Рӯ ба кайҳон
НИГОРА
Вақте аскарони шӯравӣ баъд аз шикаст додани Германияи фашистӣ парчами кишвари худро дар бинои Рейхстаг барафрохтанд, яке аз онҳо, шаҳрванди Тоҷикистон Амон Сулаймонов буд. Сарбози диловар дар гӯшаи хаёл надошт, ки рӯзе нахустфарзандаш аз Тоҷикистони дурдаст ба шаҳри Ҳанновери Олмон омада дар радифи беҳтарин пизишкони Аврупо ба табобати беморон шуғл меварзад.
Амон Сулаймонов, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, дорандаи ордени Ситораи Сурх то он рӯзе назист, ки бубинад наберааш Нигораи Ғафур, яке аз беҳтарин донишгоҳҳои Олмонро бо баҳои аъло хатм ва ҳамроҳ бо донишмандони дигари ҷаҳон дар илми кибернетика ва мошинсозӣ яке аз беҳтаринҳо хоҳад гашт.
Тоҷикистон - Олмон
Нигораи Ғафур беш аз даҳ сол дар Олмон таҳсил ва фаъолият менамояд. Аз хурдӣ ба илмҳои дақиқ таваҷҷуҳи бештаре дошт. Аз ин рӯ, дар риштаи муҳандис – мошинсоз таҳсил намуда, пас аз хатми донишгоҳ ба навиштани рисолаи докторӣ машғул шуд.
Нигора чунин мегӯяд: «Ба омӯзиши фанҳои дақиқ аз хурдӣ шавқи зиёд доштам. Яке аз фаъолони синф будам ва дар олимпиадаҳо ширкат менамудам. Ҳавопаймоҳо ва кайҳоннавардиро дӯст медоштам. Орзу доштам, ки ба донишгоҳи техникӣ дохил шавам. Бори нахуст ба Олмон дар 11 - солагӣ қадам гузоштам. Модарам барои таҷрибаомӯзӣ ба Олмон омад ва дар дармонгоҳ кор мекард. Вақти ба ин ҷо омадан, бо забони олмонӣ ҳатто як калима намедонистам, аммо дар мактаб онро ёд гирифтам. Баъд аз ду сол мо ба Тоҷикистон баргаштем».
Олмон ба Нигора хуш омад. Бинобар ин, баъд аз хатми мактаб кӯшид, то дубора баргардад. «Ба худ бовар доштам. Аз ин рӯ, барои дохил шудан ба мактаби олмонӣ имтиҳон супурдам. Барои таҳсил дар синфҳои 12 ва 13 виза гирифтам ва дар гимназия таҳсил намудам. Баъди хатми он ба яке аз беҳтарин донишгоҳҳои техникии Олмон – Karlsruhe Institute of Technology (KIT) оид ба мошинсозӣ дохил шудам. Дар бахши техникии донишгоҳ, ба хусус мошинсозӣ духтарон хеле кам таҳсил мекунанд. Онҳо тақрибан 10 дарсадро ташкил медиҳанд. Таҳсил дар ин бахш хеле мушкил аст. Дар ҷараёни хониш дар барномаи менторӣ аз ширкати Simens оид ба пешбарии духтарон – муҳандисон ширкат намудам. Бояд дар се бахши озмун миёни тамоми донишҷӯёни Олмон талош меварзидам. Дар бахши тадқиқотии ин ширкати бузург дар Олмон ва Шведсия дар давоми 6 моҳи таҷрибаомӯзӣ хеле чизҳоро омӯхтам», - мегӯяд Нигора.
Қатъи назар аз мушкилии таҳсилот дар бахши мошинсозӣ, таҷрибаомӯзиҳо ва шабҳои бехобӣ пеш аз имтиҳонҳо чаҳор соли донишҷӯӣ ба мисли як мижа задан сипарӣ гардид. Ӯ дар фикри дохил шудан ба аспирантура шуд. Азбаски омӯхтани динамика (ҳаракати механикӣ), назарияи идора, сохтмони муҳаррикҳои реактивии ҳавоӣ, турбинаҳои буғӣ ва газиро дӯст медошт, дар рафти омӯзиш дар аспирантура онҳоро интихоб намуд. Ҳамзамон, бо таҳсил дар аспирантура Нигора дар донишгоҳ омӯзгори фанни термодинамика буд ва дар донишкадаи дигар дар иртибот ба пружаи Rolls - Royce оид ба турбинаҳои газӣ барои ҳавопаймоҳо фаъолият дошт.
Сафар ба Амрико
- Роҳбарияти донишкада пешниҳод намуд, ки дар ИМА дар Purde University дар бахши термодинамика таҷрибаомӯзии 5 – моҳа гузарам. Дар он ҷо тарзи кам кардани харҷи сӯзишвории муҳаррикҳоро меомӯхтем. Тақдир баландӣ кард, ки маро аз Олмон ба Амрико барои таҳсил фиристоданд, чунки имкони пардохт намудани чунин таҳсилоти гаронбаҳоро надоштам, - ифшо намуд ӯ.
Дар ин донишгоҳ кайҳоннавард Нил Армстронг таҳсил намудааст. Азбаски Нигора кайҳоннавардиро дӯст медорад, хеле мехост, ки ба он дохил шавад. Дар ин кишвар Нигора бисёр орзуҳои худро амалӣ намуд, аз ҷумла бо парашут парид, попкорни ҳақиқии амрикоиро чашид ва аз музейҳои Nasa ва осорхонаи парвозҳо бо ҳавопаймо ва аввалин ҳавопаймоҳои аз ҷониби бародарон Райтҳо сохташуда, дидан намуд.
- Дар Амрико воқеаи аҷибе рух дод. Дар наздикии донишгоҳ ҳуҷраеро иҷора гирифтам. Маълум шуд, ки соҳибхона аз Тоҷикистон будааст. Боварам намеомад, ки аввалин одамеро, ки дар Амрико мебинам, ҳамшаҳрии ман аст, - бо ҳарорат нақл кард Нигора.
Муҳаққиқи роботҳо
Феълан Нигорабону барномаи доктории худро оид ба автоматизатсияи роботҳо мегузарад. Барои гузаштани барномаи докторӣ бояд дар яке аз донишгоҳҳои муайян таҳти роҳбарии профессор фаъолият намуд. Ин профессор чанд шогирд дорад ва онҳо бояд ба ӯ ёрӣ расонанд, яъне бо донишҷӯён дарсҳои амалӣ гузаронанд ва корҳои илмии онҳоро таҳти назорат гиранд. Илова бар ин, бояд кори доктории худро нависанд.
Алҳол чанд масъалае ҳаст, ки рӯйи онҳо кор мекунад: ҳамкории байни роботҳо, ҳамкории одаму робот ва таҳияи барномаҳо барои роботҳое, ки корҳои гуногунро анҷом медиҳанд. Нигора бо роботҳои хурд ва хеле бузурги чандтонна фаъолият мебарад, ба онҳо супориш медиҳад, то кореро анҷом диҳанд.
-Тасаввур кунед, ки ду робот бояд кореро ҳамроҳ иҷро кунад. Барои ин кор онҳо бояд дар бораи якдигар маълумот дошта бошанд, то бо ҳам барнахӯранд ва ба якдигар халал нарасонанд. Аз худ бовар дорам, ки ин корро анҷом диҳам ва роботҳо ҳама вақт тавонанд байни ҳам маълумоти доштаашонро тақсим кунанд ва фаъолияти дақиқеро пеш баранд. Алҳол ба мошинсозӣ машғул нестам, бо кибернетика, информатика, электротехника сарукор дорам. Бисёр барномарезӣ мекунам. Барои анҷом додани ин кор дониши зиёд дар дигар соҳаҳо доштан зарур аст. Ҳамчунин, мо бо SmartFactory - KL ва «Маркази олмонии таҳқиқот оид ба интеллекти сунъӣ» вобаста ба масоили 4, 0, ҳамкорӣ менамоем, яъне масъалаеро ҳаллу фасл менамоем, ки чӣ гуна муҳитро тавре дигар кунем, ки он пурра автоматӣ бошад, - мегӯяд Нигора.
Умед дорад, ки баъд аз ду сол кори доктории худро поён бурда. бо роботҳо дар дигар ширкатҳо кор хоҳад кард. Зеро тарҳрезӣ, барномарезӣ ва танзим карданро хеле дӯст медорад.
Оре, воқеият чунин аст. Нигораро падару модар – Ғафур ва Ҷамила Хоҷамуродоваҳо (докторҳои илми тиб) дар рӯҳияи ватандӯстиву илмҷӯӣ тарбия кардаанд. Дар чунин хонавода фарзанд илмдӯсту навҷӯ, муҳаққиқ бузург мешавад.
Дар шарёни Нигора хуне ҷорист, ки ӯро ба тадқиқ ва омӯзиш таҳрик медиҳад.
Эмомалӣ Сайидамирзод