Омӯзиш ва пажӯҳиш шуғли дӯстдоштаи ӯст. Ин буд, ки пас аз омӯзиши забони англисӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба тадқиқоти илм пайваст. Гулафрӯз Раззоқова алҳол дар Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмӣ - таҳқиқотии гидротехника ва мелиоратсияи Тоҷикистон»-и Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати котиби илмӣ ифои вазифа менамояд.
Камоли ҳамнишинӣ
- Беш аз 10 сол аст, ки дар остонаи илму пажӯҳиш бо олимону муҳаққиқони соҳаи обу кишоварзӣ сарукор дорам, - мегӯяд Гулафрӯз. - Ҳамкориҳо бо олимон ва иштирок дар барномаҳои омӯзишӣ дар интихоби роҳи илм бароям сабаб шуданд. Тасмим гирифтам, то бо анҷом додани корҳои илмӣ - таҳқиқотӣ дар бахши захираҳои об ва пешрафти соҳа саҳм гузорам. Бахусус, дар барномаҳои зиёде, ки вобаста ба таъмини оби нӯшокӣ, мониторинги канали Ҳисор ва санҷиши ҳолати он буданд, ширкат варзидам ва ин ҳамкориҳо ҳам василаи роҳеро дар ҷодаи илм бароям кушоданд. Андешаи тағйир додани имрӯзам ва беҳтар гардидани фардоям маро водор сохт, то чун дигар бонувони сарсупурдаи илми тоҷик барои ободии кишвар талош варзам.
Бо дастгирии доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор Яраш Пӯлодов рисолаи номзадиам дар мавзӯи «Баҳогузории иқтисодии усулҳои обёрии (ҷӯякӣ, қатравӣ, боронӣ, дисперсионӣ) зироатҳои кишоварзӣ дар шароити Тоҷикистони Марказӣ» дар ҳоли анҷомёбист. Дар ҳамкорӣ бо устод вобаста ба «Коркарди технологияи инноватсионии обёрии зироатҳои кишоварзӣ ва батанзимдарории меъёри об дар шароити тағйирёбии иқлими Тоҷикистон» иҷрои барномаи илмӣ - таҳқиқотиро роҳандозӣ намуда, дар ин самт муваффақ ҳам шудем.
Иқлим тағйир меёбад
Ин ҳолати табиист, ки баъди чандинсолаҳо тағйирёбии иқлим ба назар мерасад. Албатта, оқибатҳои он ба ҳама соҳаҳо бетаъсир намемонанд. Дар ҷараёни фаъолият эҳсос мегардад, ки олимони тоҷик барои бартарафсозии мушкили оқибатбори ин ҳолати табиӣ заҳмати зиёд мекашанд. Бахусус, таъсири он дар камшавии таъмин бо оби обёришаванда ва баланд гардидани ҳарорати ҳаво ба захираҳои замин таъсири амиқ мегузоранд. Табиист, ки бо кам шудани воридоти об ҳосилнокии заминҳои кишоварзӣ ва маҳсулнокии чорво низ паст мегардад. Ҳамчунин, паҳн гардидани касалиҳо ва зараррасонҳо барои ноҳияҳои кӯҳсори мамлакат оқибатҳои манфиро ба бор меоранд.
Воқеан, Тоҷикистон манбаи об ва захираҳои бойи обист, вале ин ҳама доимӣ буда наметавонад. Дар асоси баъзе пешгӯиҳои коршиносони соҳаи муҳити зист ва иқлимшиносӣ то соли 2050 бар асари тағйирёбии иқлим хатари обшавии босуръати пиряхҳо, ки захираҳои асосии об маҳсуб меёбанд, аз эҳтимол дур нест.
Иқдоми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди таъсиси «Муассисаи омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон», ки соли 2018 ташкил ёфт, маҳз ба хотири омӯзиш ва гузарондани тадқиқот дар ин самт буд. Мавсуф се сол аст, ки бо ин марказ ҳамкорӣ дорад ва дар самти омӯзишу пажӯҳиш таҷриба меомӯзад.
Хушбахтона, дар кишвар омӯзиши ҳолати пиряхҳо аз нигоҳи илмӣ ба роҳ монда шуд. Мусаллам аст, ки омӯзиши мувозинаи қабати яхини пиряхҳо ва ташкили экспедитсияҳо маблағи калонро талаб мекунад. Омӯзиши пиряхҳо ва дурнамои онҳо то 30 - 40 солро муайян менамояд ва бояд экспедитсияҳо мунтазам дар ин самт фаъолият намоянд. Гурӯҳи экспедитсия бояд бо ҳама лавозимоти корӣ, сӯзишворӣ, ғизо ва сарнишинҳои махсус муҷаҳҳаз ва, ҳамчунин, вазъи солимии мутахассисону пажӯҳишгарон ба шароити он муҳит мутобиқ бошад.
Пештар, ки феҳрасти пиряхҳо аз ҷониби Академияи илмҳои Федератсияи Россия таҳия мегардид, баъди соҳибистиқлолии кишвар имрӯз иҷрои он ба дӯши олимони тоҷик вогузор шудааст. Бо ҳама мушкилиҳо имрӯз кор дар ин самт идома дорад. Олимону пажӯҳишгарони тоҷик коҳишёбии қабати пиряхҳо ва омӯзиши захираҳои обиро мавриди таҳқиқ қарор додаанд.
Мушкили беобӣ ва масрафи он
Хоҷагиҳои деҳқонӣ, умуман заминҳои кишоварзие, ки ба аҳолӣ ба хотири кишт дода шудаанд (бахусус, заминҳои лалмӣ), дар дастрасӣ ба об мушкил доранд. Ҳол он ки онҳо таъминкунандаи асосии маводи озуқа ҳастанд. Мутаассифона, дар баъзе хоҷагиҳои минтақаҳо талафоти об зиёд аст.
Дар ҷараёни пажӯҳиш мушоҳида мегардад, ки дар самти беҳдошти ҳолати мелиоративӣ ва обёрикунии заминҳо низ норасоии об ба миён меояд ва ин механизми идоракунии ҷараёни нисбатан самараноки ҷамъ ва захиракунии захираҳои обро талаб менамояд. Олимони соҳа барои бартарафсозии ин мушкилиҳо намудҳои нави истифодаи самаранок ва обёрикуниро ихтироъ намудаанд. Гидрогел яке аз ихтирооти олимони тоҷик аст, ки ин намуди технологияи инноватсионии навро аввалин бор дар шароити Тоҷикистон ба кор дароварданд.
Гидрогел намиро дар худ ҳифз намуда, тадриҷан ба рустанӣ интиқол медиҳад. Ҳангоми ворид шудан ба хок хусусиятҳои онро тағйир намедиҳад ва баръакс, барои решаронӣ хеле муфид мебошад. Таҳқиқот муайян намуданд, ки гидрогелро метавон дар ҳамаи зироат истифода намуд, зеро он сарфаи обро то 50 – 60 дарсад таъмин мекунад.
Пештар тариқи яхобмонӣ обро дар қишри замин нигоҳ медоштанд. Ё шабона ба зироат об мемонданд, то дар ҳавои салқин намии замин нигоҳ дошта шавад. Мутаассифона, ин усулҳои бобоӣ то андозае риоя намегарданд. Як мироб садҳо гектар заминро обёрӣ менамуд ва бо маслиҳати мутахассисони соҳа усули обёрӣ ба роҳ монда шуда буд.
Хоки ин сарзаминро беҳтар аз олимону мутахассисони маҳаллӣ касе беҳтар намедонад. Аз ин рӯ, мебоист хоҷагидорон ба олимону мутахассисони худӣ муроҷиат намоянд. Истеҳсолот бидуни илм буда наметавонад. Аз ин рӯ, маслиҳату машварат бо олимони соҳа барои пешбурди кор аз манфиат холӣ нахоҳад буд.
Об дар меҳвари рушди устувор қарор дорад, яъне бе захираҳои обӣ ноил гардидан ба ҳадафҳои рушди устувор имконнопазир аст. Об бояд сарфакорона ва босамар истифода шавад. Истифодаи дурусти об манбаи дигари захираи об маҳсуб меёбад. Риояи обёрии дуруст дар соҳаи кишоварзӣ ва баланд бардоштани фарҳанги истифодаи об байни аҳолӣ бояд аз боғчаю хона мавриди омӯзиш қарор гирад.
Қутбия НЕЪМАТУЛЛО