05

Июн, 2025
Панҷшанбе

05

Июн, 2025
Панҷшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ҒОЛИБ

 «Музаффарият дар озмуни «Хонандаи сол» дастоварди танҳо ман нест. Пеш аз ҳама, натиҷаи дастгирии падару модар, мактаб, омӯзгорон мебошад. Вақте дар озмун ғолиб эълон шудам, хурсандии аҳли хонавода, бахусус зодмандонамро ҳадду канор набуд,» – мегӯяд Сумаяи Абдулфаёзиддин.

21qДухтараки закиву доно Сумая 9 июни соли 2004 дар шаҳри Душанбе, дар оилаи зиёӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Соли 2011 ба остони МТМУ № 52 шаҳри Душанбе қадам гузошт, алҳол хонандаи синфи 10 аст. Соли дувум аст, ки дар озмуни «Хонандаи сол» ширкат меварзад. Соли гузашта дар ноҳия сазовори ҷои дувум гардида, дар назди худ мақсад гузошт, то саводашро сайқал диҳад.

- Мақсад аз баргузории озмуни «Хонандаи сол» дар­ёфти хонандагони эҷодкору донишомӯз ва ташаббускоре, ки қобилияти хуби фикррониву ҷаҳонбинии васеъ доранд. Бо ин васила ҳавасманд гардондани хонандагон ба доништалабӣ, ташаккул додани малакаю маҳорат, дастгирии онон мебошад. Ҳарчанд рақибонаш омодагии хуб доштанд, Сумая тавонист бар онҳо ғолиб ояд, – мегӯяд Раббонӣ Ҷӯраев, муовини директори муассисаи давлатии маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе.

Сумая ба ғайр аз омӯзиши фанҳои таълимӣ ба хондани китобҳои бадеӣ низ шавқу рағбат дорад. Аз адабиёти тоҷик асарҳои зиёди наз­миву насрӣ мутолиа кардааст. Бештар хондани осори Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Аттор, Камоли Хуҷандӣ, Низомии Ганҷавӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ,Ҷалолиддини Балхӣ, Сад­риддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералиро меписандад. Аз эҷодиёти адибони ҷаҳон Ҷоҷо Мойес, Стейс Крамер, Ҷек Лондон, Марк Твен, Антуан де Сент-Экзюперӣ ва дигарон бархӯрдор аст.

Ӯ узви китобхонаи мактаб, китобхонаи бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакар, китобхонаи Маркази миллии патенту иттилооти шаҳри Душанбе ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон буда, бештари адабиётҳои хондаашро аз он ҷойҳо дастрас намудааст.

Вай иштирокчии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мебошад. Аз рӯи номинаи «хондан ва аз ёд кардани осори адибони ҷаҳон» дар даври шаҳрӣ сазовори ҷои дувум ва дар ҷумҳуриявӣ сазовори ҷои ифтихорӣ гардидааст.

22qСоли сипаришуда Сумая дар озмуни ҷумҳуриявии рассомони наврас, озмуни шаҳрии иншои беҳтарин ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён гашт. Дар олимпиадаҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти рус, кимиё низ фаъо­лона иштирок карда, соҳиби медалҳои тиллову нуқра шуд.

Мавсуф гирандаи стипендияи раиси шаҳри Душанбе дар соли таҳсили 2008 – 2019, инчунин, гирандаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2019 – 2020 мебошад.

Соатҳои фориғ аз мактабу омӯзиш Сумаяи Абдулфаёзиддин ба бофтани ҷуробу кулоҳ ва либос машғул мешавад. Дар кори хона, пухтани таом ва кулчақандҳо ёрдамчии модар аст.

Ба андешаи модари Сумая, Гуландом Фозилова, таълиму тарбияи дурусти фарзандон асоси комёбии эшон аст. Ӯ мегӯяд: «Мо мекӯшем ба фарзандонамон шароит фароҳам орем, то илм омӯзанд. Аз хурдӣ талқинашон мекунем, ки хонанд. Зеро илму ҳунар, донишу маърифат ҷовидонианд».

Барои Сумая падару модар намунаи ибратанд. Ӯ орзу дорад, оянда бо фатҳи қуллаҳои нав ба нави илму дониш дар ҷомеа мисли волидон соҳибэҳтиром гардад.

Ш. Аҳмадзода

:.  Ҷавонон 16.02.2021 13:02 831

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz