13 сол муқаддам духтарчаи 10 - солаи дӯстрӯе ҳамроҳи волидон ба Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳозир шуд, то дар озмуни интихобӣ барои омӯзиши санъати рақсии балет дар Федератсияи Россия сабқат варзад. Ӯ, ки аз кӯдакӣ дар дастаи ҳунарии «Лаъл» сабақи рақси миллӣ гирифта буд, бо ҳаракатҳои ҷаззобаш писанди мутахассисон гашту аз байни довталабони зиёд пазируфтандаш. Духтарак бехабар аз оне буд, ки ҳашт соли тӯлонии ҷудоӣ аз зодбуму волидон, хоҳару додаракон интизораш аст.
Асел Нилобекова:
- Солҳои аввали ба коллеҷи давлатии хореографии шаҳри Перм роҳ ёфтан, ниҳоят азият мекашидам, пазмони наздикон мешудам. Аммо оҳиста - оҳиста ба низоми мактаби ҳунар унс гирифтам. Чун ман нафарони зиёде он ҷо ба таҳсил фарогир буданд. Омӯзгорону тарбиятдиҳандагон ва парасторон муносибати меҳрубонона доштанд. Он ҷо ҳама якдигарро дастгирӣ менамуданд, мисли хонавода. Ман низ ҷузъи ин оилаи бузург гардидам.
Дар коллеҷи хореографӣ хонандагон дар баробари санъати рақси балет, ҳамзамон, фанҳои гуногунро чун алгебраву таърих, физикаву кимиё меомӯхтанд. Машғулият аз соати 9 оғоз ёфта, то соати 20:00 идома меёфт. Чун оғоз Асел дар бораи санъати рақсии балет маълумоти кофие надошт, дар коллеҷ аз дидани рақси ҳамсолон, ҳаракатҳои мураккабу ҷолиб, печидану ҷаҳиши онҳо аҷабаш меомад. Соле дар паи омӯзиш сипарӣ шуду духтарак аввалин бор дар театри шаҳри Перм рӯи саҳна нақши Полонезро аз операи «Евгений Онегин» – и Пётр Илич Чайковский бозид.
Асел Нилобекова:
- Ҳини бори аввал вориди саҳна гаштан, бароям рӯйдоди бузурге буд. Кӯдак будаму ҳисси оне ки ҳама нишастагон маро назорат мебаранд, фараҳу шодиям мебахшид. Маҳз ҳамон лаҳзаҳо амиқ эҳсос кардам, ки балетро дӯст медорам.
Соли 2016 Асел таҳсилро дар коллеҷи хореографӣ поён бурд ва инак панҷ сол аст, ки дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ба ҳайси прима - балерина ҳунарнамоӣ мекунад.
Асел Нилобекова:
- Чун бо дастгирии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пешбурди санъати балети тоҷик озими Россия гардида будам, баъд аз бозгашт дар театр ба ҳайси солист ба кор қабул шудам ва чанде пас нақши духтарчаи хурдсол «Мария» – ро аз рӯи асари «Шелкунчик» – и П. И. Чайковский аввалин бор рӯи саҳнаи ин театр иҷро кардам.
Аз он рӯзгор то кунун ҳунарманд нақши зиёде, аз қабили Парии обӣ аз «Зебосанами хуфта», Медора аз «Карсар», Мирта аз «Жизел», Одеттаи сафед аз «Кӯли қувон», Руқия аз «Мақоми ишқ», Мерседес аз «Дон Кихот» - ро бо як маҳорати хосса пешкаши тамошобинон намудааст.
Гоҳе мешавад, ки иҷрои нақши қаҳрамоне писандаш намеафтад, аммо ӯ барои хубтару бехтар офаридани ин образ пайваста тамрин менамояд, ҳини вуруди саҳна шудан ҳамаро фаромӯш месозад, танҳо ӯ ва балет. Чун балет маънии ҳастияш гашта.
Асел Нилобекова:
- Дар оғоз паси парда дилам ба ларза медарояд. Мудом чунин аст. Лаҳзае мерақсаму ҳамааш мегузарад. Хурсандии тамошобинонро мебинаму лаззат мебарам, илҳомам меафзояд. Ба худ меандешам, ки тамоми он ранҷу заҳматҳо ин лаҳзаҳоро арзандаанд.
Чанде пеш ба Душанбе роҳбари бадеии театри «Балет Евгения Панфилова», ҳунарманди шинохта Сергей Ранник ташриф овард. Ӯ балети мудерни «Қалби тиллоии Машриқ» – ро пешкаши тамошобинон намуд. Дар ин балет Асел Нилобекова нақши духтарак - Регро бозид.
Он ҷо унсурҳои қаҳри реги гарм ва боди сӯзон, ки онҳоро борони сеҳрнок таскин медиҳад, бо забони мафтункунандаи рақс баён мегарданд. Балети муосир аз рӯи силсилаи афсонаҳои «Ҳазору як шаб» таҳия шудааст. Ҳаракатҳо дар балети мудерн аз классикӣ фарқкунанда буд, аммо ҳунарманд тавонист аз уҳдаи иҷрои он сарбаландона барояд.
Ба андешаи ӯ, дар кадом сатҳ иҷро шудани нақши қаҳрамон, қабл аз ҳама, ба ҳунарманд рабт дорад. Санъати балет тақозо менамояд, ки дар баробари хубу зебо рақсидан ва иҷрои нозукиҳои он, инчунин, ҳунарманд бояд маҳорати хуби актёрӣ дошта бошаду ҳиссиёти қаҳрамонро иброз дошта тавонад.
Асел Нилобекова:
- Чун «Қалби тиллоии Машриқ» театри мо намоишҳои санъати рақсии балети махсус шарқӣ, аз қабили «Мақоми ишқ», «Лайлӣ ва Маҷнун», «Зол ва Рудоба»- ро дорад, ки дар дигар давлатҳои дунё нест. Бисёр мехостам, ки дар сафарҳои ҳунарӣ ин намоишҳоро рӯи саҳнаҳои дунё муаррифӣ созему мардумони дигар кишварҳо аз нозукиву зебоии санъати балети тоҷик огаҳӣ ёбанд.
Ҳунарманди пурғайрат Асел шогирдони зиёде дораду дар тарбияи онҳо дар рӯҳияи санъатдӯстӣ ва омӯзиши рақси балет саҳм мегузорад. Шогирдонаш муҳассилини коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи М.Собирова мебошанд. Ба ҷузъ ин, бо ҳамроҳии ҳампешааш Фарангис Қосимова соли гузашта студияи хусусии балети «Арабес» – ро созмон доданд ва бо ин васила онҳо мехоҳанд дар пешрафти балети муосири тоҷик нақше гузоранд.
Асел Нилобекова:
- 70 дарсади кормандони балети театр хонандагони коллеҷ мебошанд. Бо сабаби кам будани теъдодашон баъзан писарон то 10 намоиш мерақсанд. Ин, албатта, душвор аст. Бинобар ин хоҳони онем, ки сафи кормандони балет биафзояд.
Ба ин хотир студияи балети «Арабес»- ро таъсис додем. Вобаста ба синну сол кӯдаконро ба 8 – 10 гурӯҳ тақсим намудем. Дар гурӯҳҳо 10 – 15 кӯдак бо назардошти синну сол ба омӯзиши рақси балет фарогир шудаанд. Пас аз ёд гирифтани баъзе унсурҳои балети касбӣ ин кӯдакон метавонанд барои идома додани омӯзиш ба коллеҷҳои кишвар ё дигар давлатҳо дохил шаванд.
Асел ба ғайр аз санъати рақсии балет, рақси миллии тоҷикиро низ дӯст медорад. Зери мусиқии форами классикӣ маҳин чун боди сабуки баҳорӣ алвонҷ хӯрданҳояш қалби ҳар бинандаро тасхир месозад ва он замон гӯё дар пеши назар олами фасонавие ба ҷавлон меояд. Духтарак ин лаҳзаҳо мисли пари қуи зебоест, ки бо мусиқӣ даромехтаву дар ҳаво озодона парвоз дорад. Парвоз сӯи қуллаҳои баланди мақсуд.
ШАҲНОЗ