеро, ки вобастаи математика аст, омӯзонам. Мисоли одӣ он аст, ки вақте ман ба бозор меравам, медонам, ки килограму грам чист ва ё пули амволи харидаамро худам бевосита шумурда метавонам. Ё вақте хӯрок пухтанӣ мешавам, аниқ медонам, ки бояд об чанд литр бошаду намак чанд грам ва дигар маҳсулот низ ҳамчунин. Аммо, барои як зан, бо вуҷуди сарбории хонаводагию тарбияи фарзандон, таълими шогирдон ва дигар уҳдадориҳо, омӯзиши ин фан мушкил асту аз омӯзанда сабру заҳмату ранҷ металабад.
- Имрӯз таваҷҷуҳи бонувон ба илми математика, яъне шоҳи фанҳо чӣ гуна аст ва тафовуте мушоҳида мешавад нисбат ба чанд сол қабл?
- Оре, тафовутҳо зиёданд. Тавре гуфтам, таваҷҷуҳ ҳаст, аммо мушкилӣ ҳам дар пайи он аст. Бо вуҷуди ин ҳама, аксари духтарони мо ба соҳаи математика шавқ пайдо намудаанд, ки ин ду ҷанба дорад: 1. Тақозои волидон аст, зеро баъзе аз духтарон баъди хатми донишгоҳ аз рӯи ихтисосҳои ғайриомӯзгорӣ ба шавҳар мебароянду иҷозати корро пайдо карда наметавонанд. Дар ин ҳолат, ин пеша барояшон мадад мерасонад. Омӯзгори фанни математикаи ягон мактаби наздик ба ҷойи зист мешаванду ҳам рӯзгорро пеш мебаранд. 2. Омӯзиши математика имкон медиҳад, ки зан дар оила сарфакор шаваду амволу ашёро саришта карда тавонад, чунки математика дақиқиятро мехоҳад.
Барои мисол. Дар хонаводаи мо модарам хонашинанду падарам рассом. Ман ҳамеша меандешам, ки дар авлоди мо кӣ математик буд, ки ба ман таъсир кард? Гоҳҳо мегӯям, шояд вақте падарам расм мекашиданду кунҷҳоро чен мекарданд ва аз ҳар хел фигураҳои геометрӣ истифода мебурданду ман корашонро наззора мекардам, ҳамин боис шуда бошад. Завқам хеле зиёд буд ба ин пеша.
Вақте хатмкунандаи мактаб будам, ҳамеша мегуфтам, ки ҳатман соҳиби Квотаи президентӣ мешаваму дар оянда математикаро бештар аз худ мекунам, аммо рӯзе падарам омада, гуфтанд, ки дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ аз рӯйи ихтисоси математика квота набудааст. Аз ин рӯ, номи маро барои ширкат дар озмуни квота аз рӯи ихтисоси информатик – барномасоз навиштаанд. Аз ин ҳам шод будам, зеро дар баробари математика барномасозиро ҳам меписандидам. Ҳамин тавр, соли аввали таҳсилро аз рӯи ихтисоси барномасозӣ хатм кардаму сипас, ба ихтисоси математика интиқол ёфтам, чунки меҳри математика маро ҳамеша ба сӯйи худ мекашид ва то имрӯз дар ин самт фаълият дорам.
Дар маҷмуъ, фаъолияти занон дар самти илмҳои дақиқ хеле хуб ба назар мерасад, зеро имкониятҳои мусоиди илмомӯзӣ аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумат барои духтарону занон фароҳам оварда шудаанд. Машғул шудан ба фанҳои табиатшиносӣ барои бонувон осон набошад ҳам, онҳо дар ҷодаи илмҳои дақиқ пешсафанд ва ҳатто дар арсаи ҷаҳонӣ бо натиҷаҳои назарраси худ ном баровардаанд…
Мирсаид САТТОРИЁН,
рӯзноманигор