Дилором Ҷалолова – пажӯҳишгари пиряхҳо муаллимаи фанни биологияи муассисаи давлатии таълимии махсуси хонандагони болаёқати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар озмуни «Омӯзгори соли 2020» дар вилояти Суғд ҷои якум ва дар озмуни ҷумҳуриявӣ ҷои дуюмро соҳиб шуд ва сазовори мукофоти пулӣ, нишони Аълочии маориф ва илми ҷумҳурӣ, роҳхат ба осоишгоҳ гардид. Ин бонуи ҷавон баробари комёб будан дар касби омӯзгорӣ чанд сол аст, ки ба пажӯҳиши масъалаи пиряхҳои Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳад.
Бо ҳидояти падару модари шодравонаш Олимҷон Ҷалолов ва Саломат Мирсолиева, ки духтурони номдори деҳаи Хистеварз ва ноҳия буданд, дар мактаб бо баҳои аъло мехонд. Ба фанни биология муҳаббати хос дошт ва инро устоди номвари фанҳои химияву биологияи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 Ҳошимҷон Иброҳимов пай бурда, ӯро ба дарсҳои иловагӣ ҷалб кард. Шавқу завқ, саъю кӯшиши шогирд ва малакаю маҳорати устод самари нек оварданд. Пас аз соҳиби номаи камол шудан, Дилором ба факултети химияву биологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дохил шуд. Соли 2013 боргоҳи маърифатро бо дипломи аъло хатм кард. Мутахассиси ҷавон дар ҷустуҷӯи кор сарсон нагашт. Ба тариқи озмун ӯро ба мактаби махсуси хонандагони болаёқат пазируфтанд.
Пурибтикор
Омӯзгори нав дар муддати кӯтоҳ ба дили шогирдон роҳ ёфт ва бо тарзу усулҳои нави таълим онҳоро ба омӯхтани фанни биология, ки муҳимтарин илми табиатшиносӣ аст, ҷалб намуд. Танҳо дар ду соли охир шаш шогирди муаллима дар олимпиадаи ҷумҳурӣ ширкат варзида, сазовори медал гардид. Соли 2019 шогирдаш Муҳиддинҷон Ҳайдаров дар олимпиадаи байналмилалии Ҳиндустон аз фанни биология соҳиби ҷои якум ва медали тилло гашт.
Дилором пайваста аз пайи эҷод аст. Рисолаи «Тарзи истифодаи стратегияҳои усули фаъоли таълим дар раванди дарсҳои биология»- ро навишт, ки дастраси ҳамкасбонаш шуд.
Ӯ дар озмунҳои «Омӯзгори беҳтарини сол»- и ноҳия ва вилоят ширкат меварзад ва соли гузашта дар вилояти Суғд сазовори ҷои дувум гардид.
- Аз роҳбари мактаб Муродҷон Самадов ва ҳайати омӯзгорону шогирдон сипосгузорам, ки ташаббусҳои маро дастгирӣ ва ҳаводорӣ мекунанд, - иброз дошт муаллима.
Роҳ ба сӯи илм
Ӯро ҳамчун мутахассис ва шаҳрванд хавфу хатарҳои тағйирёбии иқлим, ки ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардаанд, ором намегузоштанд. Соли 2017 дар семинари ҷумҳуриявӣ оид ба ин мавзӯъ, хосатан, дар бораи масъалаҳои мушкилоти пиряхҳои Тоҷикистон гузориши илмие кард ва дар ҳаммуаллифӣ бо пиряхшиноси тоҷик, профессор Абдулҳамид Қаюмов рисолае муаррифӣ намуд, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ баҳои баланд гирифт. Ин семинар роҳи ӯро ба олами пажӯҳишҳои илмӣ боз кард.
Баъди як сол дар озмуни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ширкат ва ба экспедитсияи байналмилалӣ – мактаби тобистона дар Бишкек, ки бо ташаббуси Донишгоҳи Фрибурги Швейтсария ва ЮНЕСКО доир шуд, роҳхат гирифт.
- Омӯзиш дар ин мактаб хеле муҳим ва муфид буд, - мегӯяд Дилором Ҷалолова, - зеро баробари шунидани дарсҳои назариявӣ бори аввал пиряхи ҳақиқиро дидам. Моро ба пиряхи «354»-и Қирғизистон бурданд. Мо, пиряхшиносони чанд кишвари олам, аз азамату шукӯҳи пирях дар шигифт мондем ва оқибатҳои тағйирёбии иқлимро амалан дарк намудем.
«Занон ва пиряхҳо»
Бо ибтикори Донишгоҳи Фрибурги Швейтсария ва дастгирии молиявии ЮНЕСКО дар Осиёи Марказӣ Анҷумани «Занон ва пиряхҳо» таъсис ёфт, ки ҳадафаш ҳарчи бештар ҷалб намудани бонувони аз 18 то 30-сола ба пажӯҳиш ва ҳифзи пиряхҳо мебошад. Дилором Ҷалоловаро ҳамчун дастурдеҳ ва ҳамоҳангсози лоиҳа дар Тоҷикистон пазируфтанд.
- Мо ҳар сол дар асоси озмун ду нафар духтарро ба анҷуман интихоб мекунем, ки ба ин масъала шавқу ҳавас дорад ва саҳми худро дар омӯзиш ва муҳофизати пиряхҳо гузоштан мехоҳад, - мегӯяд Дилором Ҷалолова. – Ҳатто сатҳи баланди дониш доштани духтаронро дар ин соҳа ба инобат намегирем, муҳимаш шавқу ҳавас ва пешниҳоди ғояҳои ҷолиб аст.
Маркази пиряхшиносӣ
Дилором ба пажӯҳиши илмӣ дар мавзӯи «Таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳои водии Зарафшон» оғоз кард ва ӯро ба Маркази пиряхшиносии назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пазируфтанд. Ӯ мегӯяд:
- Марказ, ки бо ибтикори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаҳон ҳамчун ташаббускори иқдомҳои олӣ дар соҳаи об шинохта шудаанд, таъсис ёфтааст. Ба он устоди ман профессор Абдулҳамид Қаюмов роҳбарӣ мекунад ва аз ҳамаи минтақаҳои кишвар ҷавонони кӯшо ва пӯёро ҷамъ овардаанд.
Ҳанӯз моҳи сентябри соли 2009 Президенти Тоҷикистон ҳангоми суханронӣ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид таъкид карда буданд, ки тӯли 70 соли охир сеяки майдони пиряхҳои Тоҷикистон об шудаанд. 26 декабри соли 2019 низ таъкид намуданд: «Дар ҳудуди Тоҷикистон 13 ҳазор пиряхҳои хурду бузург, аз ҷумла дарозтарин ва бузургтарин пиряхи дар хушкӣ ҷойгиршудаи дунё бо номи Федченко, ки дарозии он 76 километрро ташкил медиҳад, мавҷуд буда, масоҳати умумии онҳо 6 фоизи ҳудуди кишварро дар бар мегирад. Дар чил соли охир аз таъсири гармшавии иқлим беш аз ҳазор пирях об шуда, пурра аз байн рафтааст. Ҳолати кунунии пиряхҳо тақозо менамояд, ки якҷо бо сохторҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла дар самти ташкил намудани экспедитсияҳои омӯзиши вазъи онҳо тадбирҳо андешида шаванд».
Хушбахтона, ба ман муяссар шуд, ки дар яке аз чунин экспедитсияҳо бо роҳбарии Президенти АМИТ Фарҳод Раҳимӣ ба водии Рашт иштирок намоям.
Аз пайи пажӯҳиш
Дилором соли равон бахши магистратураи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро хатм мекунад. Рисолаи хатми ӯ ҳамон мавзӯи интихобкардааш – омӯзиши пиряхҳои водии Зарафшон мебошад, ки алҳол омода шудааст ва онро минбаъд такмил дода, рисолаи номзадӣ дифоъ хоҳад кард.
- Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ омӯзиши пиряхҳо, ки модари обҳо мебошанд, муддате қатъ шуд. Хушбахтона, ду соли охир пажӯҳишҳои илмӣ дар ин мавзӯъ ҷиддитар шуданд ва ман орзу дорам, ки Тоҷикистонро дар ин самт пешрави кишварҳои Осиёи Марказӣ бубинам, зеро 60 дарсади обҳои ин минтақа дар ҳудуди кишвари мо ташаккул меёбанд.
Аз солҳои 2020 – 2040 - ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон кардани Сарвари давлат пайдост, ки ин ташаббус ба рушди тафаккури техникии наврасону ҷавонони мо такони ҷиддӣ хоҳад дод.
Ҷӯра ЮСУФӢ,
ноҳияи Бобоҷон Ғафуров