5моҳи
панҷгоникҳо
Дар остони соли 2021 фазои иттилоотии кишварро навиди фараҳбахше печид. Бори нахуст дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол аввалин панҷгоник тансиҳат ба дунё омада, вирди забони хурду бузург гаштанд. То ин дам чанд мавриди таваллуди сегонику чоргоник дар ҳудуди ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шуда буду мардумро аз чунин хабарҳо аҷаб намебурд. Аммо тавлиди панҷгоник дар мо бесобиқа асту қиссаи ин қаҳрамонмодар ҳам аҷиб оғоз ёфтааст.
Асное, ки хабари дар Тоҷикистон нахустин ҳолати гирифторшавӣ ба бемории коронавируси номаълум даррасиду зеҳну қалбҳоро бими маризии номаълум печида буд, Дилноза Маматоваи 30-сола, модари ду фарзанд аз деҳаи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Қубодиён низ аз бемадориву дилбеҳузурӣ ранҷ мебурд ва худро аз зумраи мубталошудагон ба коронавирус мегумошт.
Парешону ҳаросон бо ҳамсараш Раҳмон Нормуродов сӯи бемористони ноҳияи Шаҳритус раҳ гирифт. Табиб пас аз муоина магар аз чизе пай бурд, ки Дилнозаро ташхиси ултрасадоӣ фармуд.
Ҳини ташхис қиёфаи бонуи хилъатсафед тағйир хӯрд ва ҳайратзада батакрор рӯи экран нигарист. Пас, гуфт: «Муборак шавад, панҷгоник доред, думоҳа». Дилноза шах шуд. Зери по замину болояш осмон гӯё аз ҳам рафт. Гуфтаҳои духтурро афсонае пиндошту онро иштибоҳ хонд. Бо пешниҳоди духтур рӯи экран назар кард ва панҷ ҷанини ҳанӯз хурдро ба чашми сар дид. Аммо ҳамоно барояш боварнокарданӣ буд. Гаштаю баргашта ба тасвири рӯи экран дида дӯхту тадриҷан ба худ омад. Аҷаб эҳсосе… Шавҳараш пурҳаяҷону ҳайрон, гоҳ табассум ба лабу гоҳ изтироболуд чашм аз тасвири он сӯи шиша барнамедошт.
Ин навид дар деҳа ғулғула афканд. Ҳамдеҳагон муборакбод мегуфтанду хушҳолӣ мекарданд. Модари ҷавон мавриди таваҷҷуҳи табибони минтақа ва пойтахт қарор гирифт. Моҳе як бор барои муоина ба шаҳри Душанбе меомад. Бори охир муддати тӯлонӣ дар Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон бистарӣ шуд.
Санаи 30 декабри соли 2020 тариқи буриши қайсарӣ панҷ тифлаки офтобгуна бо вазни аз яку ним то дую ним килограммӣ дар пажӯҳишгоҳи мазкур дида ба ҳастӣ во намуд. Ин пайки хуш чун равзани нуре буд аз сӯрохи санги хоро, ки хаёлҳоро аз тирагии бемории ҳамагири он шабу рӯз ба дили мардум таҳлукаафкан берун овард. Аз тавлиди панҷ тифлаки солим бо рухсораҳои гулобӣ – Фотима, Зуҳро, Ҳасан, Ҳусайн ва Бибиоиша на танҳо пайвандон, балки аксари мардуми кишвар хушҳол буданд. Дилноза ҳамакнун соҳиби ҳафт фарзанд гардид. Духтари бузургаш 7 ва писараш 4 сол доранд.
Барои рафъи мушкили манзил дар як гӯшаи ҳавлии падари Раҳмон Нормуродов, ки иборат аз 16 садяк аст, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Қубодиён сохтмони хонаи истиқоматии замонавии иборат аз се ҳуҷра, ошхона, ҳаммом ва айвон шурӯъ гардида, дар Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон мавриди истифода қарор дода шуд.
Раҳмон Нормуродов фарзанди хурдии хонавода, ҳамроҳ бо падару модар ва хонаводаи хоҳараш дар ин ҳавлӣ ба сар мебаранд. Дар нигоҳубини тифлакон ба ҳамсар ва модараш ёрӣ мерасонаду ба гоҳи фориғ аз хоби онҳо навбат ба навбат рӯи даст гирифта, навозишу гармӣ мебахшад. Нигоҳубини панҷ тифлак барои модар басо гарон аст. Аз ин рӯ, модар, хушдоман ва духтараш низ дар ин кор ёвари ӯянд.
- Хушбахтам, ки якбора панҷ тифлак насибамон гардид, агарчи нигоҳубини онҳо душвор аст. Фотима чаққонтару шӯх аст, Бибиоиша хоболудтар аз ҳамаи онҳост. Мабодо, агар яке аз тифлакон ба гиря оғозад, дигар хоҳару бародаронаш аз садои ӯ бедор мешаванду ҳамагӣ садо дар медиҳанд. Байни панҷ гаҳвора мисли парвона чарх мезанам ва шукр, ки аҳли хонавода бо мананд. Бештари вақтам ба парастории онҳо мегузарад ва ба дигар корҳои рӯзгор қариб вақт намеёбам. Якбора масъулияти бештарро ба уҳда гирифтан насибам будааст, - бо табассум мегӯяд Дилноза.
Суҳбати мо бо Дилноза дар хонаи модараш, се – чаҳор кӯча дуртар аз манзили шавҳар сурат гирифт. Ӯ ба меҳмонӣ омада буд. «Панҷ гаҳвораро бо панҷ тифл чӣ хел овардед?» - пурсидем аз ӯ. Хандиду гуфт: «Инсон илоҷи ҳамаи корро меёбад. Гаҳвораҳоро ба мошин ҷо кардему ҳар кадоме дутоӣ тифлакро ба даст гирифтем. Ҳамин гуна боз ба хона бармегардем».
Дар рӯзҳои аввалини ҳаёт тифлакон аз шири модар пурра баҳравар буданд. Тадриҷан ба шири сунъӣ гузаштанд.
- Шояд ғизои сунъӣ мазаи форамтаре дорад, ки аз чормоҳагӣ тифлаконам дигар аз шири модар рӯ тофтанд. Як қуттӣ шири кӯдак то 150 сомонӣ аст. Шукр, ки бо дастгирии Ҷамоати деҳот, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту ноҳия ва дигар шахсони хайрхоҳу саховатпеша ғизои кӯдакон дастрас мегардад. Корти бонкӣ низ кушодаем, ки ба суратҳисоби он низ чанд маротиба маблағ ворид шуд. Чанд маротиба Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар ба дидорбинӣ омад, ки аз ёрмандиҳои ӯ низ бархӯрдор гардидем. Раиси вилоят низ мадад намуд, - иброз дошт Дилнозабону.
Дар ин радиф, дар арафаи Иди саиди Фитр аз номи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ ба хонаводаи онҳо туҳфаҳои зиёд, ба монанди рахти хоб, роҳаткурсӣ, яхдон, кондитсионер, телевизор, озуқаворӣ, ғизои кӯдакона ва дигар ёрии молию пулӣ расонда шуд.
Падари панҷгоникҳо то таваллуди тифлҳо муҳоҷири меҳнатӣ буд, алҳол дар парастории онҳо ба ҳамсараш ёрӣ мерасонад.
Хариди аробачаҳои кӯдакона, мошини ҷомашӯӣ ва мошини сабукрав, ки барои рӯзгори ин оилаи серфарзанд чун боду ҳаво заруранд, аз аввалин нақшаҳои сарвари ин хонавода мебошад.
Ба аёдат ва муоинаи тифлакон духтурони минтақавӣ зуд – зуд меоянд, тансиҳатии онҳо пайваста зери назорат аст. Аммо барои Дилноза Маматова дар нигоҳубини тифлакон дасти бештаре зарур меояд, то ки ин панҷ ганҷи ноёб, ки дар арафаи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии кишвар рахшидаанд, беосебу бегазанд дар фазои амн қомат афрозанд.
Омина хоҷаева,
Душанбе – Қубодиён - Душанбе