Баъди таъмиру тармими зистгоҳ сози пианино, ки гӯшае қарор дошту кӯдакон солҳои зиёд бо завқ рӯи забонакҳои он панҷа медавонданд, барои бибӣ нолозим шуд. Онро ба духтараш туҳфа дод. Чаҳор фарзанди ӯ бо шавқу шӯри бачагӣ садои сози мусиқиро танинандоз мекарданду меболиданд.
Ибтидо
Зарнисор Набиева ҳам ба қатори хоҳару бародарон менавохт, аз навои марғубу дилангез оромиш меёфт, аммо ба гӯшаи хаёл ҳам раҳ намедод, ки ғарқаи дунёи мусиқӣ мегардаду ба ҳунари навозандагӣ дил мебандад.
Модар омӯзгори фортепианоро барои омӯзиши фарзандон хонд. Зарнисор аз 9-солагӣ , агарчи навозишро омӯхт, ҳавасҳои кӯдакиаш оҳиста –оҳиста хомӯш гаштанду нахост мусиқиро пешаи ҳамешагии худ бинад. Бо исрори модар ӯ, ки дар МТМУ № 21 пойтахт таҳсил мекард, ба мактаб -интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ гузашта, имтиҳони ҷиддӣ супурд. Дар кӯлбор этюд ва пйесаҳои лирикии Сергей Рахманинов ва Фридерик Шопенро дошту асарҳои мураккаб менавохт. Агарчи ба қатори хонандагони синфҳои 10 - 11 дар фортепианонавозӣ моҳир буд, ҳанӯз ҳам муҳаббати самимӣ ба мусиқӣ надошт, то даме ки омӯзгори мумтози мактаб Ванда Макиевская шарорае ба қалбаш барафрӯхту дари дунёи пурэъҷози мусиқиро ба рӯяш боз кард.
Ҳамакнун Зарнисор рӯи забонакҳои фортепиано маҳин –маҳин болиштаки ангуштонро мегузошту ҳар нотаи мусиқиро бо тамоми вуҷуд эҳсос мекард. Дарёфт, ки мусиқӣ тамоми ҳастии ӯст. Ҳини иҷрои асарҳои композитори тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ рӯҳи мардумро дарёфту эҳсоси ватандӯстияш боло гирифт.
Дастовард
Соли 2012 барои ширкат ба фестивал - озмуни телевизионии «Даъват ба бозӣ » (приглашение к игре) ҳамроҳ бо омӯзгораш ба шаҳри Москва сафар кард ва дар дараҷаи синнусолӣ лауреати фестивал - озмун гардид. Ғолибони озмунро ба гала - консерти филармонияи шаҳри Ярославл роҳнамоӣ карда, консерти бузурге доир намуданд. Соли 2016, замони дар синфи 8 хонданаш, дар озмуни байналмилалии пианинонавозони ҷавон таҳти унвони «Ҷаҳон ва мусиқии Россия ва Полша» дар Ҷумҳурии Карелия ширкат варзиду сазовори ҷойи аввал ва дипломи дараҷаи 1 гардид. Дар ин сафар устодаш Ванда Макиевская ӯро ҳамраҳӣ мекард, ки аз ғояти фараҳ ашк аз дидагонаш мешорид.
Зарнисор соли 2017 озими шаҳри Екатеринбург шуд ва дар бозиҳои Делфӣ мақоми сеюмро соҳиб гашт.
Шогирди шогирд
Айёми таҷрибаомӯзӣ , ҳини дар синфҳои болоӣ хонданаш, Зарнигор ба кӯдакони синфҳои ибтидоӣ аз нозукиҳои ҳунар дарс мегуфт, баҳри дарёфти ҳусни тафоҳум бо хонандагон аз маслиҳату машварати омӯзгорон сар намепечид. Устодаш шогирде дошт, ки гоҳо омӯзондани ӯро ба зиммаи Зарнисор мегузошт. Чун таҷриба надошт, натавонист муҳаббати кӯдакро ба мусиқӣ бедор созад, аммо баъди чанд муддат таҷрибае ҳосил карду кӯдакро вориди ҷаҳони навоҳо гардонд. Ҳамакнун ҳарду дар ансамбл, дар консертҳо ҳунар менамуданд ва ба вақти бемории устодаш Зарнисор он кӯдакро дарс мегуфт, барои навозиши якка ӯро ба консертҳо омода мекард. Ҳамзамон, ба хоҳишмандон навозиши фортепиано меомӯзонд.
Баъди хатми мактаб Зарнисор тариқи квота ба Академияи мусиқии ба номи Гнесинҳои Россия шомил шуд. Дар назди ҳайати комиссияи имтиҳонии академия вай асарҳои мураккаб - сонатаи чаҳоруми Бетховен, этюди Ферентс Лист, прелюдия ва фугаи Иоганн Себастян Бах ва пйесаи Шопен «Экспромт фантазия»-ро дар роял иҷро намуда, ҳамагонро ба ваҷд овард.
Сози ноошно
Зарнисор, ки ҳоло донишҷӯи соли дуюми факултаи фортепианои академияи мазкур аст, бори аввал сози арғунунро дар ин боргоҳ дид. Дар дарси ошноӣ бо созҳои қадимӣ омӯзгор аз таърихи арғунун ҳарф зад ва навозиши муассире иҷро намуд. Аз ҳайбату бузургии сози арғунун, ки баробари хона қомат афрохта буд, аз навоҳои сеҳрангези он, ки гӯё навозиши оркестри мукаммале буд, Зарнисор мутаассир гардид. Ба дарсҳои иловагӣ номнавис шуду дар навозиши арғунун ҳам малака пайдо кард.
Моҳи ноябри соли 2020 дар консерти академия арғунун навохту мудири кафедраи факултаи органро мафтуни ҳунари хеш сохт, то ҳадде, ки ӯро то ҳол барои таҳсил ба ин факулта даъват менамояд. Барои ширкат дар озмуни миёни арғунуннавозон ба ихтиёри ӯ барномаи пуррае вогузоштанд. Зарнисор ба озмун омодагӣ медид, аммо бо сабаби карантини сартосарӣ ба Ватан баргашт. Марзҳо, ки баста буданд, дарсҳои академияро ҳамарӯза ба тариқи онлайнӣ ба роҳ монд. Бо дастгирии устодаш Мақсуда Ғафурова ва ректори Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар сози арғунуни донишкада, ки ягона дар Тоҷикистон аст, машқҳои омӯзиширо ҳамарӯза анҷом медод. Барномаи мукаммали консертиро омода намуд, лек аз озмуни россиягӣ ақиб монд.
Ҳунарнамоӣ
Бо пешниҳоди ректор моҳи апрели соли 2021 Зарнисор ва устоди донишкада Фирӯза Комилова дар консерти сози арғунуни донишкада ҳунар намуданд. Зарнисор барномаи озмунии худро иҷро карда, садои роял ва арғунунро танин андохт. Ин арғунун, ки дорои ду мануал (қатори забонаҳо), тугмачаҳо ва педалҳои бешумор аст, аз иҷрогар серҳаракативу чолокӣ ва диққати зиёд металабад. Зарнисор, бо дасту пойҳо арғунун менавохт, рӯи харак гоҳ ба паҳлуи чап, гоҳ ба паҳлуи рост, гоҳ пешу гоҳ қафо мисли арғуштравон ҳаракатҳои мавзун анҷом медод. Бо пахши тугмаҳои болои мануал навои гуногун аз лӯлаҳои болои арғунун ба фазо мепечид. Зарнисор, ки фортепианонавози хуб буд, навохтани арғунунро низ зуд аз бар кард, зеро ин созҳо мушобеҳи ҳамдигаранд. Танҳо зарураш омад, ки дар як вақт ҳам бо даст ва ҳам бо пой навохтанро омӯзаду тугмачаҳои сершумори рӯи арғунунро сари вақт пахш намояд. Боре устоди москвагиаш Наталя Литюк тариқи телефони ҳамроҳ ба арғунуни тоҷикон назар андохту гуфт: «Толеъ ба шумо хандидааст, ки дар Тоҷикистон чунин арғунуни хуб доред, шабеҳи он дар филармонияи шаҳри Москва мавҷуд аст».
Ният
Зарнисор аз он нигарон аст, ки мардум ба мусиқии классикӣ кам таваҷҷуҳ доранду мусиқии эстрадиро авлотар медонанд. Ба умқи навоҳои пурасрору дилфиреби классикӣ нарафта, онро дилгир мехонанд. Хоҳони он аст, ки мусиқичиёни машҳур ба Тоҷикистон бештар ташриф оранду консертҳо, дарси маҳорат доир намоянд, мисли пианинонавози мумтоз Валерий Шкарупа, ки зодаи Тоҷикистон ва хатмкардаи мактаби мусиқии он буда, ҳоло ректори консерваторияи Урал ба номи Мусоргский асту профессори фахрии Консерваторияи миллии Тоҷикистон.
Ба забондонӣ , хулқу атвори наку ва истеъдоди Зарнисор устодони Академияи мусиқии ба номи Гнесинҳои Россия баҳои баланд додаанд ва нияти ӯро барои идомаи таҳсил дар магистратура дастгирӣ менамоянд.
Ҳоло Зарнисор тасмим дорад, ки баъди хатми магистратура ба зодбум баргашта, дар рушди мусиқии классикии тоҷик саҳм гузорад ва гуфтаи устодашро, ки мисли шиор дар хотираш ҳифз кардааст, дар амал татбиқ созад: «Аз сидқ заҳмат кашед, то мусиқӣ рушд ёбаду ба зинаи волотарин расад».
С. шарифӣ