Милоди ӯ ба санаи бузурги таърихие рост омад, ки баъди ҳазорсолаҳои муборизаву ҷонбозиҳои ниёкон дар масири эҳёву таназзули давлату давлатдорӣ, ахиран Шӯрои Олии мамлакат Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон намуд.
Дар ин санаи таърихӣ, яъне 9 - уми сентябри соли 1991 ба Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки дар асоси онҳо Истиқлолияти комили Тоҷикистон ба сатҳи меъёри конститутсионӣ расонда шуд, ки ин меъёр хусусияти баргаштнопазир дорад.
Дар ҳамин рӯзи фархундаи миллат, дар як рустои дури ноҳияи имрӯза Темурмалик тифле ба дунё омад, ки садои гиряҳои марғӯладораш фалакро такон медод. Таваллуди нахустфарзанд андар ин дудмон сукути интизориҳоро барҳам зад, ғаму ғуссаро аз дилҳо зудуда, боварӣ ба ояндаи некро дар зеҳни аҷдодонаш илқо намуд.
- Муҳаббат, модари он тифли фархундапай ба гузори 30 сол аз он лаҳзаҳои ҷонофарин хотираҳои фараҳбахш дорад. - Таваллуди Дилфуза рӯзи 9-уми сентябри соли 1991 дар айни қиёми офтоб рост омад. Тифли танованду ҳушёре буд, ки чаҳор килограмм вазн дошт. Бо мурури зиндагӣ духтари резапайкару оромтабиат ба воя расида, хушбахтона, фарқ аз дигарон дар пешорӯи пастиву баландиҳои рӯзгор як модари пурсабру тобовар менамояд. То издивоҷаш мисли дугонаҳои қарин будем, ҳолиё ӯ ҳастии худро ба ҳамсару фарзандонаш бахшидааст, - хушҳолона изҳор дошт Муҳаббат Тошова.
Зодаи Рӯзи Истиқлолиятро чун рамзи озодиву соҳибихтиёрӣ ба мақоми соҳибдавлативу ватандорӣ, Дилфуза ном гузоштанд, то мақому манзалати худро дар зиндагӣ пайдо ва садои қалби ватанпарвараш ба набзи миллату набзи ҷаҳон ҳамсадо гардад.
Овони тифлии ӯ аҳли хонавода ба ноҳияи Вахш кӯч бастанд, то падари соҳибкораш барои таълиму тарбияи фарзандон имкониятҳои бештар фароҳам биёрад. Аммо дар ин макон дер намонданд. Зодмандон ба хотири таҳсили Дилфуза дар муҳиту шароити замонавӣ ба маркази вилояти Хатлон кӯчиданд.
- Давоми таҳсил дар МТМУ № 12-уми шаҳри Бохтар омӯзгорон дар баробари донишандӯзӣ бо шинохту арҷгузорӣ аз муқаддасоти миллат дар замири мо ҳисси муҳаббат ба Ватан ва дигар арзишҳои инсониро парварданд, - ба ёд меорад Дилфузаи Абдухалил. – Бори аввал дар рӯзи таҷлили 10 - солагии Истиқлолияти давлатӣ, ки он вақт дар синфи 5 - ум таҳсил доштам, маро ҳиссиёти бузурге фаро гирифт, ки санаи зодрӯзам ба рӯзи эҳёи давлатдории навини халқи азизам рост меояд. Бо мурур оташи меҳр дар замирам фурӯзандатар ва муҳаббатам ба Ватан ва муқаддасоти он бештару бештар меафзуд.
Соли 2008 дар арафаи хатми мактаб Дилфуза орзуи тарҷумон шуданро ба таъхир гузошта, ба шуъбаи ғоибонаи факултети молия ва иқтисоди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дохил шуд, то дар фосилаи таҳсилоти олӣ ба кор даромада, аз лиҳози иқтисодӣ худкифо бошад. Ҳамин сон, бо тавсияи падар фаъолияташро аз шуъбаи муҳосиботи идораи телевизион ва радиои вилояти Хатлон оғоз бахшид. Дар ин ҷода дономанди соҳаи муҳосибот Хуршед Сайдалиев устоду роҳнамояш буда, таҳти омӯзишу мусоидати ӯ дар пайи такмили ихтисосу малакаи касбӣ ва роҳбарии соҳаи муҳосибот обутоб меёбад.
- Сӣ соли ҳаёт ҳамқадами овони соҳибистиқлолии кишвар саропо шебу фарозҳо дошт, камбудиву мушкилиҳои ҳаётиро бо сабру таҳаммул ва ҷаҳду муборизаҳо паси сар намуда, ба рӯзҳои неку хушбахтиҳои зиндагӣ расидем,- андешамандона гуфт Дилфузаи Абдухалил. – Истиқлолияти давлатӣ, ки саҳифаи наверо дар таърихи давлату давлатдории тоҷикон боз намуд, танҳо баъди дар арсаи сиёсат зуҳур кардани фарзанди фарзонаи миллат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки нобасомониҳои шаҳрвандиро бартараф ва миллату сарзамини аҷдодиро аз парокандагӣ наҷот бахшиданд, эътирофи ҷаҳонӣ пайдо кард.
Хонаводаи онҳо дар пояи ишқу муҳаббат барпо гардида, чун дигар навхонадорон дар имтиҳонҳои зиндагӣ қарор доштанд. Ӯ сармуҳосиб ва ҳамсараш Шуҳрат саррассоми Театри давлатии мусиқӣ - мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар мебошанд. Ҳама ашёву лавозимот ва кунун, манзили истиқоматиро низ аз баракати сарфакорӣ ба даст овардаанд.
Ба гуфти соҳибҷашн, яке аз омилҳои муҳими сарфакориву захираи дороиву молиёт ва ғанисозии буҷет ин баланд бардоштани донишҳои иқтисодии бонувон ва ҳузури бештари онҳо дар соҳоти иқтисодиёт ва молияву бонкдорӣ мебошад. Аммо шахсан, аз интихоби падару модар, ки ин касбро барояш муносиб дониста буданд, изҳори пушаймонӣ надорад. Зеро сарфи назар аз муҳити кору шароити иҷтимоӣ хушбахтиву саодати зан - модар, пеш аз ҳама, дар муҳити амну осоишта зистан, оилаи солиму фарзандони солеҳ доштан аст.
Ҷ. усмон,
шаҳри Бохтар