Бо он ки ҳанӯз ҷавону донишҷӯст, корозмудаву донандаи хуби пешаи хеш аст. Сафарҳои зиёд ба кишварҳои хориҷӣ диду назари ӯро ба зиндагӣ дигар намудааст. Ҷасур асту қавиирода ва азми устувору ба худ боварии комил дорад. Ватанро бештар аз ҷонаш дӯст медорад ва ба хотири пешрафту нумуи он талош меварзад.
Ҷода
Сарвиноз зодаи даврони Истиқлол асту дар курси 4 - уми факултети муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тадриси илм менамояд. Интихоби ин самт низ таърихи худро дорад. Вақте аз ӯ ба кадом хотир рӯ овардан ба ин риштаро пурсон шудем, посухаш моро дар ҳайрат гузошт. Чун дар он аҳду овоне, ки ӯ қарор дошт, сари яке аз проблемаҳои глобалӣ андешидан, худ қаҳрамонист.
- Аз чӣ сабаб бошад, ки ҳамеша замони мактабхонӣ бобати тағйирёбии иқлим ва ифлосшавии муҳити зист меандешидам. Вақте дар синфи 9 мехондам, ногаҳон дар телефони мобилии модарам аз шабакаи ҷаҳонии Интернет маводеро мутолиа намудам, ки Созмони Милали Муттаҳид тасмим гирифтааст, то барои аз байн бурдани ифлосшавии табиат мубориза барад. Он лаҳза дар назди худ мақсад гузоштам, ки бо кадом роҳе набошад, баҳри пешгирии ифлосшавии табиати кишвар саҳмгузор бошам ва барои ин бояд дар СММ ба фаъолият пардозам. Аз ин хотир, рӯ ба факултаи муносибатҳои байналмилалӣ овардам, - гуфт Сарвиноз.
Нақши дипломат ва ё нафаре, ки дар самти муносибатҳои байналмилалӣ фаъолият менамояд, пеш аз ҳама, ҳамчун инсон ба одамон умед ва ҳаёт бахшидан аст. Одамонро ба дӯст доштани ҳаёту муҳити зист ва фарҳанг водор бояд сохт. Муҳимтарин рисолаташ таъсир ба афкори ҷомеа аст. Агар ба афкори ҷомеа таъсир надошта бошад, фаъолияташ арзише надорад ва ҳам бояд ҷомеа ва давлати худро дар созмонҳои ҷаҳонӣ муаррифӣ кард.
Сарвиноз Маҳмудова мехоҳад Меҳани хешро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати тараққиёбанда бо муҳити софу беғубор муаррифӣ намояд.
Нақши модар
Сарвиноз дар оилае ба дунё омадааст, ки аҳли он аз сиёсату муносибатҳои байналмилалӣ огаҳии хуб дошта, барои тарбияи фарзандон дар ин роҳ замина ба вуҷуд оварда буданд. Модараш, ки мактаби сиёсатмадории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро гузаштааст, духтарашро ҳанӯз аз овони наврасӣ дар ин самт омода месохт.
Номи бонуи сиёсатмадори тоҷик Руқия Қурбонова дар мамлакат ҳамчун бонуи сиёсатмадор шинохта шудааст. Ин бонуи варзида мекӯшид, то фарзандашро низ дар роҳи хизмат ба халқу Ватан, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва фарҳангу оин ба воя расонад.
Агарчи Сарвиноз як ҳиссаи нозукиҳои пешаи интихобкардаашро дар рафти омӯзишҳо дар донишгоҳ аз бар карда бошад, қисми зиёди онро аз ҳаёти асл ва бештар аз муносибати модараш омӯхтааст. Ҳар гоҳе бо модар ҳамсуҳбат мегардад, пешорӯи хеш чеҳраи як сиёсатмадори кишвари дигареро тасаввур менамояд…
- Модарам дар баробари падарам барои соҳибилм гардидани мо- фарзандон заҳмати зиёд кашидаанд. Дар лаҳзаҳои зарурӣ меҳрубонӣ мекарданд ва гоҳе ҳам бонуи сахтгир буданду ҳастанд. Ду хислати модарам бароям зиёд писанд аст. Аввал ин, ки ҳамеша бо одамон меҳрубонона ва бо лутфу марҳамат сухан меронанд, дувум, ниҳоят шахси ҷиддиву сиёсатмадоранд. Аз рӯи ин хислатҳояшон мехоҳам ба ӯ монанд бошам. Модарамро дар зиндагӣ идеали худ медонам, - ифтихор менамояд Сарвиноз.
Сафарҳои пайопай
Он гунае ба илмомӯзӣ дода шуд, ки ҳатто замони таътили тобистона мисли ҳамсолонаш на ба сайру гашту истироҳат, балки ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва сайқал додани дониш камар мебаст. Ҷаҳду талошҳояш ӯро дар ин самт пирӯз гардонд. Забонҳои англисиву русиро аз худ намуд. Вале ҳамоно баҳри боз ҳам беҳтар намудани забонҳои хориҷӣ дар набард аст.
Тасмим гирифт, то дар ин самт сафар намудан ба кишварҳои хориҷиро пеш гирад. Аввалин сафари худро ба Амрико анҷом дод. Пас аз муддати кӯтоҳе дар баробари пурра омӯхтани забони англисӣ, инчунин, фарҳангу оини ин кишвар ва пешрафту нумуи ҷавонони амрикоиро мавриди омӯзиши амиқ қарор дод.
Пас аз сафарҳои пайваста ҷаҳонбиниаш васеъ гашт. Ба қароре омад, ки баъд аз хатми мактаби миёна таҳсилашро идома бахшад. Бо ҳамин ният ҳуҷҷатҳояшро ба Академияи дипломатии Озарбойҷон супурд ва номи пуршарафи донишҷӯйи ин муассисаи бонуфузро ба худ ихтисос дод. Вале дурӣ аз Ватани маҳбуб ва волидону ёру дӯстон ӯро нагузошт, ки то охир таҳсилашро идома диҳад. Тасмим гирифт, ки аз он ҷо ба факултаи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон биёяд ва идомаи таҳсилашро дар зодбум сипарӣ намояд.
Disneyland месозам
Пас аз хатми донишгоҳ азм дорад таҳсилашро дар зинаи магистратура, дар Туркия идома бидиҳад. Алҳол ба омӯзиши забони туркӣ шуғл варзидаву дар ин самт омодагии ҷиддӣ мебинад.
- Вақте бори аввал ба Амрико сафар намудам, имконият даст дод, то аз Disneyland (Диснейленд) – боғи тафреҳӣ дидан намоям. Барои ворид шудан ба он боғ, дар баробари мардуми бумӣ, сайёҳони хориҷӣ низ соатҳо интизорӣ мекашиданд. Дар кишвари мо низ бояд чунин як боғи тафреҳӣ таъсис ёбад, то сайёҳон бештар ба Тоҷикистон ташриф биоранд. Ҳамин, ки имконият даст доду соҳиби маблағи калон шудам, ҳатман дар кишварамон Disneyland мекушоям, - бо эҳсоси зиёд мақсаду ниятҳои хешро иброз медорад ӯ.
Чун худро яке аз фарзандони парвардаи даврони Истиқлоли давлатии кишвар мепиндорад,худро баҳри рушди минбаъдаи диёр вазифадор медонад. Азмаш қатъист, баҳри сазовор будан ба меҳрубонии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҷавононро ояндаи кишвар медонанд, дар роҳи созандагӣ талош меварзад ва ҳатман комёб хоҳад шуд.
Бунафша РАҲМОНОВА