Ӯ ҳамеша дар ҷустуҷӯст. Маъно меҷӯяд аз шукуфтани гулу дамидани сабза, накҳати гул, ларзиши барги дарахтон, резиши барфу борон, вазиши боду рақси кабӯтарону хиромидани кабкони дарӣ, то ин ҳамаро дар рақс бо мазмуну ҳаракатҳои мавзуну назаррабо мақом диҳад. Рақсҳояш таҷассумгари зебоиҳои ҳаёт, меҳнату зиндагии осоишта, муҳаббати поку беолоиш ва бахту саодати мардум аст.
Замоне мехост ба дунёи рақам ва ҳисобу китоб ғӯтавар гардад, вале бо мурури замон фикраш тағйир хӯрд. Майлу хоҳишаш ба пешаи суханварӣ - журналистика афзуд. Ҳамчунон, аз овони хурдӣ шефтаву дилбохтаи арғушт буд.
Дунёи рақс
Ҳар гоҳи садо додани оҳанге, зуд аз ҷой бархоста зери савти мусиқӣ бо нозу карашмаи хоси кӯдаконааш мехиромид. Дилбохтаи санъати рақс буданашро модар эҳсос кард ва ӯро ба омӯзиши рақс гузошт. Он замон тақрибан 5 сол дошт. Намудҳои рақси арабиро дар чорабиниҳои гуногун бо маҳорати махсус иҷро менамуд.
Дар бахши дуюми таҳсил яке аз ҳамсабақонаш ба ӯ тарзи иҷрои рақси миллии тоҷикиро нишон дод. Барои Лолаи шайдои ҳунар он писанд омад.
Бо дили саршори орзуҳо ва нигоҳи кунҷковона ҳар як рақси ҳунармандонро бо шавқ тамошо мекард. Шӯру шавқи рақс дар вуҷудаш ҷӯш мезад. Зебо рақсиданҳояш аз назари муаллимаи рақс, аз гурӯҳи рақсии «Гулноз», дур намонд ва ӯро вориди гурӯҳ сохт. Қатори раққосагон ӯро низ рақс кардан омӯхт. Ҳамин тавр, Лола аз рақси арабӣ рӯ ба рақси миллии тоҷикӣ овард.
Гимназияи Гёте роҳ ба сӯи HAW Hamburg
Лола малакаи хуби забономӯзӣ дошт. Дар як муддати кӯтоҳ метавонист дилхоҳ забони хориҷиро аз худ намояд. Аммо қалби ӯро забони олмонӣ ба худ кашид. Ҳамин буд, ки волидон ӯро ба гимназияи олмонӣ супурданд.
Дар ин боргоҳи илму маърифат яке аз толибилмони фаъол маҳсуб меёфт. Ҳам аз ҷиҳати илмомӯзиву аз бар кардани забон ва низ маҳорати рақсӣ. Дар умум, ҳар коре, ки ба зиммааш мегузоштанд, бо сари баланд ба сомон мерасонд.
Пас аз хатми гимназияи олмонии шаҳри Хуҷанд ба номи И.В.Гёте Лола ҳуҷҷатҳояшро ба факултети журналистика ва барномасозии Донишгоҳи Hochschule für angewandte Wissenschaften (HAW Hamburg) – и Олмон супурд. Бахт ба рӯяш хандиду донишҷӯи ин донишгоҳи бонуфуз гардид. Роҳ пеш гирифт ҷониби Олмон, сӯи макони амалигардии орзуҳояш.
Рӯзҳои аввали дурӣ аз зодбум барояш сангин буданд. Ҳар лаҳза хумори дидори волидон мегирифт. Вале лобалои ин ҳама душвориҳо сабрро пеша кард, то тавонад касби интихобкардаашро ба хубӣ аз бар намояд. Бо мурури замон ба дуриҳо низ одат кард.
Олмон
Инак, панҷ сол мешавад, ки ӯ дар шаҳри Ҳамбурги Олмон ҳаёт ба сар мебараду дар семестри панҷуми таҳсил қарор дорад. Нозукиҳои касби журналистиву барномасозиро омӯхта, дар баробари таҳсил дар яке аз бюроҳои олмонӣ аз рӯи пешааш фаъолият мебарад. Фараҳманд аз он аст, ки заҳматҳояш натиҷа ба бор овардаву аз он ком ширин менамояд.
Лола мегӯяд, ки дар баробари донишҷӯён дар Олмон корҷӯёни дорои тахассус ҳам роҳи худро ба осонӣ пайдо месозанд. Чун ҳангоми ҷустуҷӯи кор доштани шаҳрвандӣ муҳим нест, танҳо кору зиндагӣ дар кишварҳои рӯ ба рушд, амсоли Тоҷикистон, афзалият дорад. Вале муҳим донистани забони олмонӣ ва ё англисист.
Ба андешаи ӯ Олмон низ ҳамшабеҳи Тоҷикистон аст. Чун дар он ҷо ҳам одамони самимиву бо меҳру муҳаббат умр ба самар мебаранд.
Таълимдиҳанда
Лола пешаи дигареро интихоб карду ба Олмон рафт ва дар ин миён рақс барояш танҳо як машғулияти дӯстдошта боқӣ монд, вале дигар натавонист, ки шуғли дӯстдоштаашро канор гузорад. Инак, як сол мешавад, ки ба омӯзиши рақси тоҷикӣ дар Олмон камар бастааст. Аз як ҷониб, агар меҳри бештар ба ин навъи санъат ӯро ором нагузошт, аз дигар сӯ, тасмим гирифтааст, ки саҳми хешро дар ҷаҳонӣ шудани рақси миллии тоҷикӣ, аз ҷумла дар Олмон гузорад. Бар он бовар аст, ки ба василаи рақс метавонад фарҳангу оини тоҷиконро ба хориҷиён хубтар муаррифӣ созад.
- Духтарони нозукандому паричеҳра дар гурӯҳ машқи рақс менамоянд. Чашмони пурумедашон гувоҳӣ медиҳад, ки ташнаи рақси миллии тоҷикианд. Аз ҳар гӯшаву канори Олмон барои омӯхтани рақси тоҷикӣ меоянд, ки ин боиси сарафрозист, - меафзояд Лола Шарифова.
Гурӯҳи рақсии таъсисдодааш гулдухтарони аз 5 то 15 - соларо фаро гирифта, аз халқиятҳои гуногунанд. Қисме аз зодагони Осиёи Марказианд, ки дар Олмон ба сар мебаранд. Агарчи рақси миллии тоҷикӣ барои шаҳрвандони Аврупо бегона аст, теъдоди хоҳишмандон барои ворид шудан ба гурӯҳи таъсисдодаи Лола рӯз аз рӯз афзудан дорад.
Кунун ӯ ҳамарӯза дар саҳна бо ҳазорон розу ниёз, бо пероҳани зебо, таҳти суруду оҳангҳои дилнавоз ҳамроҳи гулдухтарони гурӯҳаш мерақсаду меҳри рақсро дар қалби шогирдонаш мақом медиҳад. Ягона муродаш ба сатҳи ҷаҳонӣ баровардани рақси миллии тоҷикӣ дар ин кишвар аст.
Набояд ҳаросид
Лола аллакай роҳу равиши зиндагиро аз худ кардааст. Ба гуфти ӯ инсон ба ҳамаи кор қодир аст. Қатъи назар аз он ки дар кадом кишвари дунё қарор дорад. Вақте кас мақсади муайян гузорад, ҳатман ба он ноил мегардад. Агар аз мушкилиҳо наҳаросад, чун тарс садди ягонаи роҳи пирӯзиҳост.
Итминон дорад, ки ҷавонони кишварамон дур аз Ватан низ метавонанд дар пешрафту нумӯи диёр саҳмгузор бошанд. Тарғиби фарҳангу оин, забон ва санъати тоҷик худ саҳми назарраси ҳар як ҷавони худогоҳу ватандӯст дар самти муаррифии миллати тоҷик ба шумор меравад.
- Барои ҳама имкон ҳаст, ки ҳар куҷое набошад, ба хостаҳои дили худ бирасад. Танҳо кӯшиш ва боварӣ ба худ мебояд. Ҳар инсоне, ки заҳмат мекашад, ҳеҷ сабабе садди амалӣ гардидани орзуҳояш намешавад, аз душвориҳо набояд тарсид, - мегӯяд бо итминон Лола.
Б. РАҲМОНОВА,
Олмон