Дилафрӯз Раҳматова дар шаҳри Душанбе дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Соли 2007, пас аз хатми литсеи №55-и пойтахт, ба шуъбаи менеҷер - маркетологи факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил мешавад.
Соли дуюми таҳсил дар озмуни Кумитаи давлатии телевизион ва радио барои интихоби наттоқони телевизион ширкат варзид. Дилафрӯз ҷавонтарин иштирокчии озмун буд.
- Бештар ба барномаҳои иттилоотӣ таваҷҷуҳ доштам. Бахусус ба барномаи «Вести» – и телевизиони Россия, тарзи суханронӣ, мимика, нишаст, ҳаракати дастон, либоспӯшӣ ва ороиши рӯю мӯйи наттоқон аҳамият медодам, - изҳор медорад Дилафрӯз.
Ӯ дар озмун пирӯз гашту фаъолияти худро ба ҳайси коромӯз дар бахши хориҷии идораи «Ахбор» оғоз намуд.
Аввалин маротиба овозаш аз рафти нақшаи ҷамъоварии пахта дар ҷумҳурӣ садо дод. Тавре худи ӯ мегӯяд, он лахза аз вай хушбахттар касе набуд. Барои собиқадорон аҷиб буд, ки ин духтараки резапайкар, ки ҳанӯз донишҷӯ аст, чи гуна аз уҳдаи хондани ин бахш мебаромада бошад. Се сол садош аз рафти ҷамъоварии пахта мардумро огаҳ мекард. Чеҳрааш бори аввал дар бахши «Обу ҳаво» падид омад.
- Барномаи «Субҳ» дар ҳаҷми 5 – 6 дақиқа «Ахбор» пахш мекард. Коромӯзону донишҷӯёни навкор дар ин бахш санҷида мешуданд. Ман низ аз зумраи он таҷрибаомӯзон будам. Ниҳоят ба хулосае омадам, ки журналист бишавам. Зеро ҳама кори «Ахбор» ба зиммаи муҳаррирон буд. Онҳо ҳамеша дар такопӯ ва ҷустуҷӯи хабару мавзуъҳои доғ буданд. Муҳаррири закӣ метавонист ҳам коргардон, ҳам наттоқ, ҳам сенарист ва ҳам наворбардори хуб бошад.
Дар идораи «Ахбор» Дилафрӯз тайи ҳафт сол аз таҷрибаомӯз то ба муҳаррири варзида расид. Маҳз Дилафрӯз шореҳи иқтисодӣ дар барномаи «Ахбор» буд. Ӯ ҳар бегоҳ соати 20:30 дар барномаи ҷамъбастӣ аз вазъи иқтисодии Тоҷикистону ҷаҳон, қурби асъору бозори қоғазҳои қиматнок, катеровкаву баррели нафт ва дигар навгониҳои иқтисодӣ сухан мекард.
- Хатмкардагони факултети журналистӣ се ё шаш моҳ коромӯз мешуданд. Ман дар телевизион се сол кор омӯхтам. Зеро фаъолияти эҷодӣ дар ин даргоҳи муқаддас бароям ифтихор буд. Аввалин ҳаққи қалами худро низ ёд дорам, 12 сомонӣ ва чи қадар бароям арзишманд буд он, - ёд меорад Дилафрӯз.
Пешниҳоди навбатии Кумитаи телевизион ва радио оид ба тарғиби либосҳои миллӣ ва муаррифии тарроҳони ҷавон коре буд тоза. Масъулон пружаи навро ба Дилафрӯз вобаст намуданд. Интихоби номи барнома, ҳайати ҳакамон ва тарроҳон кори сангину пурмасъулият буд. Вале Дилафрӯз аз мушкилӣ наметарсиду «не» – ро намедонист ва барномаи ҷаззобро пешкаши бинандагон намуд. Маҳз барномаи «Муд» сабаб гашт, ки Дилафрӯзи ҷавон сармуҳаррири идораи фарҳангиву фароғатии Телевизиони Тоҷикистон таъин гардад ва се сол дар ин вазифа кор пеш барад.
Зери роҳбарии Дилафрӯз дар ҳамкорӣ, дастгирӣ ва тавсияи устодон пружаҳои ҷадид, аз қабили шоу – барномаҳои телевизионии «Имшаб бо Мубориз Усмонов», «Гуларӯс», «Эҷод», «Парвоз», «Муд», барномаҳои зиёди консертӣ ба мавҷ баромаданд. Қобилияти ташкилотчигии ӯ дар се сол сабаби ба куллӣ тағйир ёфтани идораи фарҳангӣ ва барномаҳои он гардид. Роҳбарият ба ӯ зинаи нави пурмасъулият - сармуҳарририи идораи «Телефилм» - ро вогузор намуд. Дар ин ҷода низ корҳош назаррас буданд. Барқарор шудани дубляжи филмҳои мустанаду бадеӣ бо даъвати ҳунармандони ҳирфаӣ аз ҷониби Дилафрӯз сифати кори идораро хеле боло бурд.
Ӯ дар телевизиони Душанбе сармуҳаррири идораи фароғатӣ - фарҳангӣ буд ва баъд дар идораи «Субҳ» фаъолияташро идома дод. Ин ҷо низ бо пружаҳои «Муд бо Дилафрӯзи Раҳмат» ва «Сайри олам» бо ширкати «Рахш таксӣ», аз зиёда аз даҳ давлати дунё, барномаҳои ҷадид пешниҳод намуд.
Дилафрӯз Раҳматова дар зарфи беш аз 15 соли кор дар соҳаи телевизион бо нишонҳои «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» (2016), «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» (2017), «Аълочии телевизион ва радио» (2018) сарфароз гардидааст. Инчунин, соли 2018 филми мустанади ӯ «Таджикистан – жемчужина Востока» сазовори «ТЭФИ» (Ҷоизаи миллии телевизионии Россия барои дастовардҳои беназир дар соҳаи телевизион) гардид. Тавре Дилафрӯз иброз медорад, дар телевизион дар як фазои озоди эҷодӣ фаъолият дошт. Ҳар як нафаре, ки бо ӯ ҳамкорӣ намудаасту заррае аз ӯ омӯхтааст, устод медонадаш.
Дилафрӯз Раҳматова аз моҳи октябри соли 2019 сардори хадамоти матбуот ва рекламаи Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» мебошад.
- Тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ маълумот пайдо намудам, ки Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» барои кор дар хадамоти матбуот ва реклама озмун эълон намудааст. Хостам худро бисанҷам. Интизор надоштам, ки рӯзи дар озмун иштирок намуданам, рӯзи аз телевизион рафтанам мешавад.
Дар ҷойи нави кор Дилафрӯз бо гурӯҳи бузурге кор мекунад, ки афзалиятро бонувон ташкил медиҳанд. Ин ҷо низ ӯ бо навовариҳои худ маъруф гардидааст. Бонкдорон дӯсташ медоранд ва эҳтиромаш мекунанд. Ин ҷо низ устодони зиёде пайдо намуд. Зеро аз пурсидан намеҳаросад. Аз яке чизе меомӯзад, ба дигаре чизе меомӯзонад. Ин аст табиати Дилафрӯз.
Барои муштариён маълумоти дақиқ ва саривақтӣ муҳим аст. Тавассути сомонаи бонк мизоҷ аз шаклҳои хизматрасонӣ ва амалиётҳои бонкӣ огаҳӣ пайдо менамояд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ саҳифаи бонкӣ фаъол аст. «Амонатбок» 75 филиал ва 546 маркази хизматрасонии худро дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар дорад. Аксари аҳолӣ тавассути ин бонк, ки бонки мардумӣ эътироф шудааст, маошу нафақа мегирад.
Дилафрӯз аз зумраи ҷавонони муосири замон аст. Бо кӯшишу ғайрати хеш ба дастовардҳои хуб ноил гашта, масъулиятшиносу хоксор, заҳматпешаву қобил аст…
Далер САФАР