Дар кӯчаҳои хокиву кӯҳпораҳои осмонбӯси зодбуми ба ҷонаш баробари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ давраҳои бачагӣ меронду оғӯши гарми ҳароратгуна миёни оҳану оҳанпораҳои ҳавлӣ, назди падараш мудом маскану маъмани оромишу роҳату ҳаловаташ буд.
Дар ҳар фурсати фосила, ки ба гоҳи бозӣ бо ҳаммаслаконаш нафасе имкони каноре нишастан даст медод, ба олами зеботарин ангораи рӯъёи зиндагиаш бо орзуҳои барояш дар ун ғоту аҳду овон дастнорасу осмонӣ парвоз мекард ба самоҳои баландтар аз кӯҳҳои осмонбӯс, ки шояд рӯзе армону ҳавасҳои қалби як гулдухтари кӯчаки гарояндаи пешаи ҳуқуқшиносӣ, ба хосту хоҳиш ва ҳам тақдиру қисмат ӯро ба дунёи ҳақиқат мепайвандад. Вале, дар ин асно чун ба ақлу идрок расиду шуълаи муҳаббатбори дилаш ба тобиши дигар аланга гирифт, дасти қисмат сӯи дигар тоб хӯрд.
Ҳанӯз хонандаи мактаби миёна буд, ки қиблагоҳаш ҷарроҳӣ шуду осеб дид ва баробари фаро расидани фасли гармо имкони кор карданро аз даст медод. Падараш, ки ягона таъмингари рӯзгор буду аз ҳисоби таъмири автомобилҳо зиндагиро пеш мебурд, дигар он марди тавонову тануманд набуд. Рӯз аз рӯз зиндагӣ сангинтар мегардиду Ҷамила шабеҳи мурғи паруболканда дар нимароҳи пайраҳаи қисмат ҳайрон монд, чун аз худ бузург танҳо бародари маълуле дошт, ки худ дастнигари дигарон буд. Дигар чӣ илоҷ дошт ба ҷуз роҳу равиши пешаи падарро интихоб кардан. Ва бо талошу ҷаҳди ҳамвора ба по хесту ба қасди шикасти армону ҳавасҳои дилаш, аз ягон садду монеа наҳаросид. Агарчи пешаи интихобкардааш хоси мардон буду барои як духтари кӯҳистонӣ коре буд мушкил.
Аммо таъмир намудани автомобилу рангу бори он барояш ҳеҷ душворӣ пеш намеовард. Зеро аз хурдӣ чун ёвари падар ҳамвора ба ӯ ёрӣ мерасонду муҳити корӣ барояш ошно буд. Вале ҳамоно қиблагоҳаш канори сояе нишаста барояш чӣ гуна кушодану таъмир намудани қисмҳои автомобилҳоро меомӯхт. Ҷамила бо гуфтаи падар амал менамуд, ки ниҳоят натиҷа ба бор меовард.
Бо мурури замон тамоми нозукиҳои ин пешаро аз бар намуд ва дар маҳали зист ном баровард. Имрӯз ӯро чун таъмиргари хуби муҳаррикҳо ва ранггари мошинҳои хурд мешиносанд. Духтарони ҳамсинну солаш бо ҳавас назди ӯ меоянду хоҳиши омӯзиши ин ҳунарро мекунанд. Ифтихорманд аз он аст, ки тавониста дар қалби на ин ки писарон, балки духтарони деҳ меҳри ин пешаро мақом дода бошад.
Ҳангоми суҳбат аз воқеаҳои рӯйдода дар зиндагиаш қисса менамуду рӯзҳои аввали кориашро ёд меовард.
- Рӯзе ҳангоми сафар ба шаҳри Хуҷанд дар марзи ноҳияи Айнӣ мошинамон аз кор монд. Як муддат ронанда таъмиргар ҷустуҷӯ намуд, аммо пайдо накард. Чун дидам, ки дар гирду атрофамон устои мошин нест, ба таъмир даст задам ва дар як муддати кӯтоҳ насоси мошинро, ки аз кор монда буд, таъмир карда, роҳамонро идома додем. Ҳар касе, ки аз роҳ мегузашт, бо ҳайрат ба ман менигарист, вале ин кор бароям аллакай маъмулӣ гардида буд,- ёд меорад он рӯзҳоро Ҷамила Вализода.
Ҷамила вақте дар синфи 7 мехонд, аввалин маротиба муҳаррики мошинро таъмир карда буд, ки ҳатто барои падараш ҳайратангез менамуд. Чун муҳаррики мошин нуқтаи ҳассоси мошин асту на ҳар кас метавонад онро нозуконаву бе нуқсон ва он ҳам бидуни таҷрибаи чандинсола анҷом бидиҳад. Аз ҳамон аҳду овон дар дили қиблагоҳаш умеду орзуву боварии дуболо ҷӯш зад, ки аз чунин духтари оқилу донову чашмикордонаш нафъе ба миллату меҳанаш хоҳад расид.
Агарчи корро аз таъмири муҳаррики мошин шурӯъ намуда бошад ҳам, бо мурури замон тамоми навъи таъмирҳоро сар аз рангубор то мутаҳаррик кардани мошинҳоро аз худ кард. Аммо мардуми ноҳияи Мастчоҳ имрӯз ӯро бештар чун таъмиргари муҳаррики мошин мешиносанд. Ҳатто мошинҳоеро ҳам, ки дар роҳ муҳаррикашон аз кор мемонад, ба устохонаашон, ки дар дохили ҳавлии истиқоматиашон воқеъ аст, меоранд ва Ҷамила сарфи назар аз бевақтӣ, агарчи поси шаб ҳам бошад, ёрии худро дареғ намедорад.
Дар ин кор ба ӯ падараш, ки мошини мададрасон (буксировка) дорад, ёрӣ мерасонад. Инчунин, бародари хурдӣ, ки ӯ низ аз ин ҳунар баҳравар гардидааст, дар бардоштани қисмҳои оҳании вазнини мошин ёрирасони хоҳарбузургаш аст.
Ӯ метавонад дар як муддати кӯтоҳ мошинро пурра кушояду боз мураттаб созад. Дар як рӯз имкони ба тартиб овардани то 3 – 4 мошинро дорад. Баъзан корҳои таҷдидсозӣ аз вазъи боду ҳаво низ вобастагӣ дорад.
- Азбаски боду ҳавои ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ нисбат ба дигар минтақаҳои кишвар салқинтар аст, рангубори мошин вақти зиёдро талаб менамояд. Аввалан анҷом додани ин амал танҳо дар ҳолати гармии ҳаво имконпазир аст ва то хушк шудани ранг мебояд якчанд рӯзро интизор шуд. Таъмири муҳаррики мошин низ вобаста ба ҳолати вайроншавиаш вақти гуногунро талаб менамояд, ҳатто то як моҳ. Инчунин, дуруст кардани он эҳтиёткориро мехоҳад. Зеро танҳо дар сурати нодуруст ҷойгир намудани ҳалқаҳо масрафи равғани мошин аз меъёр зиёд мешавад, - иброз медорад ҳамсуҳбатам.
Ҷамила аз падар на танҳо таъмиргарӣ, балки кафшергариро низ омӯхтааст. Дар лаҳзаҳои зарурӣ филизотро кафшер менамояд. Ҳунари рондани мошинро низ дорад. Ва кунун ба синни 19 расидаву мехоҳад дар ин самт таҳсил намуда, соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ гардад ва чун ронандаи моҳир низ муваффақ шавад.
Барои боз ҳам равнақ додани пешааш, омӯхтани қисмҳои барқии мошинҳо ва бохабар гардидан аз илму техникаи муосир, шомили коллеҷи технологӣ ва инноватсионии шаҳри Панҷакент гардидааст. Алҳол дар соли якуми факултаи таъминоти барномавӣ ва коркарди технологияи иттилоотӣ ғоибона таҳсил менамояд. Орзу дорад, ки мутахассиси хуби соҳаи хеш гардад ва пас аз хатми коллеҷ ба риштаи ҳуқуқшиносӣ низ шомил шавад, ки ҳанӯз дар синни наврасӣ орзуяшро дошт.
Дар баробари таъмиргари хуб будан, Ҷамила Вализода пазандаи моҳиру дӯзандаи нодир низ ҳаст. Аз уҳдаи бофандагиву зардӯзӣ ҳам ба хубӣ мебарояд, ки ин ҳунарҳоро аз модар омӯхтааст. Баробари фаро расидани мавсими кишту кор ба ҷониби замини наздиҳавлигӣ рӯ меорад, то ниҳолеро ба замин биншонаду аз киштаҳояш бирӯянд сабзавоту полизиҳои бофир.
Шаҳ дрези РАҲМОН