Љавонони имрўз њамќадами замони илму нанотехнология буда, аз љавонони асри газашта бо дастрасии васеъ ба иттилоот фарќ доранд.
30 соли Истиќлолияти давлатї ба љавонони тољик озодии комил бахшид ва тавассути он имкон пайдо намуданд, ки ба таъриху тамаддуни худ аз наздик ошно шаванд Мањз хизматњои Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон буд, ки љавонон рў ба худшиносї оварданд, худро чун соњибватану соњибмулк шинохтанд.
Самараи соњибистиќлолист, ки љавонони ватандўст имрўз мустаќилона самти фаъолияти худро дар зиндагї интихоб ва дар рушду пешрафти кишвари азиз сањм мегузоранд Метавон гуфт, ки љавонон неруи бузурганд, ки метавонанд дар дифоъ аз арзишњои миллї сањм бигиранд.
Ватанро дўст доштан, бо он ифтихор кардан, барои њимояи Мењан омода будан, ба ќадри сулњу субот, осудагиву вањдат, оромиву осоиш расидан, аз љумлаи арзишњое мебошанд, ки љавонони мо бояд онњоро дастури зиндагї, кору пайкори худ ќарор дињанд ва итминон дошта бошанд, ки танњо дар њамин сурат метавонем кишвари воќеан њам ободу пешрафта ва тавоно бунёд намоем.
Дар баробари ин, бо дониши амиќ, љањонбинии фароху андешаи мустаќил, масъулияти баланди шањрвандї, љавонон бояд ќарзи фарзандии хешро дар назди халќу Ватан эњсос намуда, љомеаро ба пеш, ба сўи ободиву пирўзињои нав баранд.
Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон зимни суханронї дар вохўрї бо љавонони кишвар зикр намуда буданд: «Мо бояд барои љавонон чунин шароите муњайё созем ва тарзе онњоро тарбия намоем, ки фарзандони мо дар зиндагї роњи дурустро интихоб намоянд, илму донишњои муосирро аз худ кунанд, касбу њунарњои замонаро омўзанд ва дар оянда маќоми арзандаи худро дар љомеа соњиб шаванд».
Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар њар мулоќоту вохўрињо бо љавонон кумитањои љавонон, варзиш, сайёњї, кор бо занон ва оила, дин, танзими анъана ва љашну маросими миллї, роњбарони вилоятњо ва шањру ноњияњоро дастур медињанд, ки ба масъалаи истифодаи неруи созандаи љавонон, тарбия, интихоб ва љобаљогузории кадрњои арзандаи хизматї аз њисоби љавонони лаёќатманд, донишманду соњибмаърифат, инчунин ташвиќи онњо ба донишандўзї, аз худ кардани касбу њунарњои замонавї ва ташвиќи тарзи њаёти солим эътибори аввалиндараља дињанд.
Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон дар доираи имкониятњои мављуда маблаѓгузории соњањои иљтимої, аз љумла маорифро тадриљан зиёд намуда, барои бењтар кардани шароити муассисањои таълимї, таќвияти заминањои моддиву техникии онњо пайваста тадбирњо меандешанд. Бояд гуфт, ки њадафи ин кор фарогирии наврасону љавонон ба тањсил, соњибмаърифат намудани онњо, бедор кардани истеъдоди фитриву ќобилияти донишандўзии онњо ва иловатан, ба онњо омўзондани донишу дастовардњои илму техникаи муосир ва инноватсионї мебошад
Дар яке аз вохўрињо бо љавонон Пешвои муаззами миллат муњтарам Эмомалї Рањмон чунин нуктаро зикр намуда буданд: «Фарзандони мо бояд хуб дарк намоянд, ки онњо ворисони ниёгони соњибтамаддун ва фарњангпарвари тољик њастанд ва вазифаи асосиашон, пеш аз њама, омўзиши илму дониш, касбу њунар, нозукињои забони модарї, забонњои хориљї, аз худ намудани дастовардњои муосир ва муњимтар аз њама, дўст доштану ќадр кардан ва муќаддас њисобидани њар як ваљаб хоки Ватани азиз мебошад».
Љавонони даврони соњибистиќлол љавонони хушбахтарини љомеа мебошанд, чунки дар даврони ободиву осудагї, сулњу амонї умр ба сар мебаранд ва аз мевањои шањдбори Истиќлолияти давлативу Вањдати миллї ком ширин мекунанд. Истиќлолият дар баробари фароњам овардани зиндагии арзанда, ба љавонон масъулияти ватандорї омўхт.
Дар замони соњибистиќлолї тамоми тањаввулоти сиёсї, иљтимої, иќтисодї ва фарњангии кишвар бояд дар заминаи андешаи миллї њамчун асоси зиндагии ахлоќиву маънавии љомеа сурат гиранд. Дар замони имрўза мазмуну мундариљаи андешаи миллї, пеш аз њама, аз сидќан дўст доштани Ватан, гиромї доштани арзишњои миллї, тањкими давлати миллї, мењнати самаранок ва таъмини зиндагии арзанда барои њар нафар иборат мебошад.
Аз ин хотир, њар фарди соњибфарњанги кишвар, бахусус љавононро зарур аст, ки зиракии сиёсї ва њушёриро аз даст надињанд, ифтихори миллї, худшиносиву худогоњї, инсонпарвариву ватандўстиро пуштибонї намоянд ва фирефтаи идеологияи ѓаразноки кишварњои бегона нагарданд.
Насли имрўза, љавонон, дарвоќеъ саодатманду толеъбаланд њастанд, чунки дар даврони соњибистиќлолии Тољикистон ба воя мерасанд ва онњо бояд аќли солими худро ба кор баранд, чунки бар дўши онњо рисолати бузург ва муќаддас, чун масъулияти созандагии Тољикистон њамчун давлати соњибистиќлоли демократї, масъулият барои фардои Ватан гузошта мешавад. Азбаски насли наврас ва љавонон таќдирсози давлату миллатанд, пас тарбияи ин насли миллатдўсту ватанпарвар, ки дар худ ќувваи бунёдкориро таљассум менамояд, бояд чун омили муњимтарини тањкими пояњои давлатдорї, пешрафту инкишофи љомеа, таъмини зиндагии арзандаи халќамон арзёбї гардад, чунки танњо инсони соњибмаърифат, бошараф, миллатдўсту худшинос ќодир аст, ки сарзамини аљдодї, арзишњои волои миллї, маърифату маънавиёти халќи худро њифз намояд, барои ободии Ватан талош варзад.
Љавонон неруи бузург, такягоњи боэътимод, пешбарандаи давлату миллат мебошанд. Бинобар ин, насли љавон бояд амиќ дарк намояд, ки вазифаи асосии онњо дар марњилаи њозира омўзиши илму дониш, касбу њунар, аз худ намудани воситањои техникии муосир, дастовардњои технологияи њозиразамон, хизмати содиќона ба халќу Ватан, тарбия ёфтан дар рўњияи ахлоќи њамида, ватандўстї, инсонпарварї мебошад.
Љавонон бояд шукрона намоянд, ки давлати обод доранд, сарљамъ ва ором њастанд. Аз ин лињоз, бояд дастовардњои Истиќлолияти давлатиро чун гавњараки чашм эњтиёт ва ба ќадри арзишњњои миллї бирасанд, рўњи гузаштагони соњибфарњангамонро шод гардонанд, сарзамини муќаддаси худро муњофизат намоянд.
Тањмина ФАЙЗОВА,
устоди Донишгоњи аграрии Тољикистон
ба номи Ш. Шоњтемур