- Дар оила се бародару ду хоҳарем. Бародаронам дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ ва апаам дар пайи модар омӯзгориро пеша қарор дод. Падарам дар сохтори «Тоҷикстандарт» фаъолият мекунанд, - мегӯяд Фарида.
Дар синфҳои болоӣ аллакай барои худ ихтисоси иқтисодчиро интихоб намудам. Хушбахтона, соли дохилшавӣ аз тариқи Маркази миллии тестӣ дови худ санҷидам ва сазовори номи донишҷӯӣ гардидам.
Замони таҳсил дар мактаб Фарида хонандаи фаъол, сардори синф ва гирандаи стипендияи президентӣ буд. Дар чандин олимпиадаву озмунҳо ва маҳфилу ҷорабиниҳои гуногуни сатҳи мактабиву ноҳиявӣ, шаҳриву ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, соҳиби диплому ҷоиза ва ифтихорномаҳо шудааст.
- Дар тарбияамон модар сахтгир буданд. Маҳз қотеият ва раҳнамоии волидон аст, ки мо таҳсилдидаему дар соҳаҳои гуногун фаъолият дорем. Агар модар дар самти одоби зиндагидорӣ, корҳои хона ё пухтупаз саҳмдор бошанд, аз падар бештар дар самти корӣ маслиҳат мегирем.
Оила, мактаб, муҳит ва умуман ҷомеа дар ташаккулёбии инсон ҳамчун шахсият таъсири бевосита доранд. Дар ҷамъият одам рушду инкишоф меёбад, - мегӯяд ӯ.
Аз рӯзҳои аввали донишҷӯӣ ӯ сардори гурӯҳ ва чанде баъд раиси ҷавонони факултет интихоб гардид. Дар корҳои ҷамъиятӣ ва чорабиниҳои фарҳангиву варзишии донишгоҳ фаъол ва ёвару дастёри устодон шуд.
- Панҷ сол шунавандаи паёмҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар будам, ки бароям ифтихор аст. Сарвари давлат пайваста аз ҷавонон пуштибонӣ мекунанд ва такя ба ҷавонон доранд. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро идеали худ мешуморам, - мегӯяд Фарида ва меафзояд, - ҷоннисориҳои таърихӣ, ки аз ҷониби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу субот ва ризоияти миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва якпорчагии давлат ба амал омадааст, барои мо-насли ҷавон намунаи ибрати ҷавонмардӣ, ватандӯстӣ ва меҳанпарастист.
Мо дар замони пешрафти босуръати технология қарор дорем. Дар замоне, ки дастрасии бемаҳдуд ба иттилооти мухталиф як чизи маъмулӣ ва умумӣ гаштааст. Албатта, дастрасӣ ба дониш, китоб ва дилхоҳ ахбор, ки тавассути интернет - дастоварди бузурги башарият муяссар гаштааст, хуб аст. Вале набояд фаромӯш сохт, ки ҳар гуна пешрафт паҳлуи дигар низ дорад. Тавассути васоити ахбори омма ва шабакаи ҷаҳонии интернет ба ҷомеа метавон фикру ақидаҳои носолим, раванду ҳаракатҳои бегонаву ифротӣ ва хатарзо барои ҳувияти миллӣ интишор гардад. Маҳз бо роҳи дар руҳияи арзишҳои миллӣ ва анъанаҳои суннатӣ тарбият намудани наврасону ҷавонон, ки қисми осебпазири ҷомеа маҳсуб меёбанд, метавонем онҳоро аз таъсири манфии шабакаи иҷтимоӣ эмин нигаҳ дорем ва роҳи самаранок ва ба манфиат истифода намудани онро фаҳмонем.
Раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ бо баргузор намудани чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, варзишиву фароғатӣ мекӯшад дар замири донишҷӯён ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастиро бедор намояд. Аз ин рӯ, дар ҳар вохӯриву мулоқот таъкид мегардад, ки ҷавонон зиракии сиёсиро аз даст надода ба дасисаву фитнаҳои «ватандӯстон» – и фурӯхташуда дода нашаванд, - изҳор медорад Фарида.
Ногуфта намонад, ки Фарида Алимардонова, ҳамзамон, мутахассиси шуъбаи тарбия ва ташаккули шахсият ва котиби раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аст. Роҳбарияти донишгоҳ нисбат ба кори мутахассиси ҷавон баҳои баланд дода, ӯро ҳамчун корманди фаъолу пурмаҳсул ва масъулиятшинос муаррифӣ менамояд.
Фарида кадбонуи хуб низ ҳаст. Тавре ӯ мегӯяд, аз уҳдаи пухтупази таомҳои миллӣ, бахусус манту, ки аз модараш омӯхтааст, бисёр олӣ мебарояд.
- Умуман, кор бо хамир бароям шавқовар аст. Омода намудани оши тупаву бурида, лағмону угроро дӯст медорам. Нону кулча, фатиру сатриро низ дар чагдон хеле хуб мепазам, - мегӯяд ӯ.
Қаҳрамони мо хеле ҷавони закиву уҳдабарост. Мошин меронаду ба варзиш шуғл дорад. Тавре худи ӯ мегӯяд, ҷонибдори тарзи ҳаёти солим аст. Бисёр мехонаду бисёр медонад. Замоне – солҳои 2014 - 2017 ба ҳайси баранда дар барномаи «Субҳи Душанбе»-и Телевизиони Душанбе низ фаъолият дошт. Ҳини фориғ ӯро аз толори варзишӣ меёбанд.
Фарида Алимардонова, як ҷавони муосир бо диди нав ва дӯстдори Ватани хеш, дар навиштани рисолаи илмияш-«Мукаммалгардонии идоракунии хизматрасониҳои иҷтимоӣ», талош меварзад.
САБРИНА