Ӯ дар ноҳияи Спитамен ба воя расидаву ду соли ахир дар кишвари Ҷопон зиндагӣ ба сар мебарад.
Мактаби миёнаро дар зодгоҳ хатм намуда, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мегардад. Пас аз хатми таҳсил дар бахши забонҳои хориҷӣ фаъолияти кориашро ба ҳайси корманди шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Спитамен шурӯъ менамояд. Маҳз аз ин ҷо роҳи ӯ ба сӯи таҳсил ба кишвари Ҷопон ибтидо мегирад.
Озмун
- Дохил шуданам ба Донишгоҳи байналмилалии Ҷопон таърихи худро дорад. Соли 2018 тибқи дархости Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешниҳоди МИМҲД ноҳияи Спитамен бо роҳнамоии роҳбари дастгоҳи раиси вақти ноҳия Ҷамшед Обидзода барои ширкат дар озмуни JDS (Стипендия барои лоиҳаи рушди захираҳои инсонӣ дар назди ёрии грантии Ҷопон), ки дар доираи барномаи JICA роҳандозӣ гардида буд, ҳуҷҷатҳоямро манзур намудам. Ғолибият насибам гашту магистранти Донишгоҳи байналмилалии Ҷопон шудам, - гуфт Нилуфар Мамадиева.
Албатта, барои донишҷӯ шудан, заҳмати зиёде кашид, зеро довталабон кам набуданд. Танҳо донишу малака ва маҳорати касбӣ имкон доданд, ки Нилуфар миёни даҳҳо нафар комёб гардад.
Тайи ду сол аст, ки аз рӯи ихтисоси идоракунии давлатӣ дониш меомӯзад. Соли равон донишгоҳро ба итмом расонда, ният дорад дар Тоҷикистон малакаи андӯхтаи хешро роҳандозӣ намояд.
Ҷопон
Забондон аст, аз ин рӯ, таҳсил дар факултаи забонҳои хориҷӣ осон сипарӣ мегардад. Зеро, ба қавли Нилуфар, устодони ин боргоҳ ниҳоят сахтгир буда, дарсҳо пурра бо забони англисӣ ҷараён мегиранд ва надонистани забон метавонад ба кас мушкилиҳои зиёдеро ба бор оварад.
- Азбаски мардуми бумӣ низ дар Донишгоҳи байналмилалии Ҷопон таҳсил менамоянд, бисёре аз донишҷӯён бо забони ҷопонӣ ҳарф мезананд. Ин боис гашт, ки забони ҷопониро низ аз худ намоям. Забондонӣ шахсро ба мақсадҳои зиёдаш ноил мегардонад. Ҷавонони моро мебояд, кабл аз ҳама, забонҳои хориҷиро пурра аз бар намоянд, то тавонанд таҳсилашонро дар хориҷ аз кишвар низ идома бахшанд, - маслиҳат медиҳад ба ҳамсолони худ.
Шиносоӣ бо донишҷӯёни кишварҳои дигар ва омӯхтани урфу одати онҳо, суҳбату мулоҳизаҳо ҳангоми дарс ва саёҳат ба мавзеъҳои таърихии Ҷопон дар хотири ӯ нақш гузоштаву ҷаҳонбиниашро васеъ намудаанд. Ба андешаи Нилуфар, таҳсил дар хориҷа шахсро мустақил ва барои худмухтор будан омода месозад. Маҳз дур аз диёр қадри модару падар ва Ватанро бештар дарк хоҳӣ кард.
Зиндагӣ
Зиндагӣ дар Тоҷикистон ва Ҷопонро қиёс карда, Нилуфар мегӯяд, ки дар ин кишвар вақт дигаргуна сипарӣ мешавад. Талабот нисбат ба илмомӯзӣ бағоят баланд аст.
«Зиндагӣ дар Ҷопон бисёр тез мегузарад. Дар ин ҷо қадри вақтро хуб медонанду ҳама вақт бо шитоб ба дарс ва ё кор мераванд. Ҳатто дар кӯдакистонҳо барои омӯзиши насли наврас таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Ҳар лаҳзаи умрашон барои анҷом додани кори муфиде мегузарад. Чанд соле, ки дар ин ҷо ба сар мебарам, хаёлам моҳе буду рафт»,- мегӯяд Нилуфар.
Давоми ду соли зиндагӣ дар ин кишвар дарк намуд, ки мардуми Ҷопон дар баробари илмдӯст будан, инчунин, заҳматкашанд. Ба тозагӣ эътибори ҷиддӣ медиҳанд. Ба ҳар шахс бо маданияти баланди инсонӣ рафтор менамоянд.
- Дар маҷмӯъ, давлати Ҷопон, донишгоҳ ва шиносоӣ бо даҳҳо намояндагони қавму миллатҳо бароям имкон фароҳам оварданд, то дар бораи зиндагии халқиятҳои сайёра тасаввуроти бештар пайдо намоям, - афзуд ӯ.
Пазмонӣ
Нилуфар мегӯяд, ки ғизоҳои ҷопонӣ аз хӯрокҳои миллии тоҷикон ба куллӣ фарқ доранд. Афзун бар ин, ҳар навоҳии Ҷопон ғизоҳои махсуси худро доранд. Вале ӯ ба ҳиҷ ваҷҳ ғизоҳои миллии тоҷикиро фаромӯш намесозад.
- Бештари вақтро дар китобхона ва ё синфхонаҳои омодагӣ ба дарсҳо мегузаронам. Бо вуҷуди ин, вақт ёфта, ба хӯрокпазӣ низ машғул мешавам. Бо дӯстонам аз давлатҳои дигар пухтупаз мекунем. Дар ин лаҳзаҳо ҳамеша хӯроки миллии худамон – оши палавро омода месозам ва бо ин роҳ онҳоро бо навъҳои ғизоҳои миллӣ ошно месозам, - мегӯяд Нилуфар.
Баъзан, ҳангоми саёҳат ва суҳбат бо мардуми маҳаллӣ низ урфу одат, анъанаҳои миллӣ ва ғизоҳои тоҷикиро муаррифӣ менамояд. Рафиқонаш бештар оши палавро меписанданд ва худи ӯ низ мегӯяд оши палаверо, ки дар кишвари худамон омода месозанд, бештар пазмон шудааст. Дар баробари ҳунари кадбонугӣ вай аз дигар навъи ҳунарҳо, аз қабили дӯзандагӣ, ороиши рӯй ва мӯй ҳам бархӯрдор аст.
Ифтихор
Дар рафти таҳсил ва сафарҳояш зиёд дар бораи Тоҷикистон нақл мекунад, ки аллакай бисёриҳо мафтуни ин диёри биҳиштосо гардидаанд.
Ватанро як пораи қалбаш дониставу мегӯяд, ки ба ҳар куҷое наравад, васфи Тоҷикистони азиз – биҳишти рӯйи заминро мекунад. Бархе аз устодони Донишгоҳи байналмилалии Ҷопон аллакай аз рӯи нақлҳои ӯ шефтаи табиати зебои кӯҳҳои осмонбӯси Помир гардида, азм доранд, ки аз диёри зебоманзари Тоҷикистон дидан намоянд.
- Тибқи барномаи таълимӣ бо фаъолияти якчанд муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ шинос шудем. Зимни мулоқот бо омӯзгорону мактаббачагон, дар хусуси зебоиву боигариҳои табиии Тоҷикистон сухан рондам. Ҳар кадоме аз онҳо бо завқ ба суханҳоям гӯш медоданд ва бархе орзу менамоянд, то ба Тоҷикистон ҳамчун сайёҳ ташриф биоранд. Аз тоҷик буданам ифтихор дораму хушбахт аз онам, ки имкон дорам Тоҷикистонро ба намояндагони дигар миллатҳо муаррифӣ намоям», - бо ифтихор иброз медорад ӯ.
Тоҷикистон
Нилуфар ба ояндаи Тоҷикистон хушбин аст. Муътақид аст, ки Тоҷикистонро маҳз ҷавонони диловар ва донишманду илмдӯсташ метавонанд аз лиҳози иқтисодиву иҷтимоӣ ба яке аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ табдил бидиҳанд.
Аз ҷавононе, ки дар донишгоҳҳои хориҷӣ таҳсил менамоянд, даъват ба амал меорад, то дар самти беҳбудии кишвар донишҳои андӯхтаи хешро роҳандозӣ намоянд. Ӯ мегӯяд, донишу таҷрибае, ки дар кишварҳои хориҷӣ омӯхтаву андӯхтаанд, метавонанд ба ин самт равона созанд.
- Ман барои хизмат ба Ватан ва ба хотири саҳм гузоштан дар пешрафти кишвар дар ин донишгоҳ таҳсил менамоям. Ният дорам, ки фаъолиятамро дар Ватан идома бидиҳам. Хизмат ба Ватанро қарзи фарзандии хеш медонам, - бо итминон бигуфт Нилуфар.
Умед бар он мебандем, ки теъдоди чунин ҷавонони ватандӯсту соҳибхирад дар кишвар афзуда, баҳри гулгулшукуфоии Тоҷикистони биҳиштосо камари ҳиммат мебанданд. Мисли Нилуфари соҳибиқбол, ки дар ин самт гоме устувор ниҳодааст.
Бунафша РАҲМОНОВА