Миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик аз давраҳои қадим ба шахсияти занону модарон эҳтироми хосса дорад. Зеро зан офарандаи насли инсоният, бавуҷудоварандаи назофату маърифат ва маданият шинохта шудааст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи эҳтиром гузоштан ба занону духтаронон дар маркази таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат, алалхусус Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, пайваста баҳри дастгирӣ, гиромидошт ва ҷовидонии ин мояи офариниш, яъне зан - модар ҷаҳду талош карда мешавад.
Қабули барномаву стратегияҳои сатҳи давлатӣ ва амалисозии нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати баланд бардоштани мақоми занону духтарон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа далели ин гуфтаҳост.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола зикр намуданд, ки дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону духтарон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад.
Ба таъкиди Роҳбари давлат: «Занону бонувони лаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлат торафт бештар ҷалб гардида истодаанд.
Ба ҳолати якуми январи соли 2021 аз шумораи умумии 19210 нафар хизматчиёни давлатӣ 4485 нафар ё 23,4 фоизро занон ташкил медиҳанд».
Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону духтарони кишварро минбаъд низ дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад.
Бо ин мақсад, Президенти ҷумҳурӣ ба Кумитаи кор бо занон ва оила супориш доданд, ки лоиҳаи қарори Ҳукумати мамлакатро дар бораи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2030» ва нақшаи амалисозии онро барои солҳои 2021 – 2025 таҳия ва пешниҳод намояд.
Сиёсати Ҳукумат дар мавриди мақому манзалати волои зан дар ҷомеа тақозои замон аст. Бо ин мақсад, ҳамеша дар самти интихоб ва ба вазифаҳои масъул таъйин кардани занон, тарбияи наслҳои ҷавон ва кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарон чораҳои зарурӣ андешида, дар ин ҷода санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор қабул гардиданд.
Сиёсати ҳадафмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа ба афзудани сафи бонувон дар мақомоти корҳои дохилӣ низ мусоидат намуд. Дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон барномаҳои зиёде таҳия гардидаанд, ки ба фароҳам овардани шароити мусоид баҳри рушди ҳамаҷонибаи зани тоҷик равона шуда, ояндаи хуби пешрафти ӯ ва боло рафтани мақоми занро дар ҷомеа муайян менамоянд.
Мақомоти корҳои дохилии ҷумҳурӣ имрӯзҳо бо мақсади татбиқи амалии сиёсати созандаи давлату Ҳукумати кишвар дар самти дастгирии занону духтарони мақомот, ҳама чораҳоро меандешанд, то ки ин қишри тарбиятгари ҷомеа ҳамеша пойдевори зиндагии насли имрӯзу ояндаи миллат бошад.
Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ имрӯз занон дар тамоми сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла шурӯъ аз дастгоҳи марказии вазорат ва тамоми ҷузъу томҳои он кори пурсамар доранд.
Алҳол дар мақомоти корҳои дохилӣ зиёда аз 1500 нафар занону духтарон фаъолият доранд, ки беш аз 80 нафари онҳо дар ҷузъу томҳои ВКД дар вазифаҳои роҳбарикунанда мебошанд.
Воқеан, месазад ба заҳмати шабонарӯзӣ ва масъулияту садоқати намояндагони ҷинси латиф, ки хизмати душвор, вале пуршарафро дар сафҳои мақомоти корҳои дохилӣ ихтиёр кардаанд, таҳсин хонд. Зеро онҳо тамоми кӯшишу ғайрати худро баҳри таъмини сулҳу субот, оромиву осоиштагии сарзамин равона намуда, ба Ватани хеш содиқона хизмат менамоянд. Онҳо бо масъулияти баланд, бо меҳру муҳаббат ва садоқат ба касби интихобнамудаи хеш ҷиҳати таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва сулҳу субот дар кишвар, адои вазифа карда истодаанд.
Занони мақомоти корҳои дохилӣ баҳри амалӣ намудани сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳиссагузории бевоситаи онҳо дар байни ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ то имрӯз мувофиқи Барномаи давлатии рушд ва солимии оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон, амалишавии «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015–2020» як силсила нақша - чорабиниҳоро амалӣ намуданд.
Таваҷҷуҳи пайваста нисбат ба занон дар мақомоти корҳои дохилӣ аз иродаи сиёсии роҳбарияти олии мамлакат бармеояд. Аз ин рӯ, мо бо боварӣ гуфта метавонем, ки дар оянда сафи занон дар мақомоти милитсия меафзояд. Зеро, дар сафи милитсияи тоҷик беҳтарин, арзандатарин ва шоистатарин бонувон паҳлу ба паҳлу бо мардон фаъолият дошта, масъулияти ба зиммаашон вогузоргардидаро сарбаландона иҷро менамоянд. Бо ақлу заковат ва иродаи мустаҳками хеш баҳри пойдории оромию осудагӣ ва сулҳу субот хизмати содиқона мекунанд. Онҳоро муҳаббат ба либоси низомӣ ва эҳсоси эҳтироми мардум нисбат ба корманди милитсия ба ин ҷода овардааст.
Бибихол ХУШВАХТЗОДА,
раиси Шӯрои занони Вазорати
корҳои дохилии ҶТ, полковники милитсия