Барномаҳои телевизионии «Лаззат», «Интеллект-шоу», аввалин ҷоизаи фахрии ҷумҳуриявии «Ҷило», «Cycling in Tajikistan» ва аввалин фестивали тобистонаи «Душанбе»- ро ҳама дар ёд доранд. То ҳанӯз намоиши барномаи «Интеллект-шоу» - ро тамошобинони «Сафина» бесаброна интизорӣ мекашанд. Чорабинии ҷоизасупории «Ҷило» ва фестивали тобистонаи «Душанбе» ҳатто бархе аз шавқмандони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро тасхир намуду қисме аз шабакаҳои телевизионии мамлакатҳо маросими баргузории онро мустақиман намоиш дода буданд.
Вале ин маротиб на дар бораи маҳбубияти ин барномаву чорабиниҳо, балки дар хусуси нафаре ҳарф мезанем, ки муаллифи чунин лоиҳаҳои дилнишину шавқангез мебошад.
«Дипломат мешавам»
Зиннатбӣ Самиева аввалин духтари музофотӣ аз гӯшаи зебоманзари Данғара буд, ки алорағми шуғлҳои занона факултаи санъати меъмории Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро хатм намуда, давраи таҷрибаомӯзиро дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия гузаронд. Замони таҷрибаомӯзӣ бо нафаре риштаи муҳаббат баст, ки аз ҳамсоякишвари Ӯзбекистон буд ва ӯ низ дар он ҷо таҳсил мекард. Ҳар ду оила барпо намуданд ва аз нахли муҳаббаташон духтараки зебову паричеҳра ба дунё омад. Ӯро ном гузоштанд Ҳабиба, то дӯстдору маҳбуби ҳамагон гардад ва чунин ҳам шуд.
Ҳабиба аз ҷавонӣ духтараки кунҷкоб буду дар ҳама самт маълумот доштан мехост. Рӯзе ҳангоми сайру гашт бо падар дар кӯчаҳои яке аз шаҳрҳои Ӯзбекистон ногаҳон чашмаш ба рақами мошине бархӯрд, ки аз ранги рақами мошинҳои дигар тафовут дошт. Вақте аз падар дар ин хусус суол кард, маълумаш шуд, ки ин гуна рақамҳо танҳо хоси корпусҳои дипломатист.
Ҳисси кунҷкобиаш боло гирифту дар бораи кӣ будани дипломат аз падар пурсон шуд. Падар бо як ҷумла шарҳ дод, ки дипломат нафарест, манфиатҳои давлати худро дар хориҷи кишвар ҳимоя мекунаду дар пойдор сохтани дӯстии мамлакатҳо нақши муҳим мебозад. Ҳамин ҷумла басанда буд, ки ба ин касб дил бандад.
Кунун ӯ худро чун дипломат пиндошта, гаштаву баргашта аз падар нозукиҳои касбро мепурсид ва худро чун ҳомии сулҳу дустӣ миёни кишварҳо тасаввур мекард. Вале як тасодуф тавонист самти фаъолияташро ба дигар сӯ тағйир бидиҳад.
Телевизиони «Ёшлар»
Дар синфи шашум мехонд. Рӯзе муаллифони барномаи кӯдакона аз телевизиони «Ёшлар» – и Ӯзбекистон барои дарёфти истеъдодҳо ба мактаб омаданд. Аз миёни иштирокчиён Ҳабибаро пазируфтанд. Акнун вай барномаеро бо номи «Янги авлод» («Насли нав») пеш мебурд, ки дар фурсати кӯтоҳ миёни хурдсолон маҳбубияти хоссаро касб кард.
Давоми ду соли кор дар телевизион нозукиҳои соҳаи журналистикаро аз бар намуд. Ӯ на танҳо дар оинаи нилгун, балки дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ низ суханронӣ менамуд. Ҳамин тарз, оҳиста – оҳиста ба сатҳи байналмилалӣ расид.
Соли 2001 барои иштирок дар Бозиҳои Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Душанбе доир шуд, ҳамчун хабарнигори махсус бо ҳайати баландпояи Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад. Ин ташриф меҳри ӯро нисбат ба Тоҷикистон – диёри модариаш бештар намуд ва тасмим гирифт, ки таҳсилашро дар Душанбе идома бахшад.
- Ҳамасола таътили тобистонаро дар хонаи бибиву бобои модариамон сипарӣ менамудему аз ҳавои Тоҷикистон нафас мекашидем. Рӯз ба рӯз меҳрам ба хоку оби ин диёр меафзуд. Вақте волидон аз ин тасмимам огоҳ гаштанд, розӣ шуданд, ки пас аз хатми синфи 9 таҳсилро дар Душанбе идома бидиҳам, - ёд меорад Ҳабиба.
Аз журналистӣ ба продюсерӣ
Пас аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 16 шаҳри Душанбе ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи забони хитоии Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон супурд ва сазовори грант барои таҳсил гардид. Вале меҳри журналистӣ ӯро нагузошт, то дар ин самт таҳсилашро идома бахшад ва ӯ рӯ овард ба факултаи журналистикаи донишгоҳи мазкур.
Соли дувуми таҳсил дар фазои кишвар телевизиони фарҳангии «Сафина» рӯи кор омаду барои дарёфти журналистон кастинг эълон карданд. Рӯзе яке аз коргардонҳои шинос ба Ҳабиба пешниҳод намуд, ки дар озмун ширкат варзад.
- Замони суҳбат директори вақти телевизиони «Сафина» Маҳмадсаид Шоҳиён аз ман чӣ ҳунар доштанамро пурсид. Гуфтам, бароям як наворбардору коргардон лозим, то маҳоратамро нишон бидиҳам. Он кас дар тааҷҷуб шуда, гуфтанд, магар бидуни муҳарриру журналист барномаро омода мекунед. Гуфтам, бале. Ҳамин тавр, барномаи «Як рӯз» рӯи кор омад, ки дар он қаҳрамони барнома, шаҳрванди хориҷӣ бобати зиндагиаш дар Тоҷикистон қисса мекард ва дар ин барнома ҳузури журналист зарурат надошт. Роҳбарияти телевизион барномаро мақбул донисту маро ба кор пазируфт, - мегӯяд Ҳабиба Даминзода.
Аммо барои ӯ аз касби журналистӣ дида, продюсери лоиҳа будан бештар писанд буд ва дар ин самт замони фаъолият дар телевизиони «Ёшлар» аллакай таҷриба андӯхта буд. Ва рӯ овард ба пешаи продюсерӣ.
«Лаззат»- у «Ҷило»
Аввалин барномаи телевизиониро, ки ба ҳайси продюсер рӯи кор овард, «Лаззат» буд. Чун ҳунари хуби ҷалб намудани рекламадиҳандагонро дошт, «Лаззат» ҳамчун барномаи сарпарастӣ ба экрани телевизион баромад ва табошобини худро пайдо кард.
Ҳунарманди шинохта Аловуддин Абдуллоев баранда буду ситораҳои эстрада ба барнома даъват мешуданд. Ин барнома 7 сол тариқи телевизион намоиш дода шуд. Маросими ҷоизасупории барномаро низ роҳандозӣ намуд.
Дар баробари ин, аввалин ҷоизаи фахрии ҷумҳуриявии «Ҷило»-ро созмон дод. Ҷоиза ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар рушди фарҳанг ва санъати Тоҷикистон саҳм гузоштаанд, супурда мешуд. Маҳз дар чорабинии мазкур аввалин роҳрави сурх дар Тоҷикистон дида мешуд, ки ширкаткунандагон аз болои он мегузаштанд.
- Ҳадафи таъсиси ҷоизаи «Ҷило» муайян ва ҳавасманд кардани чеҳраҳои намоёни касбу кори гуногун барои дастовардҳо ва саҳми назаррасашон дар фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ва, инчунин, журналистон буд, ки то ин замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусан дар ин самт, чунин ҷоиза мавҷуд набуд, - иброз медорад ӯ.
Дар солҳои баъдии маросими мазкур, ки аллакай ҷоизаи байналмилалӣ гардида, Persian Music Award «Jilo» ном дошт, барои фарҳангиёну санъаткорони форсизабонони рӯи дунё супорида мешуд. Дар маросими ҷоизасупорӣ сарояндаҳо аз кишварҳои ҳамҷавор Фарҳоди Дарё, Сиддиқ Шабоб ва Амирҷон Сабурӣ даъват гардиданд. Рафти чорабинӣ низ мустақиман тариқи шабакаи «Тулӯъ»-и Афғонистон пахш шуд, ки онро беш аз 40 миллион форсизабонон тариқи шабакаҳои телевизионӣ тамошо карданд.
Dushanbe Summer Fest 2018 -2019
Фестивали тобистонаи «Душанбе» – аввалин фестивали тобистонае буд, ки бо ташаббуси раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ доир гардид ва иҷрокунандаи он Ҳабиба Даминзода ва ширкаташ - Rooyo Production маҳсуб меёфт. Маҳз бо идеяҳои креативии Ҳабиба фестивал тобишу ранги тоза гирифт. Дар соли аввали баргузории фестивал ғайричашмдошт беш аз 40 ҳазор мухлису муштарӣ ба тамошои фестивал омаданд. Ҳабиба ва шарикони чорабинӣ танҳо ба ташрифи наздик ба 10 ҳазор тамошобин интизор буданд. Меҳмони чорабинӣ сарояндаи хушовози тоҷик Парвиз Назаров буд, ки тариқи зинда месароид.
Соли дувуми фестивали тобистонаи «Душанбе» тамоман ба таври дигар гузашт. Дар баробари ярмаркаи ҳунарҳои мардумӣ, намоишҳои театрӣ барои кӯдакон ва волидони онҳо, пешкаши ғизоҳо вобаста ба завқи тамошобинон, парвози кураҳои ҳавоӣ, ба даст овардани туҳфаҳои арзишманди сарпарастон ва шарикони чорабинӣ, ки барои синну соли аз 5 то 65 сола нигаронида шудаву ҳар нафари ба он ҷо ташрифоварда барои худ чизи дилхоҳашро дарёфт мекард, инчунин, ширкати ҳунарманди маъруфи форсизабон Мансур Ҷаъфарӣ тамошогаронро мафтун сохт. Падидаи аҷиб ширкати Мансур буд, ки бо овози зинда сурудхонӣ намуда, теъдоди тамошобинонро то ба 55 ҳазор расонд.
Фестивал ҳамчун беҳтарин чорабинии оммавии Осиё Марказӣ дар соли 2018 соҳиби медали нуқрагии ҷоизаи «Event Awards Central Asia» ва чун лоиҳаи беҳтарини иҷтимоӣ миёни кишварҳои ИДМ ва назди Балтик сазовори медалии биринҷии ҷоизаи «Global Event Awards» (GEA-2019) гардид.
Ҳабиба дар шабакаҳои телевизионии «Ҷаҳоннамо»-ву «Варзиш» низ чорабиниву барномаҳои сатҳи байналмилалиро роҳандозӣ намудааст. Барномаи ҷолиби «Cycling in Tajikistan» (дучархаронӣ) - аш, ки бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» роҳандозӣ намуда буд, ки ҳамчунин, тариқи шабакаи телевизионии «Варзиш» намоиш дода шуд ва диққати велосипедронҳои ҷаҳониро низ ҷалб намудааст.
Ӯ сазовори гранти «Беҳтарин нақшаи тиҷоратӣ миёни бонувони ҷавон» (Best business plan competition among young women of Tajikistan) гардида, ғолиби номинатсияҳои «Беҳтарин нақшаи тиҷоратӣ»–и StartUp Choykhona ва «Беҳтарин идеяи тиҷоратӣ»–и Startup Weekend Tajikistan мебошад. Ҳамчунин, дар озмунҳои «International Youth Entrepreneurship: Developing Innovative Spirits» дар соли 2016 ва «Simple Photography», ки миёни журналистони суратгир баргузор шуда буд, музаффариятро ба даст овардааст.
Имрӯз Ҳабиба Даминзода, ин духтараки соҳиби идеяҳои креативӣ, машғули таҳияи лоиҳаҳои бузурге аст, ки ҳар кадоме дар сатҳи байналмилалӣ мақом хоҳад ёфт. Даъвати сарояндаҳои 22 давлати дунё ба фестивали навбатии тобистонаи «Душанбе» яке аз идеяҳои нави ӯ дар самти байналмилалӣ гардидани ҳамоиши мазкур аст.
P.S.: Ҳабиба ба орзуи қалбаш, дипломат шудан нарасида бошад ҳам, вале тавонист, ки дар доираи лоиҳаҳояш бо ҷалби сарояндаву ҳунармандони кишварҳои ба мо дӯсту ҳамсоя, дӯстии давлатҳоро қарин намояд, ки яке аз вазифаҳои шахси дипломат ба шумор меравад.
Бунафшаи АБДУРАҲИМ