04

Июн, 2025
Чоршанбе

04

Июн, 2025
Чоршанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

МЕҲРНОМА

MehrnomaРаънои Хуршед (Раъно Насриддинова) 28 майи соли 2003 дар деҳаи Сори Ҷамоати деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакент, дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст.

Хатмкардаи МТМУ №28–и зодгоҳ, алҳол донишҷӯйи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Ӯ барандаи «Шоҳҷоизаи»-и Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» дар соли 2020, тарҷумон ва рӯзноманигор. Маҷмуаи аввалини шеърҳои Раънои Хуршед таҳти унвони «Салом, борон» соли 2020 ба нашр расидааст.

Чанде қабл маҷмуаи навбатии ашъори эҷодкори ҷавон таҳти унвони «Нотаи сабз» тавассути нашрияи «ЭР - граф» бо теъдоди 1000 нусха чоп шуд.

Маҷмуаи мазкур аз ду фасл: «Маъбади офтоб» (шеърҳо) ва «Нуристони ишқ» (таронаҳо) иборат аст.

Раъно сухан аз зебоӣ, муҳаббат ва ишқ мегӯяд. Ба қавли шоираи ширинкалом Фарзона, ин ғунчаи гӯё чун гулҳои таҳсангӣ бо неруву талоши азим оҳанги ҳастӣ мекунад…

Инак, чанд намуна аз эҷоди шоираи ҷавон Раънои Хуршед.

Умари Шерхон

Ба модарон, иҷозатномаи сабзи Парвардигор омадааст. Иҷозатномаи офариниш. Модарон аз бузургтарин ҳиссиёт бархурдоранд – модарӣ. Модар будан. Замоне, ки омадаӣ аз ҷони худат бигзарӣ, риштаи ҷонатро ба ҳастии ҷисми кӯчаке пайванд медиҳӣ. Худро масъули вуҷуди атои биҳиштии Худованд – фарзанд мешуморӣ. Бале, модар танҳо шабзиндадорӣ намекунад, ӯ ҳар лаҳзаи замони тифлии ҷигарбанди худро дар китоби дилаш сабт мекунад. Соатҳои тулонӣ ба сурати хобидаи ҷигарбандаш назар медӯзад, то сер шавад. Лек модар аз тифли худ серӣ надорад. Модар ҳастии оҳанинест, ки ҳар як тири қисмати фарзандашро аввал ба ҷисму руҳи худ мегирад. Бо хушнудӣ…

 

                                     Ғунчаи гӯё

 

Пушти дари таронаҳо сар шавад ошноиям,

Бо туву бо вуҷуди ту ҷоизаи самоиям.

Аз ту нишони хуррамӣ, нуру нишоти оламӣ,

Чакра ба чакра мечакад дар дили мумиёиям.

Нотаи сабзи арғунун масти шароби лолагун,

Боз биё, ки риштаи банду бало кушоиям.

Ояти моҳтобиам, давлати офтобиям,

Ҷумла ба ҷумла медарӣ номаи пуралоиям.

Кистаму куҷоиям, буд чунин саволи ту,

Рӯйи замин намерасад пои дилам ҳавоиям.

Пушти дари таронаҳо сар шавад ошноиям,

Бо туву бо вуҷуди ту ҷоизаи самоиям.

                ШАКАРНАМ

Шакарнам мезанад борон, ба рӯи баргҳои бед,

Гулобиранг чашми осмон аз ҳасрати пойиз.

Барои ашкҳои дидагони хеш ларзонам,

Ки мехоҳам шавам аз бодаи пойизҳо лабрез.

Аё, ноошнои дидадарёе, ки сӯзондӣ,

Умеди чорбоғи ошноии маро бо худ.

Аё, ушшоқи пойизонае то чанд мехонӣ,

Ба гӯши розҳои тираам сози гунаҳолуд.

Шакарнам қатраҳои атрбори фаслҳои боронӣ,

Ба рӯи сафҳаи фарсудаам афсона меорад.

Аё, ноошнои дидадарёям намебинӣ,

Миёни сафҳаи дидори мо дурдона меборад.

:.  Ҷавонон 01.02.2022 12:20 702

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz