ДОНИШГОҲИ ПЕШСАФ
Суҳбати ихтисосии «Бонувони Тоҷикистон»
бо ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода
- Донишгоҳи миллии Тоҷикистон донишгоҳи рақами яки кишвар маҳсуб меёбад, ба ҳайси роҳбари ин даргоҳи муқаддас имрӯз барои «Бонувони Тоҷикистон» аз кадом дастовардҳои назарраси устодону шогирдон ёдовар мешавед?
- Аз дастовардҳои соли 2021 метавон аз ифтитоҳи бинои таълимии факултаи иқтисодӣ ва Осорхонаи Пешвои миллат аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёд намуд, ки баёнгари бархӯрдории Донишгоҳи миллӣ аз таваҷҷуҳи махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Соли ҷорӣ донишгоҳ аз ҷониби ЕККА (Эстония) аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашт, ки ин бори дигар аз эътироф шудани донишгоҳ дар сатҳи байналмилалӣ шаҳодат медиҳад.
24-уми апрели соли равон бахшида ба 30 - юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва сиюмин солгарди таъсисёбии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ барои дарёфти «Ҷоми раёсати Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат» озмуни ҷумҳуриявӣ аз рӯйи самтҳои математика ва технологияи иттилоотӣ доир гашт, ки Донишгоҳи миллӣ дар он бо гирифтани 4 ҷойи ифтихорӣ (ду ҷойи аввал ва ду ҷойи дувум) сазовори зинаи аввал шуд.
Дар Универсиадаи патентии Авруосиёие, ки чанде пеш байни шахсони аз 18 то 25 - сола бахшида ба 25 - солагии Ташкилоти патентии Авруосиёӣ таҳти унвони «Назар ба оянда» баргузор гардид, Донишгоҳи миллӣ бо гирифтани 1 ҷойи аввалу 1 ҷойи дувум ва соҳиб шудан ба 5 диплом дар байни ҳама муассисаҳои илмии таълимии иштироккунанда ҷойи аввалро касб намуд.
- Алҳол дар ДМТ чӣ қадар донишҷӯён таҳсил мегиранд ва аз ҷамъи умум чанд нафарро духтарон ташкил медиҳанд?
- Имрӯз дар Донишгоҳи миллӣ беш аз 27 ҳазор ҷавон дар зинаҳои гуногун: бакалавриат, магистратура ва докторантураи Ph.D ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Аз ин шумора беш аз 9500 духтар дар шуъбаҳои рӯзонаву фосилавии бакалавриат таҳсил менамояд. Ҳамзамон, дар магистратура 384 нафар ва дар докторантураи Ph.D 57 духтар ба омӯзишу пажӯҳиш машѓул аст.
Раёсати донишгоҳ тамоми шароити мусоидро, аз қабили таъмини ҷойи зист дар хобгоҳ, муҳайё намудани китобхона барои муҳассилин, хусусан духтарон фароҳам овардааст. Аз ҷумла, барои донишҷӯдухтароне, ки тибқи Квотаи президентӣ таҳсил менамоянд, хобгоҳи алоҳида ҷудо шудааст.
- Ҳамчун устод ва раҳнамо аз сатҳи дониши имрӯзаи ҷавонон ва тарбияву тафаккурашон қаноатмандед ё мехостед чизе дар ин самт таѓйир биёбад?
- Донишҷӯёни имрӯз дар баробари дониши тахассусӣ аз забондонӣ ва маърифати технологӣ бархӯрдоранд ва мушоҳида мешавад, ки онҳо ба мутолиаи осори гуногунсоҳаи адибон ва донишмандони ватаниву хориҷӣ таваҷҷуҳи зиёд доранд. Масалан, иштироки фаъоли ҷавонон - донишҷӯён дар озмунҳои гуногуни ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва пешниҳоди ихтироот аз ҷониби онҳо шаҳодати ин гуфтаҳост. Аммо донишҷӯён метавонанд боз ҳам аз ин фаъолтар бошанд. Зеро Ҳукумати кишвар таҳти сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳсил, забономӯзӣ ва мутахассиси хуб шудан тамоми шароитро фароҳам овардааст.
- Мафҳуми арзишҳои миллӣ ва башариро ҳамчун як фарди соҳибватану инсони соҳибандеша чӣ гуна арзёбӣ менамоед?
- Инсон будан ва ба камоли инсонӣ расидан бузургтарин падида ва ҳадафи асосии башарият дар олам аст ва, пеш аз ҳама, барои ҳар фарде ин масъулият аст, ки барои инсон будан талош варзад. Ҳамзамон бо ин, посдорӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ, инчунин, саъю талош намудан барои мондагории онҳо масъулияти миллӣ ва шаҳрвандии мост. Дар ҷаҳони имрӯз, ки ҷаҳонишавӣ бо суръати бесобиқа паҳн гаштаву ба нестии арзишҳои миллӣ таҳдид мекунад, масъулияти ҳар нафар аст, ки арзишҳоро ҳифз намояд. Зеро ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳифзи миллат аст. Яке аз ҳадафҳои таъкиди Пешвои миллат ҷиҳати омӯзиши забонҳои хориҷӣ, хусусан русиву англисӣ низ ҳамин аст, ки дар баробари шинохти ҷаҳонбинии миллатҳо тавассути омӯзиши забонҳо боз арзишҳо ва муқаддасоти миллиро ба дигарон муаррифӣ намоем, ки ин барои мутаассир нашудану устувор мондани он мусоидат мекунад.
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша зимни чорабиниҳои муҳими сиёсиву давлатӣ хитобан ба мардуми кишвар, хусусан ҷавонон таъкид менамоянд, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳед. Воқеан, дар шароити ноороми ҷаҳони имрӯз барои дур будан аз сиёсатҳои бегонаву барои давлату миллат хатарзо чӣ бояд кард?
- Худогоҳӣ муҳимтарин равзанае барои касби зиракии сиёсӣ мебошад. Ҳамин аст, ки бо ибтикори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар сатҳи ҷумҳурӣ озмунҳои «Фурӯѓи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм -
фурӯѓи маърифат» гузаронда мешаванд, ки дар ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва ҷалби наврасону ҷавонон ба илму китобхонӣ нақши муассир доранд.
Маълум аст, он ҷавононе, ки гурӯҳҳои тундраву иртиҷоиро ҳаводорӣ менамоянд, ё саводи кофӣ надоранд ва ё ҷаҳонбиниашон бисёр маҳдуд аст. Ин ду камбуд маҳз бо мутолиаи китоб бартараф мешавад.
Илова бар ин, бояд волидон масъулияти тарбияро танҳо ба дӯши муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олӣ нагузоранд, балки дар якҷоягӣ бо ин муассисаҳо ба тарбияи ҳаматарафаи онҳо пардозанд. Хусусан, падару модарон бояд бо киҳо ҳамнишин шудану бо киҳо тамос гирифтани фарзандонашонро зери назорат гиранд. Зеро таъсирпазирӣ аз ҳамнишинӣ омили ба роҳи рост рафтан ва ё гумроҳ шудан ба шумор меравад.
- Барои тақвият бахшидани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва эҳтироми бештар гузоштан ба арзишҳои миллӣ чӣ корҳоро имрӯз бояд ба сомон расонд?
- Тарѓибу ташвиқ ва бедорсозии эҳтирому посдорӣ нисбат ба арзишҳои миллӣ ҳамчун роҳи муассир дар ин самт боқӣ мемонад. Ҳамзамон, дар тамоми гурӯҳҳои академии донишгоҳ тибқи барномаи таҳсилот дарсҳои тарбиявӣ гузаронда мешаванд, ки дар онҳо мавзӯоти гуногун, аз ҷумла атрофи арзишҳову муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Гулноза БОБОМУРОДОВА