Падар гоҳу ногоҳ барои хушҳолии хонавода сурудҳои халқиро замзама мекард. Духтарак бо қиблагоҳ ҳамовоз мешуд. Садои ӯву падар хонаро ба базмгоҳи воқеӣ табдил медод. Овози духтар ҷаззобияте дошт, ки ҳар шунаванда то охирин сатри суруд гӯш бар намедошт. Сурудани падар аз сурудани духтараш фарқ дошт, аксар вақт барои болидахотирии оила ва рафъи хастагӣ фалак мехонд. Вале Навбаҳор аз умқи дил месароид. Овозаи овози олиаш аз муҳити хона берун баромад, кунун тамоми деҳа ӯро мешунид. То ҳини мактабхонӣ аллакай Навбаҳор ҳамчун сарояндаи хурдакак дар деҳа машҳур гардида буд.
Аввалҳо ба Меҳринигори Рустам пайравӣ мекард. Овозашро ба ӯ монанд месохт. Вале оҳиста - оҳиста сабки хешро пайдо намуд. Муштариёнаш низ афзуданд, чунки садои Навбаҳор навбаҳоре дар боғи «фалак» буд.
Ҳанӯз синфи як буд, ки рӯйи саҳнаи мактаб ҳунарнамоӣ кард. Сипас, тамоми чорабиниҳои мактабиву ноҳиявиро садои марғӯладори Навбаҳор зебоӣ мебахшид.
Ӯ дар риштаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ пайи таҳсил аст ва, ҳамзамон, дар Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, ки хатмкунандаи ин макон аст, чун муаллими фанҳои ҳуқуқ ва таърих фаъолият дорад.
Вақте аз вай мепурсанд, ки чаро дар самти сарояндагӣ таҳсил накардед? Лаҳзае ба андеша меравад, сипас:
- Сурудхонӣ як шуғли ман аст, омӯзгорӣ касбам. Ин дуро як хел дӯст медорам. Омӯзгор будан шарафи бузург аст, аз ин ифтихор мекунам. Мехоҳам ҳамеша миёни хонандагон бошам ва пайваста «муаллим» гуфтани шогирдро бишнавам. Дар ин радиф мехоҳам доираи хурдакаки шунавандаҳои худро низ дошта бошам. Ба ин умед, пайи орзуҳову эҷодҳои нав қадаму қалам мезанам, - бо табассум посух медиҳад.
Навбаҳор Нимонова дар миёни ҳамсолон гули сари сабадро мемонад. Дар самти санъат низ дастовардҳояш чашмрасанд. Ӯ дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар жанри сурудҳои эстрадӣ бо суруди «Тоҷикистон» ширкат варзида, сазовори ҷойи сеюм гардид. Дар озмуни «Таронаи донишҷӯй», ки миёни 39 донишгоҳи ҷумҳурӣ доир шуда буд, Навбаҳор мақоми аввалро касб кард. Вай иштирокчии фаъоли озмуни «Андалеб» аст. Устодонаш Шариф Бедаков, Азизшоҳ Содиқов, Анвар Содиқов барои сабти сурудҳои нав ба нав ёрии хешро дареғ намедоранд.
Навбаҳор хушҳол аст, ки мусиқии «Фалак» ҷаҳонӣ гардид. Ва хоҳони он аст, ки дар равнақу пешбурди ин жанри мардумӣ мисли ҳунармандони шинохта Гулчеҳра Содиқ ва Давлатманд Холов саҳм бигирад.
Ф. шаъбон